Озмуни бурсия: мусоидат ба ассотсиатсияҳои расонаии Тоҷикистон

Рузи охирини қабули дархостҳо то санаи 19 марти соли 2020 тамдид карда шуд.

Ҳирфавиён хуб медонанд, ки барои рушди бозори расонаҳо худтанзимкунӣ хеле муҳим аст, зеро он барои камтар шудани назорати давлатӣ, нигоҳ доштани озодии редаксионӣ, боло бурдани сифати мавод ва масъулиятпазирӣ барои иттилооти интишоршаванда ёрӣ мерасонад .

Мо омодаем ба ассотсиатсияҳои расонаӣ дар тақвияти зарфияташон вобаста ба рушди роҳу равишҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистон, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеаҳои касбӣ оид ба фаъолияти ниҳодҳои худтанзимкунӣ дар соҳаи расонаҳо кумак расонем.

 Дар  ҳошияи дархост шумо бояд дар самтҳои зер чорабиниҳо пешниҳод намоед:

  1. Устувории ташкилӣ ва молиявӣ, ба нақша гирифтани дурнамо  ва дастгирии ташкилоти шумо, аз ҷумла ҷалби иштирокчиёни нав, васеъ  ва тақвият бахшидани равобит;
  2. Таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамкорон ва мақомоти давлатӣ барои ҳимояи манфиатҳои иштирокчиёни шумо;
  3. Дар бораи рушди ҳамкорӣ  бо дигар ширкатҳо (иттифоқҳои истеъмолкунандагон, ассотсиатсияҳои онлайнӣ, палатаҳои савдо, стартапҳо), ки дар лоиҳаҳои худтанзимкунӣ, дар шакли ширкатҳои муштарак, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ иштирок мекунанд;
  4. Дар бораи таҳия ва татбиқи механизмҳои гуногуни худтанзимкунӣ;

Лутфан, дар  дархостатон, дидгоҳи худро оид ба рушди зарфияти ассотсиатсия, дурнамои шумо оид ба мусоидат ба рушди расонаҳо ва таҷрибаи ҷории худтанзимкунӣ дар ин самтро шарҳ диҳед. Лоиҳа  бояд то охири моҳи сентябри 2020 амалӣ гардад.

Доварон пешниҳодотро аз рӯйи меъёрҳои зерин баррасӣ менамоянд: таҷрибаи дархосткунанда дар самти фаъолият дар соҳаи расонаҳо, таҷрибаи  афзудани тавонмандии кормандони созмони худ, дурнамои амалкунандаи рушди созмон дар шароити бозори муосири расонаҳо, индикаторҳои воқеӣ барои муайян намудани натиҷаҳои тарҳрезишуда, дурнамои ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи аъзои худ, буҷети воқеӣ. Ғолибон тариқи мактуб ба почтаи электронӣ хабардор карда мешаванд.

Рӯзи охирини қабули дархостҳо – 19-уми марти соли 2020.

Барои маълумоти  бештар ва саволҳои иловагӣ ба телефони +992902000999 ё суроғаи электронии TJ-info@internews.org муроҷиат кунед. Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳшуда дар саҳифаҳои эълонҳои Internews нашр хоҳанд шуд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *