Саргузаштҳои бештаре аз Осиёи Марказӣ! Internews дар Душанбе лабораторияи муҳтавосозии минтақаии MediaLab-ро роҳандозӣ кард

Аз 1 то 3 июн Internews лабораторияи муҳтавосозии минтақаии MediaLab-ро барои рӯзноманигорон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон баргузор мекунад. Дар ҷараёни MediaLab чаҳор тим аз кишварҳои мухталиф, ки аз миёни бештар аз 50 дархост интихоб шудаанд, барои дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии тарҳҳои муштарак рақобат хоҳанд кард. Ин тарҳҳо ба инъикоси масоили иҷтимоие бахшида мешаванд, ки чанд кишвари минтақаро дар бар гиранд.

Лабораторияи муҳтавосозии дар доираи тарҳи «Дастгирии иттилооти мутавозин ва қобили эътимод» (CAIIA) доир мегардад, ки аз сӯи USAID маблағгузорӣ ва аз ҷониби Internews амалӣ карда мешавад.

Дар суханронии муқаддамотии худ мудири маъмурияти USAID дар Тоҷикистон Питер Райлӣ гуфт: “Шояд ман набояд инро бигӯям, вале мегӯям – ман медонам, ки то чӣ ҳад рӯзноманигор будан дар Осиёи Марказӣ осон нест. Ва ман хушҳолам, ки инҷо рӯзноманигоронро аз чинд кишвари Осиёи Марказӣ мебинам”.

Ба гуфтаи Питер Райли, Осиёи Марказӣ дар рӯ ба рӯи хатари «пропаганда» ва дурӯғпароканӣ қарор дорад, ба илова дар минтақа дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд аст. Вай илова кард, бояд аз онҳое пуштибонӣ шавад, ки бо забонҳои миллии худ муҳтаво меофаринанд то ба ин тартиб расонаҳо тавонанд, барои аудиторияи худ маълумоти босифат ва боэътимод пешниҳод кунанд.

Давоми 3 рӯз тимҳо бо кумаки мураббиҳо, коршиносони маъруфи байналхалқӣ тарҳҳои худро коркард хоҳанд кард. Иштирокдорон ҳамчунин маҳорати истифода аз зеҳни сунъиро дар кори ҳаррӯзаи худ меомӯзанд, маҳорати пешбарии стратегӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фактчекингро аз худ мекунанд.

– Замоне фаро расидааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамдигар таваҷҷуҳ кунанд, муносибатҳои фаромиллии шарикиро тақвият диҳанд ва расонаҳо ба мо кумак мерасонанд, ки ҳамдигарро беҳтар шиносем. Дар минтақа мавзуҳои муштарак хеле зиёданд. Мо хушҳоле, ки бархе аз онҳоро дастгирӣ мекунем, – гуфт Маҷори Роуз, мудири барномаҳои Internews.

Лабораторияи расонаӣ ба кори муштараки рӯзноманигорон аз кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва тимҳоро водор месозад, ки аз таҷрибаи ҳамдигар истифода баранд ва аз умқи мавзуҳои мураккабе огоҳ шаванд, ки ба ҳаёти одамон дар Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд. Гузоришҳо ба масоили иҷимоии барои минтақа муҳиме бахшида мешаванд, ки ин гуна масоил одатан нокомил ва ё омехта бо иттилои носаҳеҳ нашр мегарданд. Барои намуна, ин гуна масоил метавонанд, нақш ва меъёрҳои гендерӣ, масоили муҳитзистӣ ва тағйриёбии иқлим, тандурустӣ, инчунни таъсири ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ бошанд.

Рухшона Наҷмиддинова, мудири Internews дар Тоҷикистон гуфт: “Сохтани тарҳҳо барои Осиёи Марказӣ – ин кори мушкилест. Бояд ба ҷанбаҳое такя кард, ки ҳамаи кишварҳои минтақаро муттаҳид месозанд, вале ҳамзамон набояд вижагии худро фаромӯш кард”.

Баъди анҷоми MediaLab ҳайати ҳакамони мустақил тарҳҳои ояндадореро интихоб мекунанд ва ин тарҳҳо барои амалӣ шудан маблағгузорӣ мешаванд.  

Лабораторияи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод маҳсули Internews буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон ва саҳифаи Facebook мутолиа намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *