Вилояти Хатлон аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дар байни дигар минтақаҳои кишвар ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ин ҷо 3 миллион нафар зиндагӣ мекунанд вале бо ин ҳол вилоят амалан машғули омӯзиши расонаӣ нест. Аввали соли 2023 дар Хатлон Хонаи саводи расонаӣ ба кори худ шурӯъ кард. Нахустин чорабиниҳо дар Кӯлоб ва баъдан дар Бохтар баргузор шуданд. Ҳам Кӯлоб ва ҳам Бохтар корашонро бо ТОТ оғоз карданд то ин ки базаи коршиносони саводи расонаиро бунёд кунанд ва онро таҳким бахшанд. Сипас, дар маҳалҳо ҳамоҳангсозони лоиҳаҳо интихоб шуданд, ки аллакай чорабиниҳои мустақил доир ба саводи расонаиро ташкил кардаанд. Инҳо тренингҳо, мастер-классҳо, баҳсҳо буданд.
Тобистони соли 2022, Интернюс дар Тоҷикистон озмун барои таъсиси Хонаи СИР дар вилояти Хатлонро эълон кард. Дархости пешниҳодкардаи ТҶ Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд ва омодагиҳо барои фаъолияти Хонаи СИР дар Хатлон шурӯъ шуд. Ҳамчун ҳамоҳангсози барномаҳои Хонаи СИР дар Хатлон Амонҷон Махкамов, рӯзноманигор ва коршиноси расонаӣ аз шаҳри Бохтар таъйин гардид. Амонҷон мегӯяд, ки мавзӯи СИР-ро мустақилона зиёд меомӯхт ва мехост, ки ин самтро дар минтақаи зисташ рушд диҳад.
– Таҷрибаи бомуваффақияти ташкили хонаҳои СИР-ро дар Бадахшону Суғд дида, хеле хушҳол шуда будам ва мехостам, ки чунин самтро дар минтақаи худ низ рушд диҳам. Саводи расонаӣ ин як мавзӯи хеле муҳим на танҳо барои рӯзноманигорон ва ё он касоне аст, ки бо расонаҳо кор мекунанд, балки барои ҳама аст, новобаста аз синну сол, ҷинс ва ғайра, – қайд кард Амонҷон Махкамов.
Дар умум, шурӯъ аз моҳи декабри соли гузашта ва то моҳи марти соли ҷорӣ, Хонаи СИР дар шаҳри Бохтар як омӯзиш барои мураббиён ва 3 вохӯрии иттилоотӣ баргузор кард. Амонҷон мегӯяд, ки дар омӯзиш барои мураббиён, 18 мураббии расонаии вилояти Хатлон, корманди ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти расонаҳо фаъолият доранд, коршиносони расонаӣ ва рӯзноманигорони минтақа ширкат варзиданд. Аввалин вохӯрии иттилоотие, ки доир гардид бо донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар (ДДБ) буд.
-Бо донишҷӯёни ДДБ, ки дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекунанд, доир ба фарқиятҳои иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад ва иттилое, ки дар ВАО интишор мегардад, суҳбат оростем. Барои он, ки хеле муҳим аст онҳо фарқи маълумоти расмиро аз маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, донанд, таҳлил ва ё санҷида тавонанд, – гуфт Амонҷон Махкамов.
Вохӯрии иттилоотии дуюм бо намояндагони касбу кори гуногун баргузор карда шуд. Барандаи ин вохӯрии иттилоотӣ Дилором Махкамова, собиқ мудири кафедраи журналистикаи ДДБ ва устоди феълии донишгоҳи номбурда буд. Мавзӯи ин вохӯрӣ низ ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба дасти қаллобону паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғ наафтодани одамон бахшида шуда буд. Амонҷон Махкамов вохӯрии сеюми иттилоотиро хеле муҳим ва саривақтӣ медонад. Чун ин вохӯрӣ барои сӯхангӯёни мақомотҳои давлатӣ ва кормандони мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ буд, ки фаъолияти онҳо ба пешниҳоди иттилооти расмиву ҷамъиятӣ рабт дорад.
-Тибқи талаботи ширкаткунандагон мо чӣ гуна дуруст истифода бурдан аз имкониятҳои почтаҳои электорониро ба онҳо омӯзонидем. Шояд ин хандаовар ба назар расад, аммо таҳлилҳову таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки навад дарсади ин кормандон тарзи дуруст истифода бурдани имкониятҳои суроғаҳои электрониро намедонанд. Дар ҳоле, ки солҳо қабл қарор дар бораи гузаштан ба ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ доир ба саводи расонаӣ суҳбатҳо оростем, -мегӯяд Амонҷон Махкамов.
Инчунин, ӯ қайд мекунад, ки ин гуна вохӯриҳо хубанд, вале хеле каманд. Зеро мухотабони вилояти Хатлон аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон тафовути калон доранд. Ин хулосаро Амонҷон баъди баргузории вохӯриҳо муайян кард. Чун нахуст бояд мухотабонро бо мавзуоти оддӣ омода сохта, баъдан ба мавзуъҳои ҷиддӣ ба монанди бехатарии рақамӣ ва тафаккури интиқодӣ назар кард..
Александра Каримова, ҳамоҳангсози бахши саводи расонаии Интернюс дар Тоҷикистон мегӯяд, ки барои беҳтар кардани вазъ боз бисёр корҳоро анҷом додан лозим аст, вале қадами аввалин гузошта шуд.
-Мо ба нақша гирифта будем, ки Хонаи СИР дар Хатлон ба марказҳои тахассусии маҳаллӣ табдил ёбад, ки дар он мухотабони комилан гуногун малакаҳои тафаккури интиқодии худро такмил диҳанд, истеъмоли дурусти муҳтаво ва эътирофи манипулятсия ва таблиғро ёд гиранд. Аммо мо бо мушкилот рӯбарӯ шудем, ки дар минтақа амалан ягон созмоне вуҷуд надорад, ки дар рушди саводи расонаӣ таҷриба дошта бошад. Аз ин рӯ, қадами аввал ташаккули пойгоҳи коршиносон, ҷалби созмонҳои маҳаллӣ ва фаъолон ба раванди густариши донишҳои СИР буд. Ва ман гуфта метавонам, ки мо аз уҳдаи ин вазифа баромадем, –мегӯяд Александра.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.