Панҷ лоиҳаи муштараки расонаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ҷалб ва васеъ кардани аудитория ғолиби озмуни Интернюс дар Тоҷикистон гардиданд.
Лоиҳаҳои ҷалби аудитория кори муштараки расона ва як ташкилоти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки дар он ТҶ ҳамчун коршинос баромад карда, диққати рӯзноманигоронро ба мушкилии мушаххас ҷалб мекунад; расонаҳо воситаҳои худро истифода мебаранд, то оммаи васеъро ба ин мавзӯъ ҷалб кунанд, бо аудитория ҳамкорӣ карда, ҳалли муштараки мушкилоти иҷтимоии ҷомеаро пайдо кунанд. Озмуни грантӣ барои эҷоди чунин лоиҳаҳо дар аввали моҳи феврали соли 2021 эълон шуда буд. Аз кулли минтақаҳои Тоҷикистон 18 дархост барои озмун пешниҳод гардид, ки аз миёни онҳо аъзои ҳакамон панҷтоашро беҳтарин донистанд. Лоиҳаҳои беҳтарин аз рӯйи меъёрҳои зерин интихоб гардиданд:
- Саҳми идеяҳо ба ҷузъи асосӣ – муаррифӣ ва тарғиби аудиторияи ВАО,
- ташкилотҳои шарикии ба ин монанд таъсисёфта ва нақшаи ҳамаҷонибаи татбиқи идеяҳо,
- қисми иҷтимоии лоиҳа ва дигарон.
Лоиҳаҳое, ки беҳтарин дониста шуданд:
Your.Tj ва ТҶ “Ассотсиатсияи тиҷорати хурд ва миёна” лоиҳае, ки ба дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон равона карда мешавад. Лоиҳа вазифаи омода кардани муҳтавои мавзӯъиро дар форматҳои гуногун дар бар мегирад. Инчунин дастгирии таблиғотӣ барои соҳибкорони гуногун дар расонаҳо мебошад.
“Вечёрка” ва ТҶ “Пешсаф” татбиқи лоиҳаи ҳифзи ҳайвоноти бесарпаноҳро идома медиҳанд. Соли гузашта муаллифон қонунгузории хориҷиро таҳлил карда, имзои нафарони ҳамфикрашонро ҷамъ оварданд ва ба ҳукумат муроҷиатнома тартиб доданд. Ҳамакнун шарикон муколамаи хабариро бо ҳукумат идома медиҳанд ва инчунин дар ин мавзӯъ муҳтаво эҷод мекунанд.
“Лиму Медиа” ва ТҶ “ИРОДА” низ амалисозии лоиҳаи “Мураббиён” – ро идома медиҳанд. Ин лоиҳаест, ки дар он нақши мураббиён барои наврасони дорои хусусиятҳои зеҳнро чеҳраҳои шинохтаи пойтахт мебозанд.
ШТР “Тироз” ва ТҶ “Чашмаи Ҳаёт” лоиҳаеро оид ба ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатие, ки дар кишварҳои Русия ё Қазоқистон кор мекунанд, пиёда месозанд. Шарикон дар нақша доранд, ки машваратҳои ҳуқуқии онлайнро барои муҳоҷирон бо ҳуқуқшиносон ташкил кунанд ва ҳамзамон сомонаи худро https://migrant-mobile.com/ бо муҳтавои муфид пур созанд.
ШТР “Диёр” ва ҷунбиши ихтиёриёни “Дари добро” лоиҳаеро амалӣ мекунанд, ки ба дастгирии кӯдакони табақаҳои гуногуни аҳолӣ бахшида шудааст. Рӯзноманигорон муҳтавое омода месозанд, ки дар он дар бораи вазъи кӯдакон, мушкилот ва дурнамои онҳо нақл мекунанд.
Ғолибони озмун дастгирии молиявӣ, кӯмаки коршиносони Интернюс ва машваратҳои коршиносони байналмилалиро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳояшон мегиранд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.