Интернюс барои гузаронидани аудити коммуникатсионӣ шарик меҷӯяд (Тамдид шуд)

Интернюс барои баргузории аудити каналҳои иттилоотии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шарик меҷӯяд. Ҳадафи баргузории аудит арзёбии самаранокии иртиботи берунаи барномаи осиёимарказии MediaCAMP дар кишварҳои номбаршуда мебошад.

Интихоби шарик дар асоси озмун баргузор мешавад (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ: мутахассис ё агентии таҳқиқотӣ). Вазифаҳои шарик аз ин қисмҳо иборатаст:

  • Омодасозӣ ва мувофиқа бо Internews оид ба методология ва шакли аудит.
  • Ҷалби тарҷумонҳо (дар ҳолати зарурӣ) ва ҳамоҳангсозии кори онҳо.
  • Гузаронидани марҳилаи майдонӣ, таҳлил, пешниҳоди муштарӣ дар марҳилаи мобайнӣ.
  • Таҳияи тавсияҳои ниҳоӣ оид ба такмили стратегияи коммуникатсионӣ.

ТАЛАБОТҲО:

  1. Таҷриба дар соҳаи маркетинг, таҳқиқоти сотсиологӣ барои ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ ва ширкатҳо.  (на камтар аз 5 сол);
  2. Таҷрибаи кор дар сатҳи минтақавӣ, таҷрибаи таҳқиқоти байниминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ.
  3. Шиносоӣ бо бозори расонаҳои Осиёи Марказӣ.
  4. Шиносоӣ бо таҳқиқоти расонаҳои минтақавие, ки дар 3 соли охир нашр шудаанд.
  5. Маҳорати қавии ташкилотчигӣ, малакаи муаррифӣ, малакаи муошират.
  6. Доштани малакаҳои таҳлилӣ ва оморӣ.

Дархости шартҳои техникӣ бо суроғаи kz-info@internews.org сурат мегирад.

Барои ширкат дар озмун шахсони ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

  • Мактуб;
  • CV-и довталаб ва инчунин CV-и аъзоёни тим (агар тими корӣ бошад);
  • Намунаҳои чунин арзёбиҳои қаблӣ;
  • Пешниҳоди молиявӣ.

Ҳуҷҷатҳо то соати 17:00 (бо вақти Душанбе) -и 5-уми марти соли 2021, дар суроғаи электронии kz-info@internews.org қабул карда мешаванд. Ҳангоми ирсоли ҳуҷҷатҳо дар сатри мавзуъ ҳатман ин ибораро қайд кунед: “Дархост барои аудити коммуникатсионӣ “. ТАМДИД ГАРДИД: муҳлати қабули дархостҳо то 28 уми марти соли 2021 тамдид карда шуд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *