Сомонаҳои мақомоти судии Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунанд?

Мониторинги 68 сомонаи расмии мақомоти судии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мутахассисони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» гузаронида шуд, нишон дод, ки аксари ин сомонаҳо сарфи назар аз муқаррароти Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», ки тобистони соли 2021 қабул шудааст, мубодилаи иттилоот намекунанд. Мақомоти судӣ аз нарасидани мутахассисон шикоят мекунанд.

Матни санадҳои судӣ, маълумоти омории судӣ, натиҷаи парвандаҳои баррасишуда ва бисёр иттилооти муфиди дигар аз соли гузашта аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон бояд пешниҳод карда шаванд. Тобистони соли 2021 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул шуд, ки ин сохторҳоро вазифадор кардааст, ки иттилоотро дар сомонаҳои расмии худ мубодила намоянд.

– Аммо вақте тасмим гирифтам, ки иҷрои қонуни қабулшударо тафтиш кунам, дарёфтам, ки меъёрҳои он ҳанӯз дар амал кор намекунанд ва дар сомонаҳои расмӣ маълумоте мавҷуд аст, ки ба кори мақомоти судӣ рабт надоранд, – мегӯяд Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқдони соҳаи расонаи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Хуршед нахуст кӯшиш кард, ки мониторинги сомонаҳоро мустақилона иҷро кунад, вале ба зудӣ фаҳмид, ки кори аз ҳад зиёд аст ва захираҳои иловагию вақти зиёдро талаб мекунад. Сипас, Хуршед ҳамроҳ бо ҳамкорони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” тасмим гирифт, ки дар озмуни грантии Internews «Беҳтар намудани фазои ҳуқуқӣ барои расонаҳо дар Тоҷикистон» муроҷиат намояд ва пешниҳод кард, ки таҳқиқи пурра оид ба дастрасӣ ба иттилооти судӣ гузаронида шавад. Дархости “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” беҳтарин дониста шуд ва дар озмун ғолиб омад. Дар маҷмӯъ, барои кор дар мониторинг ба созмон шаш моҳ лозим шуд. Нусхаи чопии таҳқиқот омода аст, он дар охири моҳи октябри соли 2022 ба иштироккунандагони бозор пешниҳод карда шуд.

Хуршед Қурбоншоев

– Мо 68 сомонаи судиро мониторинг кардем ва, мутаассифона, натиҷаи таҳқиқоти мо андӯҳовар шуд: дар сомонаҳои мақомоти судӣ тақрибан маълумоте мавҷуд нест, ки дар доираи қонуни қабулшуда “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо” бояд онҳо мубодила кунанд. Ин кор сабабҳои объективӣ дорад: дар мақомоти судӣ кадрҳои махсусе нестанд, ки муҳтаво тавлид кунанд ва барои ба кор қабул кардани ин гуна мутахассисон маблағ нест. Масалан, дар бахшҳои ҷойдиҳии иттилооти сомонаҳо худи раисони судҳо машғул мешаванд, – мегӯяд Хуршед.

Ба гуфтаи мутахассис, мушкил дар гузаронидани таҳқиқот ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон ба вуҷуд омадааст. Ин марҳилаи кор дар баҳори соли 2022 сурат гирифт ва бисёре аз намояндагони расонаҳо тамоюл ба тамос надоштанд ва аз шарҳи вазъ худдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, солҳост, ки коршиносони расонаӣ ва худи рӯзноманигорон низ изҳор мекунанд, ки дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла, иттилооти судӣ бадтар шудааст. Дар ин шароит, қабули қонуни наве, ки ба гирифтани иттилоот мусоидат мекунад, мебоист аз ҷониби рўзноманигорон хуш истиқбол мешуд, вале аксари намояндагони расонаҳо онро ҳатто пай набурдаанд.

– Бозори расонаӣ ба ин қонун ҳеҷ гуна вокуниш нишон надод, аксари рӯзноманигорон ҳатто намедонанд, ки чунин қонун қабул шудааст, ҳарчанд дар он меъёрҳое мавҷуданд, ки муносибатҳои суд ва расонаҳоро танзим мекунанд. Ашхоси каме дар тӯли мусоҳибаҳои мо дар ин бора огоҳ буданд, – мефаҳмонад Хуршед.

Вай мегӯяд, ин бештар ба он вобаста аст, ки дар Тоҷикистон рӯзноманигорони соҳавии кофӣ нестанд, ки низоми судиро дарк кунанд ва чӣ гуна кор кардани онро бидонанд. Аз сӯйи дигар, тавре таҳқиқот нишон дод, меъёрҳои қонуни нав ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтаанд ва рӯзноманигорон дар асоси таҷрибаи худ аксари вақтҳо ба имкони беҳбуди вазъи соҳаи ҳуқуқ эътимод надоранд. Хуршед маслиҳат медиҳад, ки ҳатто дар ин шароит ҳам бояд қонунро дар амал истифода бурд.

– Аз сомонаҳо истифода бурдан лозим аст, агар онҳо иттилоотеро дар дастрасии озод пайдо карда натавонанд, ки аз рӯи қонун бояд мубодила шавад (моддаҳои 14-15-и Қонун –  эзоҳи муҳар.), онҳо метавонанд ба суд дар асоси ин қонун муроҷиат кунанд. Собиқа (преседент) эҷод кардан лозим аст, – шарҳ медиҳад ҳуқуқдони соҳаи расона.

Чизе, ки ба худи намояндагони суд марбут аст, ба гуфтаи Хуршед, сарфи назар аз натиҷаи он, онҳо таҳқиқотро бидуни интиқод пазируфта, дар ҷараёни мониторинг дар тамос будаанд.

— Онҳо дар бораи мушкилоти худ ошкоро сухан гуфтанд ва ҳамаи тавсияҳои моро қабул карданд. Ҳоло ҳам ҳамроҳ кор мекунем. Мо ба онҳо пешниҳод менамоем, ки норасоии кадрро бо гирифтани таҷрибаомӯзон ҳал кунанд: гирифтани донишҷӯёни курсҳои болоӣ  аз тариқи а онҳо додани омӯзиши махсус дар бораи тавлиди муҳтаво ва пеш бурдани кори сомонаҳо метавонад мушкилро бартараф кунад. Хуршед мегӯяд, бо ин роҳ мушкили камбуди кадрҳоро ҳал кардан ва ҳамчунин рӯзноманигорони хуби соҳаи судро барои бозори расонаӣ омода кардан мумкин аст, зеро таҷрибаомӯзон дар бораи кори тамоми низоми судӣ тасаввурот пайдо мекунанд.

Таҳқиқи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” инчунин метавонад аз ҷониби мақомоти судӣ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои донорӣ истифода шавад, ки метавонанд маблағгузории тавлид ва паҳн кардани муҳтаворо дастгирӣ кунанд. Созмонҳои донории эҳтимолӣ аз ҳоло ба ин самт таваҷҷуҳ доранд ва эҳтимол дорад, ки дар ояндаи наздик сомонаҳои мақомоти судӣ фаъолтар шаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *