Ҷашнвораи Осиёи Марказии MediaCAMP Fest: журналистика аҳмият дорад

Мушоракат. Саводнокии расонаӣ. Журналистика. Расонаҳо. Ахлоқ. Андеша. Озодӣ. Матн. Ин калимаҳо дар экрани калони дар саҳна насбшуда ҳаракт мекунанд ва таваҷҷуҳи тамошобинонро ба мавзӯъҳои аввалини ҷашнвораи Осиёи Марказӣ барои мутахассисони соҳаи ВАО ҷалб мекунанд.

MediaCAMP Fest – аввалин чорабинии  чунин миқёси бузур дар Осиёи Марказӣ аст, ки зиёда аз 150 иштирокчиро муттаҳид намудааст. Тули се рӯз рӯзноманигорон, муҳаррирон, коршиносони ВАО, устодони донишгоҳҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон тамоюлу равандҳои иртибототро муҳокима карданд, ба фазои расонаҳои оянда чашмандозӣ карданд, истифодаи қолабҳои навро барои кор бо аудитория  ва қаҳрамонон ва зиёд чизҳои дигарро омӯхтанд.

«Ман фикр мекунам, ки MediaCAMP Fest ва озмуни MediaCAMP Award чорабиниҳои таърихӣ мебошанд. Чорабиниҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунанд», -мегуяд Абдумалик Қодиров, директори Интернюс  дар Тоҷикистон.

Ҷон Марк Поммершайм, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «… журналистон ва васоити ахбори омма дар таъмини шаҳрвандон бо иттилооте, ки барои тақвияти ҷомеа заруранд, нақши муҳим доранд. Дар асри нав, журналистикаи анъанавӣ дар рақобат бо платформаҳои дигар бо мушкилоти бузург рӯ ба рӯ мешавад. Вазъият аз рӯзноманигорон  тафаккури ғайристандартӣ ва форматҳои навро барои тавсеаи ҳамкорӣ бо аудитория тақозо мекунад».

Ду ҷаласаи аввали ҷашнвора ба тафаккури ғайристандарӣ ва ояндаи соҳа  бахшида шуда буданд. Дар соли 2050 фазои расонаҳоро чи интизор аст? Кадом каналҳо ва форматҳои пахши барномаҳо / эҷоди иттилоот ба мухотабон  таъсир мерасонанд?

Дар бораи тамоюлҳои ояндаи коммуникатсия Всеволод Пуля, муассиси агентии MediaToolbox, коршиноси ВАО нақл кард.

«Барои то соли 2050 зинда мондан, барои рузноманигор кофӣ нест, ки кори худро «хуб» иҷро кунад. Мо бояд аз он вазъиятҳое, ки технологияҳои нав моро дар он мегузоранд, истифода кардан тавонем», – мегӯяд Всеволод.Пуля.

Всеволод Пуля

Ҳунари аз ҳудуди чаҳорчуба берун рафтан ва дар ҳама чиз як илҳоми тоза  ёфтан- вазифаи иштирокчиёни сессияи фасилитатсиионии Жанна Прашкевич, роҳбари студияи проекти-консалтингии The Guests буд. Пас аз як соати муошират дар гурӯҳҳо, ки дар он иштирокчиён аз кишварҳо ва минтақаҳои гуногун, синну сол ва самтҳои мухталиф, ки бо лутфи дастбандҳои ранга омезиш ёфтанд, презентатсияҳои кӯтоҳ, аммо рушан ва хеле эҷодкорона шуруъ шуданд. Расонаҳои 2050 ин маълумотест, ки ҳамеша ҳамроҳ аст. Масалан, “пойафзоли расонаӣ” ё имкони бо истифода аз дронҳо ё технологияҳои виртуалӣ дар ҷои ҳодиса пайдо шудан, забони расонаии ягона барои тамоми ҷаҳон ва дусти расонаӣ, ки ҳамарӯза ба хабаргирии шумо меояд, то  ки хабарҳоро ба шумо расонад. Аммо, ба ғайр аз технологияҳо, ҳамоно риояи меъёрҳои муҳимтарини касб – фаврият, мувозинат ва меъёҳои ахлоқӣ  ҳастанд.

Жанна Прашкевич

Яке аз хусусиятҳои ҷашнвора сессияҳои сершумор ва дарси устодон оид ба саводнокии расонаӣ мебошад. Бозиҳо ва муҳокимаҳо дар ин мавзӯъ аз ҷониби  дастаи байналмилалӣ – Татяна Иванова (Украина), Гулнар Асанбаева (Интернюс дар Қазоқистон), Рустам Гулов (Интернюс дар Тоҷикистон) гузаронида шуданд.

«Расонаҳо воқеиятро рунамоӣ намекунанд. Онҳо ӯро аз нав рунамоӣ мекунанд, -мегӯяд Татяна. Вазифаи аудитория ин фаъол кардани тафаккури интиқодӣ мебошад.»

«Омӯзонидани саводнокии расонаӣ ба мардум маънои омӯзондани истифодаи барномаҳоро надорад. Ин маънои фаъол кардани тафаккури интиқодиро дорад. Дар паси ҳар як амали инсон ангезаи ӯ пинҳон ҳаст. Ба амал аҳмият додан лозим нест. Бояд ангезаро ҷуст. Пеш аз он ки ба муҳтаво вокуниш нишон диҳед, бозистед. Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдардӣ хислатҳои шахси дорои саводнокии расонаӣ мебошанд».

Дар чаҳорчӯбаи MediaCAMP Fest,  китоби дарсӣ оид ба саводнокии расонаӣ пешниҳод гардид, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи MediaCAMP  таҳия гардидааст.

«Таърифи ягонаи саводнокии расонаӣ вуҷуд надорад”,- мегӯяд Гулнар Асанбаева, мутахассиси соҳаи саводнокии расонаии Интернюс дар Қазоқистон. – Ҳам истеъмолкунандагон ва ҳам эҷодкунандагони муҳтаво бояд саводи расонаӣ дошта бошанд. Китоби дарсии мо калид ба пайвандҳо  ва манбаъҳо мебошад. Он ба таври ройгон тақсим карда мешавад».

Гулнар Асанбаева

Донишҳои амалиро оид ба верификатсияи иттилоот ва далелсанҷӣ иштирокчиён аз сессияи интерактивии Павел Банников, мутахассиси далелсанҷӣ(Қазоқистон) гирифтанд. Барои иштирокчиёни MediaCAMP Fest мутахассисони рус ва қазоқ як қатор дарсҳои устодонро ба мисли; тарзи сохтани подкастҳо, сохтани бренди шахсӣ, лоиҳаҳои муваффақи умумӣ барои расонаҳо ва ТҒҲ  гузаронданд. Дар байни сухангӯёни ин ҷашнвора Александр Поливанов (Русия), Sports.ru, Виктор Елисеев (Қазоқистон), «Медиафабрика», Алексей Сидоренко (Русия), «Теплица социальных технологий» буданд.

 Дар сутунҳои толори ҷашнвораи  расонаҳо- Хартияи ҷаҳонии ахлоқи рузноманигорӣ мавҷуд аст ва мо ҳангоми семинарҳо, рунамоиҳо ва албатта, мубоҳисаҳо ба ин мавзӯъ бармегардем. «Ахлоқ ягона чизест, ки журналистон дар оянда пул кор карда метавонанд. Ростқавлӣ ва стандартҳо», – мегӯяд Дайниюс Радзевичиус, раиси Иттифоқи журналистони Литва.

Дайнюс Радзявичюс

Иштирокчиён намунаҳои нашрҳои воқеии кишварҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Аҳли толор муҳокима мекунанд, ки намунаҳо то кадом андоза ва барои чӣ меъёрҳои ахлокиро вайрон мекунанд. Рӯзноманигор бояд дар фарқият аз қаҳрамонони худ, оқибатҳои нашрро дарк кунад ва барои ин масъул бошанд.

Даиниюс Радзевичиус: «Стандартҳо тавассути қонун эҷод карда намешаванд. Стандартҳоро пешсафони бозор муайян мекунанд».

Дар куҷо журналистика ба охир мерасад ва фаъолнокии шаҳрвандӣ оғоз меёбад , дар ин бора- ҳангоми муҳокимаи панелӣ коршиносони рус ва қазоқ дар бораи касб ва қарзи шаҳрвандӣ сӯҳбат карданд.

Асем Жапишева, (Қазоқистон): «Вақте  дар мо митингҳо оғоз ёфтанд, ман бояд интихоб мекардам, ки дар кадоме аз онҳо бояд иштирок кунам ва кадоме аз онҳоро инъикос кунам. Дар аввал ман эҳсос мекардам, ки ба касбам хиёнат мекунам. Аммо, ин гузашт. Ман бо ҳамкасбон сӯҳбат кардам ва дидам, ки одамони таҷрибадор ихтилофро ҳис намекунанд.

Журналистика дигаргун мешавад. Мисли пешина, дигар нахоҳад буд. Дихотомия мурд».

«Ба андешаи ман, фаъолнокӣ бештар шудааст, зеро имкониятҳои техникӣ зиёдтар шудаанд», -шарҳ медиҳад Шаҳло Акобирова, (Тоҷикистон).

Всеволод Пуля, (Русия): «Дар кори худ ҷудо кардани фаъолнокии шаҳрвандӣ ва журналистика муҳим аст. Дар воқеияти Русия, агар рӯзноманигор дар гирдиҳамоӣ худро чун фаъоли он нишон диҳад, вай ба ҳамкоронаш хиёнат мекунад. Фаҳмидан лозим аст, ки шумо дар чунин ҳолат ба ҳайси кӣ ширкат меварзед.”

Александр Поливанов (Русия): «Муаллиф метавонад дар баъзе чорабиниҳо иштирок кунад. То он лаҳзае, ки ин амал ба сиёсати нашрия муттаноқиз набошад.

“Фаъолнокӣ  танҳо сиёсат ва на танҳо тазоҳурот нест”, -таъкид мекунад Алексей Сидоренко (Русия).

Авланбек Ҷумабаев (Қирғизистон) ин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ мекунад: «Дар Қирғизистон боз як мушкилӣ ба назар мерасад – журналистон ба сиёсат ворид мешаванд. Онҳо фрилансер мешаванд, менависанд, ҷойгир мекунанд ва ҳамзамон бо блоггинг машғул мешаванд – ва дар ин ҷо онҳо шахсиятҳои алоҳида ва ҳизбҳоро таблиғ мекунанд».

Қисмати махсуси барномаи ҷашнвора намоиши филмҳои мустанади коргардонҳои маъруфи рус дар доираи ташаббуси “Артдокфест дар меҳмонии MediaCAMP” мебошад. Рӯзи аввали ҷашнвораи MediaCAMPFest бо тамошои филми Асколд Куров, «Новая газета» (Русия) ва инчунин муҳокима бо муаллифи филм ба поён расид.

Асколд Куров

Дар шоми рӯзӣ дуюм, ширкаткунандагон имкон доштанд, филми Виталий Манск «В лучах солнца»-ро тамошо кунанд ва бо коргардони филм онро  муҳокима кунанд.

MediaCAMP Fest-ро Интернюс дар чаҳорчӯбаи барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии  Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ( USAID) ташкил кард. Дар нақша аст, ки Ҷашнвора ва озмуни MediaCampAward ҳар сол баргузор гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *