Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогерон

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои рӯзноманигорону блогерони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ баҳри ширкат дар мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи  “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” озмун эълон менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад.

Вазифаи мактаби рӯзноманигорӣ аз он иборат аст, ки дар доираи машғулиятҳо журналистони ВАО-и чопӣ, электронӣ ва онлайниро дар самти инъикоси масоили низоъбарангез, бехатарии рақамӣ ва ҷисмонӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, дастрасӣ ба иттилоот ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ вобаста ба инъикоси ин масоил омӯзиш медиҳад.

Мақсади омӯзиш, расонидани донишҳои зарурӣ оид ба инъикоси низоъҳо ва ҳамзамон паст кардани  шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиёни машғулиятҳо бояд донишҳоеро аз худ кунанд, ки барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд.

Омӯзиш аз якчанд давра иборат аст:

Даври 1 – барномаи омӯзишӣ аз 28 то 30 апрел дар Душанбе/5-7 май дар Хуҷанд;
Даври 2 – сохтани матлабҳо бо дастгирии устодон;
Даври 3 – идомаи барномаи омӯзишӣ аз 26 то 28 май дар Душанбе/2-3 июн дар Хуҷанд;
Даври 4 – сохтани матлабҳо бо дастгирии устодон.

Иштирокчиёни машғулиятҳо тариқи озмун муайян карда мешаванд. Дар натиҷаи баҳогузории дархостҳои довталабон 12 нафар интихоб мегардад. Омӯзиш дар барномаи таълимӣ пурра ройгон аст. Иштирокчиёни интихобгардида вазифадор мешаванд, ки барномаи омӯзиширо пурра гузаранд ва бо кумаки устодон на кам аз ду матлаб сохта, дар ВАО ба нашр расонанд.

Барои иштирок дар барномаи омӯзишӣ хоҳишмандон бояд линки як матлабашонро оид ба инъикоси низоъ, эссе дар мавзӯи “Барои чӣ ман иштирокамро дар ин барнома зарур меҳисобам?” ва маълумотномаашонро (CV) ба нишонии  lolamerganova8@gmail.com  равон кунанд.

Телефон барои тамос: 227 34 78

Муҳлати қабули дархостҳо то 21 апрели соли 2020 (соати 17.00).

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *