Вақте аз Руслани панҷсола пурсиданд, ки чӣ орзу дорад, писарбача ҷавоб дод, ки мехоҳад дастонаш дар зимистон хунук набошанд, то ки тавонад модарашро ба оғӯш бигирад. Дастони Руслан барои он ях мекарданд, ки хона тиреза надошт. Пас аз он ки рӯзномангорони телевизиони “Диёр”-и Хуҷанд қиссаи Русланро нақл карданд, дар хонаи ӯ на танҳо тирезаҳо, балки дигар чизҳо низ пайдо шуданд.
Гурӯҳи волонтёрҳои “Ҳадяи Меҳр” шаш сол боз дар вилояти Суғд кор мекунад. Онҳо ҳашт нафар ҳастанд ва ба оилаҳои ниёзманд дар саросари вилоят кӯмак мекунанд. Дар ибтидо волонтёрҳо рӯйхати сокинонеро, ки душворӣ мекашиданд, аз ҳукумати маҳаллӣ ба даст меоварданд. Бо мурури замон одамон худашон ба онҳо муроҷиат мекарданд. Яке аз фаъолони “Ҳадяи Меҳр” Фарангис Шарипова мегӯяд, ки онҳо дар саросари вилоят ба бештар аз се ҳазор нафар ёрӣ мерасонанд.
– Мо бо оилаҳо суҳбат мекунем, ниёзҳои онҳоро мефаҳмем ва сипас сарпарастонро (спонсорҳо) ҷустуҷӯ мекунем. Мо пул ҷамъ намекунем – худи сарпарастон он чизеро, ки ба одамон зарур мебошад, мехаранд. Агар хоҳанд пул бидиҳанд, пас ин масъаларо шахсан бо онҳое ҳал мекунанд, ки мехоҳанд ба онҳо кӯмак намоянд, бидуни иштироки мо, – нақл мекунад ӯ.
Ин ҳаракат дар вилояти Суғд маъруф аст ва рӯзноманигорон чанд маротиба дар бораи кори онҳо гузоришҳо таҳия намудаанд. Бо вуҷуди ин, Фирӯза Мирҷумъаева, роҳбари шабакаи телевизионии маҳаллии “Диёр” тасмим гирифт, ки на дар бораи худи волонтёрҳо, балки дар бораи онҳое нақл намояд, ки волонтёрҳо ба онҳо ёрӣ мерасонанд.
– Дар маҷмӯъ, дар мо идеяи ташкил намудани лоиҳаи иҷтимоӣ ҳанӯз дар соли 2011 пайдо шуд, вақте ки шабакаи телевизионии “Диёр” ба тозагӣ ифтитоҳ шуда буд. Он вақт мо натавонистем ин корро анҷом диҳем, вале идея боқӣ монд. Мо дидем, ки чӣ гуна мушкилоти одамон бо кӯмаки рӯзноманигорон ҳал карда мешаванд. Ба таври мисол, пас аз нашри сюжетҳои хабарӣ дар бораи шахсони осебдида, шахсе ҳатман ба онҳо кӯмак мекард, – мегӯяд Фирӯза.
Идеяи Фирӯза ба волонтёрҳои “Ҳадяи Меҳр” писанд омад ва онҳо онро ба озмуни грантҳо барои ВАО ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳо оид ба ҷалби мухотабон, ки аз ҷониби Internews дар аввали сол эълон шуда буд, пешниҳод карданд. Ҳакамони мустақил лоиҳаи мазкурро ба қатори ғолибон дохил намуд. Ва даста ба кор оғоз кард.
– Дар ибтидо Фирӯза аз мо хоҳиш кард, ки он оилаҳоеро интихоб намоем, ки барои онҳо кӯмаки якдафъаина кофӣ нест. Мо бо дигар волонтёрҳои ҳаракати худ машварат намуда, рӯйхатро тартиб додем. Ба рӯйхат шахсонеро дохил намудем, ки онҳо на ба кӯмаки якдафъаина, балки ба дастгирии комил аз берун ниёз доранд, – нақл мекунад Фарангис.
Дар маҷмуъ, даста бояд чор сюжети видеоӣ дар бораи оилаҳои ниёзмандро сабт намояд, онҳоро дар эфири шабакаи телевизионӣ нишон диҳад ва дар YouTube-канали худи Фирӯза Мирҷумаева, ки бештар аз шаш ҳазор муштарикин (подписчик) дорад, нашр кунад.
– Ғайр аз ин, мо сайти яксаҳифаиро эҷод мекунем, ки баъдан онро ба ҳаракати “Ҳадяи Меҳр” интиқол медиҳем, то ки онҳо тавонанд дар он ҷо иттилоотро дар бораи кори худ ва одамони ниёзманд ҷойгир намоянд. Онҳо, албатта, саҳифаи Facebook доранд, вале вақтҳои охир дар он ҷо нигоҳ доштани тамоми иттилоот ноамн аст, зеро шабакаи иҷтимоӣ метавонад ҳар вақт ҷамъиятро блок кунад, – шарҳ медиҳад Фирӯза.
Сарфи назар аз он ки Фарангис таҷрибаи кории рӯзноманигорӣ надорад, маҳз ба ӯ пешниҳод намуданд, ки барандаи барнома шавад, зеро ӯро дар вилоят ба хубӣ мешиносанд.
– Пас аз нашри сюжетҳои аввал, одамон ба ман занг мезаданд ва мепурсиданд: “Оё ин рост аст, ки дар мо мардум чунин зиндагӣ мекунанд?” Онҳо наметавонистанд бовар кунанд ва бисёр мехостанд кӯмак расонанд. Аммо вокуниши дигаре низ буд: онҳо маро ба он айбдор карданд, ки ман худамро аз ҳисоби ингуна одамон таблиғ мекунам. Барои ман хондани чунин шарҳҳо, ҳатто аз ҷониби шиносҳои худ хеле душвор буд. Вақте шуд, ки ман мехостам аз идомаи лоиҳа даст кашам, вале дар он боқӣ мондам. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки қаҳрамонҳои мо пас аз он ки рӯзноманигорон дар бораи онҳо нақл карданд чӣ қадар кӯмак дарёфт намуданд! Мо наметавонистем ин қадар кӯмакро мустақилона бо қувваи худ ҷамъоварӣ кунем, аз ин рӯ, ман дар лоиҳа боқӣ мондам, – нақл мекунад Фарангис.
Руслан ва Фирӯз
Дар сюжети аввал, дастаи наворбардорӣ қиссаи Руслани панҷсоларо омода кард, ки ӯ дар шаҳраки Истиқлол бо модар, бародар ва хоҳараш зиндагӣ мекунад ва доштани тирезаҳоро дар ҳуҷраашон (квартира) орзу мекунад.
– Вақте мо аз ӯ пурсидем, ки ӯ чӣ мехоҳад, Руслан гуфт, ки мехоҳад дастонаш дар зимистон ях накунанд ва ӯ тавонад модарашро ба оғӯш гирад. Мо бо тамоми даста гиря кардем, – ба ёд меорад Фарангис.
Орзуи Руслан тақрибан дарҳол пас аз пахши сюжети телевизионӣ амалӣ шуд. Одамон аз тамоми вилоят занг мезаданд ва мепурсиданд, ки онҳо барои кӯдак ва оилаи ӯ боз чӣ кор карда метавонанд. Дар натиҷа, маъмурияти шаҳри Истиқлол ба тирезаҳои ҳуҷраи Руслан шиша гузошт ва ҳатто онро таъмир низ кард ва тоҷикони хайрхоҳ барои тамоми оила тӯҳфаҳо хариданд.
Қиссаи дигари талхро рӯзноманигорон дар хобгоҳи рақами 44-и Хуҷанд ба навор гирифтанд, ки дар он оилаи хонандаи синфи ҳашт Фирӯз зиндагӣ мекунад. Наврас бояд барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ кор кунад – вай модари бемор ва хоҳари шонздаҳсола дорад. Ҳар рӯз пас аз мактаб, вай шишаҳои пластикии холиро ҷамъ карда, ба коркарди дубора месупорад ва барои он каме пул ба даст меорад, ки базӯр барои хӯрок мерасад. Вақте ки рӯзноманигорон аз ӯ дар бораи хоҳишҳояш пурсиданд, Фирӯз гуфт, ки ӯ дер боз доштани яхдонро орзу мекунад. Пас аз пахши сюжет, дарҳол барои наврас яхдон хариданд ва ҳамчунин ба таъмири утоқҳои ӯ шурӯъ карданд.
Фирӯза Мирҷумъаева мегӯяд, ки ҳангоми кор бо Фирӯз махсусан барояш вазнин буд.
– Мо дар бораи кори ӯ суҳбат мекардем ва ӯ ногаҳон гуфт, ки ҳамсолонаш ӯро “ҳаромӣ” меноманд, ки ин барояш бисёр сахт аст. Яъне ман тасодуфан ба ҷойи бисёр дардовари ӯ фишор овардам ва аз он андӯҳгин шудам. Воқеан, пас аз он, мо бо Фарангис суҳбат кардем ва ӯ маро ором кард ва гуфт, ки маҳз ҳамин қиссаи ӯ мумкин аст одамонро барои фикр кардан водор кунад ва онҳо ба фарзандони худ фаҳмонанд, ки одам бояд муносибату рафтори бештар инсонӣ дошта бошад, – нақл мекунад Фирӯза.
Сарфи назар аз он ки рӯзноманигорон барои наворбардорӣ аз волидайни ноболиғон иҷозат гирифтаанд, Фирӯза мегӯяд, ки дар ин лоиҳа ӯ бояд масъалаҳои бисёр мураккаби ахлоқиро ҳал намояд: аз як тараф, ба туфайли таблиғ ба кӯдакон кӯмак мекунанд, аз тарафи дигар, рӯзноманигорон маҷбуранд ошкоро дар бораи он чизе нақл намоянд, ки маъмулан одамон дар паси дарҳои баста пинҳон нигоҳ медоранд.
– Ман умедвор ҳастам, ки агар мо ҳоло ба ин кӯдакон нишон диҳем, ки ҷаҳон нисбати сарнавишташон бепарво нест, онҳо танҳо нестанд, онҳо метавонанд бовар кунанд, ки зиндагӣ метавонад дигар бошад ва дар оянда онҳо аз ин камбизоатӣ раҳо шаванд ва ба муваффақият ноил гарданд, – андешаронӣ мекунад Фирӯза. – Шояд, вақте ки онҳо ба воя мерасанд барояшон дидани даврони вазнини кӯдакии худ дардовар бошад, , аммо агар ҳатто як имконият вуҷуд дошта бошад, ки ҳаёти онҳо ва ҳаёти одамони дигар, ки дар ҳамин вазъият қарор доранд, метавонад тағйир ёбад, ман фикр мекунам, ки мо бояд аз он истифода барем.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.