Комиссияи мустақили озмуни идеяҳо оид ба таҳияи муҳтавои аудиовизуалӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷират ғолибонро муайян кард. Аз 20 дархости қабулшуда се иштироккунанда беҳтарин дониста шуданд:
- Ширкати телевизионии «Ғӯлакандоз», лоиҳаи “Харитаи муҳоҷират” (“Карта мигранта”), ки барои огоҳсозии мухотабон дар бораи хавфҳои муҳоҷират пешбинӣ шудааст;
- Ширкати расонаии «Вечерка», вебдокҳои мултимедиявӣ дар бораи ҳаёти гурезаҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
- Медиахолдинги “Оила”, лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар», ки ба ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида шудааст.
Ба озмуни грантҳо барои гузаронидани маъракаи иттилоотии умумимиллӣ бахшида ба пешгирии савдои одамон ва ҳамчунин муҳоҷирати бехатари дохилӣ ва хориҷӣ 10 дархост ворид шуданд. Мутобиқи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамон, Медиахолдинги “Оила” ғолиб дониста шуд.
Ҳамаи ғолибон аз тарафи Internews дастгирии молиявӣ ва коршиносиро дарёфт хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои грантҳо барои таҳияи муҳтавои аудиовизуалӣ ва баргузор намудани маъракаи итилоотӣ бахшида ба масъалаҳои муҳоҷират дар санаи 8 октябри соли 2021 эълон шуда буданд. Барои иштирок дар озмун расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷамъиятӣ ё продакшен-студияҳо даъват гардида буданд, ки дорои таҷрибаи эҷоди муҳтавои баландсифати аудиовизуалӣ, баргузор намудани маъракаҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин дарки мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.