Аъзоёни ҳакамони озмуни истеҳсоли муҳтавои ватании Интернюс дар Тоҷикистон ғолибонро муайян карданд. Аз 70 дархости воридшуда, шаштоаш беҳтарин дониста шуданд.
Интернюс дар Тоҷикистон охири моҳи ноябри соли 2020, озмуни ғояҳоро оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ, таҳти унвони “Формати калон” эълон кард. Ин озмун барои тимҳои калоне, ки мехоҳанд лоиҳаи даврӣ ва устуворро таҳия кунанд, пешбинӣ шуда буд. Барои ширкат дар озмун расонаҳои мустақил, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳову маҷаллаҳо, студияҳои истеҳсолӣ, гурӯҳҳои муаллифони мустақил даъват карда шуда буданд. Дар маҷмуъ 70 дархост қабул карда шуд.
Ғолибони озмунро гурӯҳи ҳакамони мустақил, ки иборат аз мутахассисони ватаниву хориҷӣ буданд, интихоб карданд. Дар натиҷа, аз 70 дархости пешниҳодшуда, шаш идеяи беҳтарин интихоб гардиданд:
- «Art Vision», қиссаҳои видеоӣ «Город моей памяти»;
- ШТР «Танин», қиссаҳои одамоне, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд;
- ШТР «Ватан», лоиҳа оид ба муҳоҷират;
- Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», қиссаҳои Душанбе ва сокинони он;
- ШТР «СМ1», хабарҳо аз минтақаҳои Тоҷикистон, бо ширкати 10 расонаи минтақавӣ;
- ТҶ «Даст ба даст» ва Zira Media, қиссаҳои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон (лоиҳаи муштарак).
Ҳамаи муаллифон барои татбиқи ғояҳои худ аз Internews дастгирии молиявӣ ва машваратӣ мегиранд.
Тавре ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷамшед Шоев мегӯяд, ба аъзоёни ҳакамони мустақил як моҳ лозим омад, ки ба қарори ниҳоӣ оянду ғолибонро муайян кунанд.
– Дар “Формати калон” иштирокчиён бояд дархостҳои муфассал пешниҳод мекарданд, ки дар он буҷаву форматҳо ва мавзуъҳои лоиҳаи худро муфассал менавиштанд. Масалан, дар озмуни ба наздикӣ баргузоршудаи «Формати хурд», аъзои ҳакамон бештар ба идея таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ин рӯ, ин дафъа коршиносон вақти зиёдтар ва саъйи худро ба дархостҳо сарф карданд, то муфассал шинос шаванду қарор қабул кунанд. Дар натиҷа, аз 70 дархост бо душвории зиёд шаш ғолиб интихоб карда шуданд, – шарҳ медиҳад Шоев.
Дар доираи “Формати калон” инчунин дастгирии лоиҳаҳои байни давлатҳо (истеҳсоли муштараки муаллифон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон) пешниҳод шуда буд. Ин имкониятро якчанд дархостдиҳандагон истифода карданд. Аммо аъзои ҳакамон лоиҳаи ташкилоти “Даст ба даст”, ки Наргис Қосимова ва Zira Media таҳти роҳбарии Муҳайё Нозимова пешниҳод карданд, афзалият доданд.
Ёдрас мекунем, ки мақсади озмуни грантии мазкур дастгирии муҳтавои баландсифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, web-докҳо, web-сериалҳо, қиссаҳои мултимедиявӣ, таҳқиқотҳои журналистӣ ва ғайра мебошад.
Дар бораи он, ки чӣ гуна Internews истеҳсоли муҳтаворо солҳои 2020-2021 дастгирӣ мекунад, метавонед аз ин ҷо бихонед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.