Финалистҳои озмуни MediaCAMP Award 2023 муайян шуданд

11 асар аз Тоҷикистон дар панҷ бахши асосӣ ба финали озмуни Осиёи Марказӣ роҳ ёфтанд. Онҳо дар ҷараёни кори комиссияи миллӣ, ки ба ҳайати он рӯзноманигорони маъруф ва коршиносони ВАО шомил буданд, интихоб шуданд. Дар маҷмуъ, соли 2023 барои иштирок дар озмун аз Тоҷикистон 90 дархост пешниҳод гардид. Барои қиёс, соли 2020 дар ҷараёни озмуни II минтақавии Ҷоизаи MediaCAMP баргузоркунандагон аз истеҳсолкунандагони тоҷик 43 дархост қабул карданд.

Корҳои ғолибони озмун аз Тоҷикистон ба ҳакамони минтақавӣ пешниҳод карда мешаванд, ки асарҳои иштирокчиёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро арзёбӣ мекунанд. Ғолибон 3 июли соли 2023 дар Алмаато дар ҷараёни фестивали V минтақавии журналистии MediaCAMP Fest эълон карда мешаванд, ки ба он ҳамаи ғолибон, аз ҷумла аз Тоҷикистон даъват шудаанд:

Дар номинатсияи «Замони ғолиб шудан»

Амонҷон Муҳиддинов бо матлаби «Бизнеси писта. Чӣ гуна дар ҷануби Тоҷикистон чормағз  ҷамъоварӣ ва коркард мешавад».

Нодира Ханҷарова бо матлаби «Чй гуна як зан аз шаҳри Турсунзода дар корхонаи алюминий кранчӣ шуда кор мекунад».

Алия Хамидуллина бо матлаби «Модари тамоми оворагон. Чӣ гуна Баҳринисо аз Хуҷанд ба афроди бесарпаноҳ кумак мекунад ва бедаракшудагонро ҷустуҷӯ мекунад».

Дар номинатсияи  «Замони ҷавонон»

Фаридун Сафарзода бо матлаби «Тилло, ту аз они мо ҳастӣ. Вай кист – бадансози (бодибилдери) зан, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад?».

Меҳрангез Дадобоева бо матлаби «Тоқат кардан номумкин аст. Чаро дар Тоҷикистон бештар талоқ мегиранд?».

Дар номинатсияи «Замони фаҳмидан» 

Абдулхай Зокиров бо филми мустанади «Модари ду соҳил»;

Гулнора Амиршоева бо филми мустанади «Мероси заҳролуд»;

Меҳрофарин Наҷибӣ, Сайраҳмон Назриев бо матлаби «Муҳоҷирони дохилӣ чӣ гуна зиндагӣ мекунанд».

Дар номинатсияи «Замони эҷод кардан»

Алия Хамидуллина бо матлаби «Тоҷикзани шведӣ дар Африка. Чӣ тавр меҳру мухаббат ба кӯдакон боиси шуҳрати хамватани мо шуд»;

Зулфия Голубева бо матлаби «Ман медонистам, ки ин блоги модарӣ нахоҳад буд. Кӣ дар Тоҷикистон аз арзишҳои занон ҳарф мезанад»;

Файзуллохон Обидов бо матлаби «Ғизои кӯҳистон». Чӣ тавр дар Помир як духтари роҳбалад машғули истеҳсоли чипс шуд.

Илова бар ин, аз миёни он корҳое, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд, аз аъзои ҳакамон дархост шуд, ки номзадҳоро барои ҷоизаи Манана Асламазян, ки моҳи августи соли 2022 дар Ереван ба таври фоҷиабор даргузашт, интихоб кунанд. Манана раиси доимии озмуни минтақавии Ҷоизаи MediaCAMP буд ва маҳз ба шарофати талошҳои ӯ озмун ба он чизе табдил ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ маъруфу маҳбуб гашт. Ба хотираи ҳамкораш дастаи Интернюс тасмим гирифт Ҷоизаи Манана Асламазянро таъсис диҳад. Аз Тоҷикистон ба ин ҷоиза ду асар пешбарӣ шудаанд:

Абдулхай Зокиров бо филми мустанади «Модари ду соҳил»;

Гулнора Амиршоева бо филми мустанади «Мероси заҳролуд»;

Агар онҳо соҳиби ҷоизаи Манана нашаванд, иштироки асарҳои онҳо барои дарёфти ҷоизаҳо дар номинатсияҳои асосии озмун идома хоҳад ёфт.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

2 thoughts on “Финалистҳои озмуни MediaCAMP Award 2023 муайян шуданд

  1. Ассалому алейкум. Дар ин ҷо вобаста ба иштирокчиёни бахши Замон ва намои наздик маълумот нест?

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *