Интернюс дар Тоҷикистон озмун барои ишғоли вазифаи ёвари менеҷери молиявӣ

Вазифаҳои асосӣ иборатанд аз:

  • Анҷом додани корҳои ҳамарузаии маъмулӣ тибқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  иҷрои ҳамаи амалиётҳо тавассути барномаи махсуси муҳосибавии 1С;
  •  Пайгирӣ ва муроқибат намудан аз буҷаҳои барномаҳои марбут ба Тоҷикистон ва таҳлилу  пешгӯии онҳоро таъмин  намудан
  • Дархостҳо оид ба рухсатиҳои меҳнатӣ, ҷадвалҳои  вақти корӣ ва ҳисобот дар бораи хароҷоти кормандонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда
  • Мусоидат намудан дар идоракунии масъалаҳои молиявии субгрантҳо, аз ҷумла қабул намудани ҳисоботи молиявии грантгирандагон мувофиқи қоидаҳои Интернюс ва донорҳо;
  • Бақайдгирии  маблағҳо дар хазина
  • Қабул намудани ҳисобнома-фактураҳо аз провайдерҳои хидматрасон  ва баъд аз тасдиқ шуданашон аз ҷониби роҳбар,  тавассути Интернет-бонк таъмин намудани амалиёти пардохти онҳо.
  • Тартиб додани санади ҳисоботҳои муқоисавӣ бо мақомоти андоз, фонди нафақа ва дигар дастраскунандагони хадамот .
  • • Ҳамкорӣ бо аудиторҳои берунӣ ва дохилӣ ва омода кардани ҳисоботи дахлдор    

    Талабот:

• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;

• Собиқаи корӣ дар ҳамин вазифа  на камтар аз 5-сол;

• Дониши ҳатмӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва  муҳосибаи 1С;

• Донистани забони англисӣ на  пастар аз сатҳи upper-intermediate ;

Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ;

• Қобилияти зуд ва самарабахш иҷро намудани супоришҳои додашуда;

• Ҳунари иртибот барқаророр намудан ва сатҳи баланди масъулиятшиносӣ  низ  аз омилҳои калидӣ барои интихоб шудан ба ин вазифа  мебошанд

Муҳлати қабули  резюме — то 29 феврали соли  2020  тавассути почтаи электронии

TJ-info@internews.org 

“Интернюс Нетуорк” созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ барои дастгирии ВАО мебошад. Намудҳои асосии фаъолияташ: мусоидат ба рушди васоити ахбори омма , барномасозиҳо дар телевизион, истеҳсоли муҳтаво ва пешбурди технологияҳои  расонаии нав; тарбияи касбии кормандони эҷодӣ ва техникӣ;  ва дастгирии ҳуқуқӣ  аст.  

Leave a Reply