«Ман низ фарзандамро сараввал қабул кардан натавонистам, ба худ саволҳо медодам: «Чаро ман, чаро маҳз ман?», аммо ин ҳама дар гузашта буд, –мегӯяд қаҳрамони ток-шоуи «Печутоби замон» дар телевизиони СМ-1 Тахмина Ҳакимова-Рисс – ташаббускори ҳаракати волидони кӯдакони дорои синдроми Даун бо номи «Назари дигар». Ин гуна ошкорбаёнии оммавиро аз ҷониби волидони “кӯдакони офтобӣ” дар Тоҷикистон кам шунидан мумкин аст, зеро ҷомеа ҳанӯз ҳам пур аз хурофотҳост. Ток-шоу, бахшида ба кӯдакони дорои синдроми Даун бо дастгирии Интернеюс Тоҷикистон бори аввал аст, ки дар эфири ин шабакаи телевизионӣ намоиш дода мешавад.
Ток-шоуи “Печутоби замон” дар телевизиони «СМ-1» дар вилояти Суғд, яке аз маъмултарин барномаҳо миёни сокинони шимоли Тоҷикистон аст. Дар ин ҷо мавзӯъҳои муҳим матраҳ мешаванд, ки барои аксари тамошобинон фаҳмо ҳастанд, аммо дар бораи одамоне, ки синдроми Даун доранд ,бори аввал аст, ки дар ин барнома сӯҳбат мекунанд.
– Мо ин мавзӯъро қаблан ҳеҷ гоҳ набардошта будем, мо дар бораи инклюзияи кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд сӯҳбат кардаем, аммо бори аввал аст, ки дар бораи кӯдакони дорои синдроми Даун сӯҳбат мекунем. Ин хеле муҳим аст, зеро ҷомеаи мо намехоҳад дар ин бора ошкоро сӯҳбат кунад,- мегӯяд Акрам Урунов, директори лоиҳаҳои ВАО ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ.
Ба гуфтаи ӯ, қаҳрамонҳоро барои ток-шоу пайдо кардан осон набуд: дар ҷомеаи Тоҷикистон, атрофи одамони гирифтори синдроми Даун пур аз хурофот ва қолабҳои шахшуда аст, масалан, бовар доранд, ки дар таваллуди кӯдаки дорои хусусиятҳои хос модар гунаҳкор аст, чунки эҳтимол тарзи ҳаёти номуносибро роҳандозӣ кардааст ё саломатии худро назорат накардааст. Табиист ки «гунаҳгорон» бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки дар мадди назар набошанд, худашону фарзандони худро ба ҷомеа нишон надиҳанд ва аз ин рӯ қаҳрамони ток-шоу шудан ва он ҳам дар яке аз шабакаҳои телевизионии маъмултарин, барои онҳо воқеан қаҳрамонист.
– Дар аввал, волидон қатъиян аз иштирок дар ток-шоу даст мекашиданд, аммо вақте ман онҳоро бовар кунондам, онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ман дар он ҷо бошам ва ҳама чизро ман нақл кунам ва онҳо танҳо хомӯш бошанд, -мегӯяд Тахмина Ҳакимова-Рисс, ташаббускори ҳаракати волидони кудакони дорои синдроми Даун -«Назари дигар», ки якчоя бо шабакаи телевизиони “СМ-1” тасмим гирифтанд, ки ба огоҳонидани омма машғул шаванд.
Иштирокчиёни ҳаракати «Назари дигар» ҳоло 111 оила аз вилояти Суғд мебошанд, ки чанд нафарашон бо Тахмина дар ток-шоу ширкат варзиданд. Ғайр аз ин, ба барнома коршиносон – духтурон, генетикҳо даъват шуда буданд. Аммо, ба гуфти Таҳмина, донишҳои аксарияти онҳо дар бораи синдроми Даун ғайривоқеӣ аст. Масалан, онҳо кӯдакони дорои синдроми Даунро бемор меноманд, гарчанде ки ин беморӣ нест, балки хусусияти генетикӣ дорад, ё модарро дар таваллуди чунин кӯдак айбдор мекунад, ҳарчанд илм ҳанӯз сабабҳои пайдо шудани ин синдромро намедонад.
«Ман дар кӯчаҳои шаҳрҳои Бритониё одамони гирифтори синдроми Даунро мебинам (Таҳмина дар Лондон зиндагӣ мекунад), аммо чаро ман онҳоро дар Тоҷикистон намебинам? Онҳо дар куҷоянд, калонсолони дорои синдроми Даун дар куҷоянд ва кӯдакон дар куҷоянд? Дар Тоҷикистон, волидон бо бадбахтии худ танҳо мондаанд, касе онҳоро дастгирӣ намекунад.Барояшон мушкил аст, аз ин рӯ фарзандонашонро пинҳон мекунанд. Вақте ки ман омадам, онҳо ба ман бо як умед менигаристанд ва ман шарм медоштам, зеро давлат (Бритониё) писари маро хуб нигоҳубин мекунад, вай ба мактаби муқаррарӣ меравад, яъне мо танҳо нестем, аммо дар ин ҷо танҳоанд» – мегуфт Тахмина дар рафти ток-шоу.
Сарфи назар аз он, ки пеш аз сабти барнома, волидон аз Тахмина хоҳиш карданд, ки ҳама гапро ӯ гӯяд, вале ҳангоми мубоҳисаҳо онҳо низ пайвастанд ва дар бораи фарзандони худ, дар бораи чӣ гуна онҳо меҳрубон ва махсус ҳастанд, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуданд.
– Бо кӯдакон бояд машқ кард, албатта,онҳо сусттар инкишоф меёбанд, аммо ба ҳар ҳол.ин баҳона нест Маро он ба ҳайрат меорад, ки чаро духтурон инро ба волидон намефаҳмонанд. Дар охири ток-шоу, ҳатто ҳолати нотавонии ман аён шуд, зеро мардуми мо ба духтурон кур-курона бовар мекунанд ва духтурон, генетикҳо, мутаассифона, дар бораи синдроми Даун маълумоти комилан номуносиб доранд. Аммо ман боварӣ дорам, ки волидон – ҳатто онҳое, ки дар ҳаракати мо иштирок намекунанд, маро шуниданд. Нуқтаи назари дигарро шуниданд, ба андеша рафтанд. Ин барнома дар ҷомеа хеле такондиҳанда буд. Ба шабакаи телевизионӣ ва шахсан ба ман бисёр одамон муроҷиъат карда, саволҳо доданд. Ин ток-шоу чашми бисёр оилаҳоро боз кард,- мегӯяд Тахмина.
Барномаи навбатӣ бахшида ба кӯдакони гирифтори синдроми Даун дар телевизиони «СМ-1» 5 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад ва акнун коршиносон дар ин мавзӯъ дар эфири шабакаи телевизионӣ баромад хоҳанд кард. Эълонҳои барнома, инчунин хабарҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти муштараки «Назар дигар» ва «СМ-1»-ро метавон дар саҳифаҳои шабакаи телевизиноӣ ва дар Facebook пайдо кард.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.