Ахлоқӣ журналистӣ, AI ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ: Internews аз MediaLab натиҷагирӣ мекунад

Дар таҷриба тарҳҳои муваффақонаи Осиёи Марказиро чи гуна ташкил кард ва зеҳни сунъӣ дар ин раванд чи кумак расонида метавонад – инро иштирокдорон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон дар озмоишгоҳи муҳтавоофаринии MediaLab дар Душанбе баррасӣ карданд.

Дар озмоишгоҳи истеҳсоли муҳтавои минтақаӣ чаҳор тим аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ иштирок доштанд, ки намунаҳои тарҳҳои расонаиро ба Душанбе оварда буданд. Ҳамроҳ бо коршиносони минтақаиву байналхалқӣ иштирокдорон тарҳҳои худро такмил доданд ва акнун ба озмуни ниҳоии грантӣ омода мешаванд, ки дар натиҷаи он беҳтарин тимҳо барои амалисозии идеяи худ маблағ дарёфт хоҳанд кард.

Яке аз вазифаҳои муҳими озмоишгоҳ тақвияти ҳамкорӣ миёни журналистони минтақаӣ гардид. Иштирокдорон мутмаин шуданд, ки сарфи назар аз набуди дастури кор дар Осиёи Марказӣ, онҳо вазифаҳо, арзишҳо ва услубҳои муштарак доранд.

“MediaLab барои ман уфуқҳо ва имкониятҳои навро боз кард. Ҳар рӯз мо ҳамроҳи тимамон нақшарезӣ, таҳлил, коркард, муҳокима, фикрронӣ ва табодули таҷриба мекардем. Кори муштарак бо ҳамкорон аз Осиёи Марказӣ акнун барои ман на танҳо шиносоӣ аст. Умедворам, мо ҳамдигарро бештар хоҳем дид ва ҳатман тарҳҳои муштарак амалӣ хоҳем кард. Моро на танҳо мушкилоти рӯзмарра ва дастури муштарак, балки муҳаббат ба рӯзноманигорӣ муттаҳид месозад”, – мегӯяд рӯзноманигор аз Қазоқистон Екатерина Афанасева.

Озмоишгоҳи муҳтавоофаринӣ ҳамаи марҳилаҳои истеҳсоли маводи расонаиро фаро гирифта буд: аз ҷамъоварии иттилоъ то банду баст ва пешбурду тарғиби он. Беш аз ҳама таваҷҷуҳро мастер-классҳое ҷалб карданд, ки ба истифодаи AI дар расонаҳо бахшида шуда буданд. Злата Понировская, пардозгар аз Бритониё, роҳбари барномаҳои омӯзишии Prague School Media яке аз мураббиёни озмоишгоҳ буд ва ба ширкатдорон дар ташаккули усулҳои асоси кор бо зеҳни сунъӣ кумак расонид:

  • Санҷидани иттилоъ – ин вазифаи журналист аст, на AI;
  • Зеҳни сунъӣ – ёвар аст, на коршинос;
  • Муҳаррир бояд имкони тафтиши маводеро дошта бошад, ки бо истифода аз AI таҳия шудааст.

Дарсҳои Мария Абрамович, пардозгар аз Ҳоланд, иштирокдоронро водор кард фикр кунанд, ки саргузашту гузоришҳо аз Осиёи Марказӣ на танҳо дар дохили минатқа, балки берун аз он ҳам ҷолиб бошанд. Маълумот бо забони англисӣ дар бораи минтақа кам аст, барои хонандаи хориҷӣ мавод дар бораи рӯзгор, фарҳанг, худшиносӣ, сиёсат ва зиндагии ҷавонон ҷолиб аст.

Мария Абрамович

Ба иловаи мастер-классҳо, тимҳои аз мураббиҳо машваратҳои инфиродӣ дарёфт карданд ва инчунин кори мустақилонаи зиёде анҷом доданд. Акнун онҳо бояд барои иштирок дар озмуни грантӣ тарҳҳои худро такмил диҳанд. Як ё ду тим метавонанд, барои амалисозии идеяҳои худ дар ҳаҷми $20 ва ё $40 ҳазор маблағ дарёфт кунанд.

“Барои ман хушҳолкунанда аст, ки иштирокдорони тимҳо бо ҳамдигар забон ёфтанд, диди муштарак, арзишҳои муштарак пайдо карданд ва болои як тарҳ корро шуруъ карданд. Муҳим нест, ки онҳо грант мегиранд ё не, муҳим ин аст, ки кор идома пайдо мекунад, зеро акнун онҳо фаротар аз тим ҳастанд – онҳо ҳамсаф ҳастанд, ҳамақида ҳастанд”, – гуфт Бэлла Оринбетова, мудири барномаҳои Internews.

Марат Бигалиев, роҳбари дафтари Интернюс дар Осиёи Марказӣ дар суханронии ҷамъбастии худ дар пӯшидашавии MediaLab гуфт, ки барои вай ҳар кадом иштирокчӣ аллакай ғолиб аст.

“Шуморо чолишҳои зиёди дигаре интизоранд. Кор кардан дар тарҳҳои байнидавлатӣ осон нест. Ин масъулияти бузургест. Аммо дар хотир дошта бошед, ки он чи шумо мекунед барои ҷомеаи мо аҳамияти зиёд дорад. Мо ҳамеша канори шумо ҳастем. Мо ҳамеша кумак мерасонем!”, – гуфт вай.

Марат Бигалиев

Ёдрас мешавем, ки MediaLab моҳи марти соли 2024 бо қабули дархостҳо аз тимҳое шуруъ шуд, ки дар ин тимҳо истеҳсолкунандагони муҳтаво аз кишварҳои мухталифи минтақа шомил буданд. Дар маҷмуъ 54 дархост ворид гардид. Интихоби тимҳо аз ду марҳила иборат буд. Баъди санҷиши мувофиқат ба тартиби озмун иштирокдорон дар се вебинар ширкат карданд ва дархостҳои худро бо назардошти тавсияи коршиносон такмил доданд. Дар идома ҳайати мустақили ҳакамон чаҳор тими қавитаринеро муайян кард, ки баъдан ба Душанбе даъват шуданд.

Лабораторияи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод маҳсули Internews буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон ва саҳифаи Facebook мутолиа намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *