Академияи Расонаҳо қабули довталабонро дар Тоҷикистон эълон мекунад

Созмони ҷамъиятии “Маракази мустақил оди ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон” қабули дархостҳои  ҳуқуқшиносонро барои ширкат дар Академияи Расонаҳо, ки аз 14 то 18 август баргузор мешавад, эълон менамояд.

Коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои расонаӣ дар ин Академияи Расонаҳо сухан хоҳанд гуфт. Барномаи он  аз курси назариявӣ, омузиши амалӣ, мулоқотҳои машваратӣ ва суҳбату мубоҳисаҳои касбӣ иборат аст.

 Мавзуъҳои асосие, ки Академияи Расонаҳо пешниҳод менамояд:

-Меъёрҳои асосии озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот;

-Ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкии шахсӣ(шаъну шараф,манзалати корӣ, ҳуқуқ ба акси худ,ҳуқуқи муаллифӣ) пас аз нашр дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ;

— Амалияи судӣ оид ба  ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;

— Дастрасӣ ба иттилоот ва аккредитатсияи рузноманигорон; 

— Ҳифзи маълумот ва зиндагии шахсӣ;

— Таҳлили даъвоҳои қабл аз додгоҳӣ нисбат ба ВАО. Манфиати расонаҳо ва рузноманигоронро чи тавр бо самар ҳимоят кард?

— Хатарҳои қонунӣ дар кори ВАО. Чи тавр   манфиатҳои расонаҳоро самаранок бояд ҳимоя  кард?

— Масаъалаҳои маблағгузории давлатии расонаҳо дар Тоҷикистон: мушкилот ва хатарҳо

— Тамаркузи кишвар. Мушкилоти воқеӣ дар рушди қонунгузориҳои расонаӣ ва амалияи судӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим.

Шартҳои  иштирок  кардан:

1. Иштирокчиёни Академияи расонаҳо метавонанд ҳуқуқшиносони расонаҳо ва оҷонсиҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносони ВАО, адвокатҳои ҷавон (бо таҷрибаи кории на беш аз се сол)-адвокатҳои таҷрибаомуз ва ҳамчунинн донишҷуёни курсҳои 4-5-и факултаҳои ҳуқуқ бошанд,ки синну солашон дар ҳудуди  20 то 30 аст ва нияти кор кардан ё тахассус гирифтан дар соҳаи  ҳуқуқи расонаҳо доранд.

2. Ирсол намуднаи ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:а) тарҷумаи ҳол, б) номаи ҳавасмандӣ,в) тавсиянома.

Дархостҳо (тарҷумаи ҳол,мактуби ҳавасмандӣ ва тавсиянома) то охири рузи  03 августи соли 2019 қабул мешаванд. Дархост бо суроғаи ichrp.tj@gmail.com , бо қайди “Медиа академия”  фиристода шавад.

Қобили зикр аст, ки ташкилкунандагони ин чорабинӣ тамоми сарфу харҷи ҳузур дар Академияи Расонаҳоро барои иштирокчиён аз шаҳри Душанбе,ВМКБ,вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба душ мегиранд.

Чорабинӣ  берун аз шаҳри Душанбе  барпо мешавад. Таъмин бо ҷои хоб  дар меҳмонхона ва таъоми севақта барои иштирокчиён  ва ҳамчунин ҷуброни роҳкиро ва маводи барои чорабинӣ зарур кафолат дода мешавад.

Иштирокчиён аз ҷониби комисияи озмун интихоб хоҳанд шуд. Иштирокчиён на дертар аз 08 августи слои 2019 дар бораи натиҷаҳои интихоб огоҳонида мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *