Рузноманигорони Хоруғро дар боло бурдани касбияташон чи интизор аст ва чи тавр ба ин аксуламал бояд нишон диҳанд?

31 июли сол 2019 дар шаҳри  Хоруғ «Маҳфили расонаӣ» баргузор мегардад. Дар барномаи ин чорабинӣ чор баромади кутоҳи коршиносони расонаҳои Тоҷикистон дар мавриди равандҳои нав дар рузноманигорӣ , истифодаи техникаи сторителлинг ва дарси маҳорат оид  ба журналистикаи мобилӣ дар назар аст. «Маҳфили расонаӣ» дар бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) мегузарад.

Коршиносони Интернюс дар Тоҷикистон ва ҳамчунин мутахассисони даъватшуда дар бораи равандҳо ва самтҳои асосии рушди рузноманигорӣ умуман ва таъсири ин равандҳо ба кори мухбирон дар минтақаҳо нақл хоҳанд кард. Дар барномаи ин чорабинӣ 4 сесия  дар мавзуъҳои мубрами журналистикаи муосир ба нақша гирифта шудааст:

  1. “Оё журналистика “зинда” мемонад?  Коршиноси Интернюс дар Тоҷикистон оид ба расонаҳои нав-Рустам Гулов дар бораи раванду самтҳои нави рузноманигорӣ ва таъсири онҳо дар кори ҳамарузаи рузноманигорон нақл мекунад. Оё роботҳо одамонро иваз кардан метавонанд? Кадом фанновариҳо дар пушти дари ин касб, ки ба назар тамоман  эҷодӣ аст, меистанд?
  1. «Дар бораи подкастҳо ва истифодаи онҳо чӣ медонд?».  Дар бораи тарзи омода намудани подкастҳо ва паҳн намудани онҳо ба Шумо  рузноманигори шинохта ва коршинос-  Зеваршои Муҳаммад нақл  мекунад. Шумо хоҳед донист, ки “ дар сари зонуятон” сохтани подкастҳо ва дар  шабакаи интернет гузоштанашон имкон дорад .
  2. «Сторителлинг». Лилия Гайсина, ҳамоҳангсози барномаи Internews дар Тоҷикистон асрори сторителлингро бароятон мекушояд, дар бораи қадамҳои  аввали тарзи нақл намудани қисса сухан гуфта ба саволи «Чи тавр бояд  тавассути қисса диққати мухотабонро ҷалб намуд?»  ҷавоб мегуяд.
  3. Дарси маҳорат оид ба видеои мобилиро директори техникии Internews дар Тоҷикистон -Ҷамшед Шоев  мегузарад. Шумо хоҳед донист, ки  оё дар телефони ҳамроҳатон  сурат ва наворҳои касбӣ гирифтан метавонед, чи тавр ҳамоҳангӣ ва таодулро ҳангоми аккосӣ ноил шуд, чи тавр қоидаҳои маъмулро ба таври дуруст бояд вайрон кард,  то ки самараи дилхоҳ ба даст ояд.
  4. «Фактчекинг». Дар таҷрибаатон ҳолате буд, ки шумо навиштаи касеро ба иштирок гузоштед ва баъдан маълум шуд, ки дуруғ будааст? Худро аз хабарҳои дуруғин дар шабака ҳимоя кардан мехоҳед? Мехоҳед, ки зуд муайян намудани дуруғро ёд гиред? Агар ҷавобатон ақаллан ба яке аз ин саволҳо “оре” бошад , пас иштироки шумо дақиқан дар ин сесия зарур аст. Ин сесияро  Рустам Гулов, мутахасси расонаҳои нав дар Internews , асосгузор ва сармуҳаррири нахустин платформаи фактчек – factcheck.tj дар Тоҷикистон мегузаронад.
  5. Дар  сессияи охирини «Маҳфили расонаӣ» Ҷамшед Шоев и Лилия Гайсина  дар бораи имконоти  лоиҳаи MediaCAMP барои ҳамкорӣ нақл мекунанд. Дар доираи ин лоиҳаи панҷсола додани  грантҳои зиёде барои дастгирии расонаҳои мавҷуда  ва нав дар назар аст. Агар шумо рузноманигоред, ё рузноманигор шуданӣ ҳастед, агар шумо расонаи худро доред, ё тасмими сохтани онро доред, пас иштироки шумо дар ин сесия  ва донистани он ки  мо, яъне Интернюс, дар кадом шакл ва шумо ба сифати  журналист ё расона чи тавр метавонем ҳамкории судмандро ба роҳ монем, зарур аст.

Барои иштирок дар «Маҳфили расонаӣ» дар шаҳри Хоруғ бояд ба суроғаи электронии  rgulov@internews.org то соати 18:00-и  29 июли соли 2019 ному насаб, рақами телефон ва  тасдиқи иштирокатонро фиристед. Дар  мавзуи нома «Иштирок дар «Маҳфили расонаӣ» дар шаҳри Хоруғ» -ро бинависед, ё пурсишномаи  онлайнии моро  дар ин пайванд пур кунед. Иштирок ройгон аст. Интернюс хароҷоти роҳ ё дигар хароҷотҳоро, ки барои омадан ба ин чорабинӣ сарф шудаанд, намепушонад Чорабинӣ дар бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегузарад. Оғози чорабинӣ соати 9.30 аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *