Озмуни MediaCAMP Award дар Душанбе ҷамъбаст ва журналистони беҳтарини минтақа муайян карда шуданд

Ғолибони озмуни MediaCAMP Award барои рӯзноманигорон ва блогерҳо аз ҷониби доварони байналмилалӣ дар Душанбе дар ҷашнвораи якуми Осиёи Марказӣ– MediaCAMP Fest муайян карда шуданд.

Озмуни  MediaCAMP 10 июл дар як вақт дар чор кишвари Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҷамъоварии дархостҳои рӯзноманигорон ва блогнависон шурӯъ карданд. Ҳамагӣ  470 кор  дар як моҳ ҷамъ шуд.  Дар озмун мавзӯъҳои зерин пешбарӣ шуданд: «Ҳокимият ва ҷомеа», «Насли бидуни марз – вақти имкониятҳо», «Фурсат барои кӯмак кардан» ва «Қаҳрамонон ҳамҷавор»;  илова бари ин номинатсияи махсуси «Объектив»  барои суратгирон,  ки акси беҳтарин тавассути овоздиҳии онлайнӣ  муайян гардид.

– Ба назари мо, сифати журналистика, яъне он хусусиятҳое, ки журналистикаи хубро аз журналистикаи бад ҷудо мекунанд, дар тамоми ҷаҳон яксонанд. Ин ростқавлӣ, мувозинат, холисӣ, пуррагии маълумоти пешниҳодшуда ва меъёрҳои ахлоқӣ мебошанд, ки бояд журналистонро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон сармашқи кор бошанд. Аз ин рӯ,  барои мо муҳим нест, ки чӣ гуна, дар кадом платформа ва дар кадом расона журналист кори худро пеш мебарад.  Барои мо муҳим аст, ки кадом хислатҳои касбии худро нишон медиҳад, – чунин шарҳ дода буд раиси ҳакамони байналмилалӣ Манана Асламазян дар оғози озмун тасмими пешбарӣ кардани номинатсияҳои мавзӯиро.

Дар ҳар як кишвар, кумитаи интихобӣ таъсис дода шуд, ки бояд аз 470 дархост барои чор номинатсияи асосӣ  аз ҳар як кишвар се нафариро  интихоб мекарданд. Аз Туркманистон матолиб зиёд набуданд, аз ин рӯ, танҳо  се матлаб дар озмун иштирок кард. Яъне,  ҳамагӣ 39  матлаб ба финал роҳ ёфт . Корҳои марбут ба номинатсияи «Объектив» дар сомонаи махсуси ҷашнвора нашр шуда буданд, ки дар  он ба корҳо овоз додан мумкин буд. Матолиби   номинатсияҳои дигар аввал ба забони русӣ тарҷума шуда, сипас ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ супорида шуданд, ки  дар ҳайати он намояндагони чаҳор давлати минтақа буданд:

 Аз Қазоқистон – Дмитрий Шишкин, рӯзноманигор, PR -мутахассис; ва Қасим Аманжол, продюсери телевизион, радиои «Азаттык»;

Аз Қирғизистон – Авланбек Ҷумабаев, рӯзноманигор, PR -менеҷер; ва Иброҳим Ҳасан-Ахунов, баранда ва коргардони овоз дар радио, телевизион ва лоиҳаҳои байналмилалӣ;

Аз Тоҷикистон – Алмос Сайфутдинов, Роҳбари раёсати Институти «Ҷамъияти Кушода» дар Тоҷикистон ва Марат Мамадшоев, муҳаррири Институти Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) ва сомонаи он CABAR ASIA дар Тоҷикистон.

Туркманистонро тарҷумон, мудири шӯъбаи рӯзномаи ҷумҳуриявии “Ватан” Ҷумағули Атаев ва арбоби ҷамъиятӣ, муҳаррир, менеҷери лоиҳаҳо  Лидия Керимӣ намояндагӣ карданд.

Ҳайати ҳакамонро Манана Асламазян, коршинос  бо собиқаи 30-сола дар соҳаи рушди расонаҳо, ғолиби ду ҷоизаи TEFI, аз ҷумла барои саҳми шахсӣ дар рушди телевизиони Русия, сарварӣ кард.

Ҳакамони озмун дар бораи натиҷаҳои озмун чӣ фикр мекунанд ва чӣ гуна маслиҳатҳоро ба журналистон доданд, шумо метавонед дар ин ҷо бихонед.

Ғолибон

Пеш аз оғози ҷашнвораи MediaCAMP Fest,   доварон бо кори финалистҳо аллакай шинос шуда, баҳои худро гузошта буданд, аммо дар рафти ин чорабинӣ барои муҳокима намудани  корҳои ғолибон  мулоқот карданд. Натиҷаҳои озмун дар охири ҷашнвора  ҷамъбаст шуданд ва 21 сентябр  ҳакамон ғолибонро ба таври оммавӣ эълон карданд. Ғолибон инҳо буданд:

Дар номинатсияи «Объектив» – Мердан Илёсов аз Туркманистон,  ки кораш- «Субҳи Ноҳур» 341 овоз гирифт.

Дар номинатсияи «Насли бидуни марз – вақти имкониятҳо»: ҷойи сеюм – Олга Долженкова аз Қирғизистон,  бо сюжети «Якчанд ибора», ҷои дуюм – Саодат Раҳимӣ аз Тоҷикистон, бо сюжети «Ягона дар Осиёи Марказӣ: чӣ гуна тими аввалини баскетболбозони аробачасавори тоҷик зиндагӣ доранд» ва ҷойи якум – Алуа Никитина, Қазоқистон,  бо сюжети «Серик Эсматов».

Мукофоти махсуси «Барои ёфтани қиссаҳои ҷолиб» дар ин номинатсия ба гурӯҳи эҷодии лоиҳаи «Салом, ҳамсояҳо» аз Тоҷикистон дода шуд.

Дар номинатсияи «Фурсат барои кӯмак» доварон ба қароре омаданд, ки  матлабҳоро танҳо барои ҷойҳои якум ва дуюм муайян кунанд. Гулнора Амиршоева ва Зулфия Голубева аз Тоҷикистон ва лонгриди онҳо «Таърихи як саг аз  Душанбе» соҳиби «нуқра» шуд.

Ҷои якумро дар ин номинатсия ба Марина Мирошник аз Қирғизистон барои маводи «Тасаввур кунед, ки дар меъда 40 дандон ҳаст ва ҳамаашон  дард мекунанд» доданд, ки  вай дар ин мавод мушкилоти беморони саратонро дар кишвараш бардоштааст.

Дар номинатсияи «Қаҳрамонони ҳамҷавор»,  Бекжан Асилбеков, Қирғизистон ҷои сеюмро барои сюжети «Мактаби рақси шахсони  дорои норасоиҳои ҷисмонӣ», ҷои дуюмро Александра Титова, Қирғизистон, бо лонгриди «Таърихи Санҷар» ва ҷои якумро журналист Абай Сейфуллаули Тленшиев ва коргардон Калижан Оспанов аз Қазоқистон барои сюжет дар бораи чӯпони дорои нуқсони чашм, ишғол карданд. Дар ин номинатсия ду ҷоизаи махсус мавҷуд буд ва ҳардуро муаллифони қазоқ гирифтанд: ҷоиза «барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ» -ро Марат Садиқов барои видеои дӯкони дӯзандагие , ки дар  маҳбаси занона кор мекунад, ва ҷоиза «барои қарори бадеӣ» -ро  Уляна Фатянова барои мавод дар бораи  занони трансгендер.

Номинатсияи “Ҳокимият ва ҷомеа”-ро  доварон  мушкилтарин номиданд, зеро бештари дархостҳо ба унвони ин номинатсия  омада буданд ва ғолибон низ бештар буданд. Тилав Расулзода аз Тоҷикистон ҷои сеюмро барои гузориши “Шаҳрвандони оддӣ: “Мо муқовиматро намехоҳем!” дар ​​бораи сокинони деҳаҳои назди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ишғол кард. Ҷойи дуюмро Олга Лихограй аз Қазоқистон барои маводи «Хонаҳои махфии Президент» ва Кайир Жололбекова аз Қирғизистон барои сюжет дар бораи қочоқи сузишворӣ миёни якдигар тақсим карданд.

 Ва ниҳоят, ҷои якум ва боз ду ғолиб: – Орозбай қизи Қайиргул аз Қирғизистон барои тадқиқоти журналистии «Амалиёт барои наҷоти  дузди қонунӣ- Азиз Батукаев» ва Ёқуб Ҳалимов аз Тоҷикистон барои таҳқиқоти журналистии “Хонаҳое, ки Бег Сабур сохтааст”.

Ҳамаи матлабҳо барои овоздиҳии ниҳоӣ ба забони русӣ тарҷума  шуданд, вале дар ҳайати доварони байналмилалӣ соҳибони забонҳои миллӣ ҳам буданд, ки метавонистанд ин матлабҳоро дар шакли аслӣ фаҳманд ва дар сурати зарурӣ таваҷҷӯҳи ҳамтоёнашонро ба паҳлӯҳои қавии  онҳо  ҷалб кунанд.

Ғолибони озмун, ки ҷои аввалро ба даст оварданд, дар ҳаҷми ҳазор долларӣ  ва дорандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм  тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд . Ҳадафи озмун ҳавасмандгардонии рӯзноманигорони лаёқатманд ва созандагони мустақили муҳтаво дар Осиёи Марказӣ гардид, ки  рӯйдодҳо  ва ҳодисаҳои дорои аҳамияти муҳими ҷамъиятиро инъикоси мекунанд. Озмун барои рушди фазои расонаҳо дар минтақа ва мусоидати  тамоми ҷомеа барои гирифтани маълумоти босифат тарҳрезӣ шудааст.

Дар озмун рӯзноманигорон ва созандагони муҳтаво, ки дар расонаҳои хусусӣ, давлатӣ ва ё дар соҳаи ВАО дар қаламрави чор кишвари минтақа кор мекунанд, иштирок карданд. Рӯзноманигорони расонаҳое, ки аз берун  маблағгузорӣ шудаанд ва ё дар хориҷи кишвар сабти ном шудаанд, дар озмун иштирок накарданд.

Озмуни  MediaCAMP ҳадди аққал чаҳор соли дигар дар минтақа баргузор хоҳад шуд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *