Рузноманигорони Осиёи Марказиро ба сафарҷашнвораи расонаӣ ба Брюссел даьват мекунанд

Лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” дар ҳамкорӣ бо Шурои аврупоии накуҳамсоягӣ барои рузноманигорони ҷавон, блогнависон, фаъолон ва шаҳрвандоне, ки масоили  пешгирии ифротгароии хушунатомезро  дар Осиёи Марказӣ инъикос менамоянд, аз баргузории  сафарҷашнвораи расонаӣ эълон мекунад.

Дувумин ҷашнвораи расонаии байналмилалӣ дар шаҳри  Брюссел (Белгия) аз 8 то 12 сентябри соли 2019 барпо мешавад.

Дархостҳоро метавонанд  ҷавонони рузноманигор,блогнависон,фъолон ва шаҳрвандоне пешниҳод намоянд, ки масоили   пешгирии ифрогароии хушунатомезро дар Оисиёи Марказӣ инъикос менамояд ва дар қаламрави кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон зиндагӣ мекунанд.

Донистани забони англисӣ шарти асосист, зеро тарҷума ба забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ пешбинӣ нашудааст.

Номзадҳои интихобшуда дар мулоқотҳо бо намояндагони Комиссияи Аврупоӣ ҳини муҳокимаи масъалаҳои бехатарӣ ва пешгирии ифротгароии мунҷар ба зуроварӣ иштирок  мекунанд ва бо  таҷрибаи  Radicalisation Awareness Network (RAN)  дар масоили кор бо ҷавонон шинос мешаванд ва бо ҳамкасбонашон аз нашрияҳои маҳаллӣ оид ба инъикоси масоили низоъбарангез ва ҳассос табодули таҷрибаҳо мекунанд.

Лутфан, ҳангоми пешниҳод ба ин имконияти  нодир барои рузноманигорони  ҷавон, блогнависон, фаъолон ва шаҳрвандоне, ки масоили ифротгароиро дар Осиёи Марказӣ инъикос менамоянд, аз даструҳое  пайгирӣ намоед, ки дар  қолаби дархост нишон дода шудаанд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо то соати 17.00 ба вақти маҳаллии Бишкек аст.

Барои пур кардани қолаби дархост аз  ин пайванд истифода кунед.

Дар назар дошта бошед, ки бо  интихобшудагон (қабл аз сафар) суҳбат бо забони англисӣ  пешбинӣ шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *