Ёдгор Исломбеков, муаллифи канали «Iron King» яке аз юутубчиёни шинохта ва машҳур дар Тоҷикистон аст. Теъдоди тамошобинони мусоҳибаи ӯ бо Қадами Қурбон ба зудӣ ба як миллион мерасад. Барои контенти маҳаллӣ дар чунин формат – ин бисёр натиҷаи хуб аст. Мо бо Ёдгор субҳи барвақт дар боғи “Ғалаба”-и шаҳри Душанбе вохӯрдем ва бидуни вайрон кардани масофаи иҷтимоӣ, дар бораи хейтерҳои (бадбинон) маҳаллӣ, касби даромад аз контент ва қаҳрамонҳои мусоҳибаҳои ӯ сӯҳбат кардем.
Умуман, ҳар як рӯзноманигори Тоҷикистон ба Ёдгор Исломбеков ҳасад бурданаш мумкин аст: ВАО-и маҳаллӣ медонанд, ки ёфтани қаҳрамон барои мусоҳиба, алахусус барои мусоҳибаи видеоӣ, чи тавр душвор аст, аммо дар канали «Iron King» зуд-зуд шахсиятҳои хеле машҳур пайдо мешаванд. Қаҳрамонон мутлақо гуногунанд: – варзишгарон, актёрҳо, навозандагон; ба наздикӣ, Ёдгор бо шахси хеле машҳур дар Тоҷикистон ва берун аз он Каромат Шарипов мусоҳиба баргузор кард, ки ӯ солҳои дароз диаспораи тоҷикон дар Русияро сарварӣ мекард, дар шабакаҳои телевизионии федералӣ баромад мекард, аммо соли гузашта аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин охирин мусоҳиба дар зиндагии Каромат буд, ӯ моҳи май аз олам гузашт ва ин маънои онро дорад, ки ин сӯҳбат дар таърих боқӣ хоҳад монд.
Аммо, ин ягона мусоҳибае нест, ки онро таърихӣ номидан мумкин бошад, тақрибан ҳамин рӯзҳои наздик Ёдгор бо ҳамтои худ, блогнависи хеле ҷавон – Саша Массква сӯҳбат кард, ки аз ӯ (тавре ки худи онҳо дар сӯҳбат гуфтанд) “тамоми кишвар нафрат дорад.” Сабаби бадбинӣ – гомофобия аст ва Саша Массква барои мансубият ба ҷомеаи ЛГБТИ айбдор карда мешавад, гарчанде ки худи блогнавис инро рад мекунад. Дар Тоҷикистон ҳама чизҳои марбут ба ин мавзӯъ ба таври анъанавӣ чунин нафратеро аз ҷониби ҷомеа ба вуҷуд меоранд, ки кас танҳо барои муошират бо шахсе, ки ҳатто ошкоро ҳамҷинсгаро нест, балки танҳо “зери гумон аст,” зарар мебинад. Ёдгор барои ҷуръаташ дар гузаронидани ин мусоҳиба “мукофот”-ашро гирифт: аллакай садҳо шарҳҳо бо лаънатхониҳо дар зери видео на танҳо ба сурғаи Саша Массква, балки ба муаллифи канали «Iron King» низ гузошта шудаанд. Аммо, ин мусоҳиба яке аз ҳодисаҳои нодирест, ки намояндаи намоёни “бачаҳои рост” нотарсида худро дар хатар гузошт ва бо одаме сӯҳбат кард, ки тамоми кишвар ӯро танҳо барои аз аксарият фарқ доштанаш бад мебинанд. Ин низ дар навбати худ як навъ таърих аст.
Мусоҳибаҳо ба туфайли Гулнора Амиршоева пайдо шуданд
Ёдгор мегӯяд, ки вай шарҳҳоро аз мусоҳиба бо Саша Массква нахондааст. Аммо вай “мунаққидон” -и сӯҳбаташ бо марҳум Каромат Шариповро хондааст.
– Пас аз он мусоҳиба нисбати ман агрессия бисёр буд. Одамон менавиштанд, ки ту чӣ ҳаққи пурсидан дорӣ, ки ӯ аз куҷо пул ва ҳавлӣ дорад. Дар мо ку ба саволҳои форам одат кардаанд. Боз доим ба ман менависанд, ки, чаро ту ба меҳмонон салом намедиҳи? Бале, ӯ назди ман омад, ман як соат омодааш кардам, чаро ман бояд тасаввуроти дуруғине эҷод кунам, ки гӯё мо ҳозиракак вохӯрдем? Шумо ба мусоҳиба аз ҷониби дигар нигоҳ кунед: қаҳрамонро кушодан тавонистам ё на. Ман инро ба назар мегирам. Ман дар ин бора фикр мекунам. Аммо ба ман гуфтан, ки чаро дар гардани ман занҷир аст, чаро ман галстук напӯшидаам ва чаро аз зарфи пластикӣ об менӯшам? Ин ба ҳеҷ мантиқе рост намеояд, – мегӯяд Ёдгор дар бораи «мунаққидонаш».
Вақте блогнавис ба тозагӣ канали худро оғоз карда буд, чунин чизҳо набуд; дар зери видеоҳои аввал тақрибан ҳама шарҳҳо бо як дилгармӣ буданд. Инҳо видеоҳое буданд, ки ба варзиш бахшида шуда буданд. Ёдгорро пеш ҳамчун як варзишгари хуб мешинохтанд ва танҳо ду сол пеш, ба туфайли сардабири ширкати расонаии «Вечерка» -Гулнора Амиршоева, ӯ ба эҷод кардани контенте шурӯъ кард, ки ба ӯ барои блогнависи машҳур шуданаш кумак кард.
– Он замон ман кори расондани ғизои солимро оғоз карда будам. Одамонеро пайдо кардам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, маҳсулоти худро ба онҳо фиристодам ва пешниҳод кардам бичашанд ва бинависанд. Ва яке аз ин афрод Гулнора Амиршоева буд. Ба ҳар касе ман муроҷиат мекардам, фавран ҷавоб дода, розӣ мешуданд, ки кумак кунанд, аммо Гулнора хеҷ розӣ намешуд. Ҳоло мо дӯстони хубем, аммо он замон ӯ чунин ҷавоб дода буд: «Ой, ман намедонам, ман намехоҳам, ман тасаввуроте надорам». Хулоса базур ӯро бовар кунондам, ки ақаллан ғизои омоданамудаи маро гирад ва бичашад. Ахиран ғизоро қабул кард ва ман як ҳафта интизор шудам, ҷавобе нест, боз як ҳафта гузашт ҳануз хомушӣ. Маҷбур шудам, ки боз ба ӯ муроҷиат кунам: «Гулнора, салом, шумо чӣ хелед?” Ва он гоҳ ӯ ба ман ҷавоб дода гуфт, ки ҳеҷ чиз намегӯям, маро ба мусоҳиба даъват кун, он вақт мегӯям. Охир ҳама контенти ман дар бораи варзиш буд, чӣ тавр ман ӯро даъват мекунам? Аммо Гулнора ба ман гуфт: “Чӣ фарқ дорад” ва ман нишастам ва фикр кардам, дар ҳақиқат, чӣ фарқ дорад? Ва ман шуруъ кардам ба омодагӣ гирифтан ба мусоҳиба ,- мегӯяд Ёдгор.
Ҳоло ӯ мегӯяд, ки мусоҳиба бо Гулнораро дубора тамоша кардан намехоҳад, зеро дар соли 2018 Ёдгор танҳо як камера дошт, камераи дуюмро дӯсташ оварда буд, ки садо ҳам надошт
– Мо як бало карда мусоҳибаро сабт кардем ва Гулнора дар ниҳоят дар бораи ғизои солими таҳиякардаи ман як пост навишт. Аммо, ман аллакай тағйир ёфта будам ва маълум мешавад, ки ба лутфи ӯ ман чунин наворҳоро сабт мекардагӣ шудам. Каме бадтар дӯсти ман аз Маскав омад ва ба ман маслиҳат дод, ки «Вдуд»-ро тамошо кунам. Он вақт ман Познер, Дмитрий Гордонро тамошо мекардам, Дуд буд, аммо ман дар бораи ӯ чизе намедонистам. Дар омади гап, ҳоло ман ӯро тамошо намекунам, ман кӯшиш мекунам, ки худро канор бигирам, аммо хеле дер шудааст. Вақте ки ягон чизро тамошо мекунӣ, хоҳ- нахоҳ ба тақлид кардан оғоз мекунӣ. Ман кӯшиш мекунам, ки ин корро накунам, муҳити мо фарқ мекунад, аммо ба ҳар ҳол барои баробар шудан кушиш мекунӣ, ин ба ман таъсир мерасонад. Албатта, ман корҳои худамро хеле кам тамошо мекунам, аммо мусоҳибам бо НагаАрт шахсан ба ман писанд наомад. Бисёр бад буд! Ким чи хел агрессия аз ҷониби ман, ман ин тавр намехоҳам. Аммо ‘хеле дер шудааст. Ва тамғаи он, ки ман аз Юрий Дуд тақлид мекунам, ҳаст. Ва ин маро нороҳат мекунад. Дуд – сатҳи баланд аст, барои то ӯ расидан, ба ман хеле заҳмат кашидан лозим аст, аммо намехоҳам, ки маро бо ӯ муқоиса кунанд. Ман мусоҳибаҳои солҳои 70-ум ва 80-умро тамошо кардаам – бачаҳои ғарбӣ ин корҳоро кайҳо боз мекарданд. Дмитрий Гордон чунин форматро, ҳануз соли 2005 таҳия карда буд. Дуд ин жанрро аз нав эҳё кард ва онро ба YouTube овард, шояд ба туфайли ӯ блогнависон каму беш шинохта шуданд, – шарҳ медиҳад Ёдгор.
Ҳоло реклама нест
Айни замон, таҷҳизоти каналии «Iron King» беҳтар аст, зеро соли гузашта Ёдгор дар озмуни грантҳои Интернюс дар Тоҷикистон барои истеҳсоли контенти ватанӣ ғолиб омада,бо он маблағ ҳама таҷҳизоти лозимаро харид. Он замон дар байни рӯзноманигорони касбӣ ва ҳатто режиссёрҳои шинохта, Ёдгор ягона блогнавис буд. Ва дар маҷмӯъ, вай ин бозорро худаш барои худ кашф кардааст.
– Ман реклама надорам. Дурустараш доштам, аммо ройгон, зеро ширкат танҳо ба муштариёни ман тӯҳфаҳо тақдим мекард. Ман худам ба назди Colin’s омадам, назди духтарон рафтам – фурӯшандагон, аммо онҳо маро нашинохтанд, аммо соҳиби мағоза шинохт ва пурсид, ки реклама чанд пул аст. Ва ман гуфтам, ки бепул … Намедонам чаро ин тавр гуфтам. Ман як камбудии калон дорам, шояд ин хоксорӣ бошад, ман ба кори худам нарх намегузорам. Ҳама вақт фикр мекунам, ки ҳанӯз ба он дараҷаи лозимӣ нарасидаам, ҳоло бояд худро нишон надиҳам. Баъзан ман назди меҳмони худ меоям ва ӯ мегӯяд: «Эй бисёр хуб, ки ту омадӣ. Ман мусоҳибаҳои туро тамошо мекунам». Ман бошам истода ҳайрон мешавам: аҷиб ки тамошо мекардааст, мешинохтааст, – мегӯяд Ёдгор.
Аммо, сарфи назар аз он, ки реклама то ҳол вуҷуд надорад, канали «Iron King» пешниҳоди тиҷоратӣ дорад, нархҳои худро дорад ва фаҳмиши онро дорад, ки чиро реклама кардан арзиш дорад ва чиро не.
– Бояд бигӯям, ки ман бо дафтарҳои букмекерӣ кор намекунам. Онҳо пешниҳод карданд, аммо ман кор накардам. Аввалан, мавзӯи бисёр обшуста аст, ба куҷо ки нигоҳ накунед – ҳама ҷо рекламаи онҳо. Дуюм, ман ҷонибдори дафтарҳои букмекерӣ нестам, зеро ман дар ин система кор мекардам ва дидаам, ки волидайни муштариён омада дар назди дарҳо ашк мерехтанд ва мегуфтанд, ки фарзандонашон барои бозӣ дар гаравхонаҳо пулро дуздидаанд-. Вақте онҳо ба ман муроҷиат карданд, гуфтанд: “Шояд аввал нархро бишнавӣ?”, аммо ман ҷавоб додам: “Не, ба ман нарх даркор нест”, зеро вақте ки шумо афзорҳои замонавии сабти садо надоред, шунидани нарх лозим нест. Худро гирифтори васваса кардан чи лозим.. Ман тасаввур кардам, ки ба коргоҳ омада, ба бачаҳо нархеро, ки ман рад кардам мегӯям ва онҳо ба ман ҷавоб медиҳанд: “Оё ту девона шудаӣ! Мо ҳама чизро барои ту ройгон мекунем ”. Дар маҷмӯъ, ман нархро ҳам нафаҳмидам, – мегӯяд Ёдгор.
Дар мавриди монетизатсия (касби даромад) низ мушкилӣ ҳаст: дар як моҳ ҳамаги 30 доллар, Ёдгор онро ба наздикӣ бо продюсери машҳур Беҳрӯз Зеваров ба роҳ мондааст.
– Мо бо Беҳрӯз вохӯрдем ва ӯ ба ман пешниҳод кард:” Вақте видеоро ворид мекунӣ , назди ман биё, онро якҷоя ворид мекунем, ман ба ту як чизро нишон медиҳам. ” Ва вақте бо Олег Фезов мусоҳиба анҷом додам, назди Беҳрӯз омадам ва ӯ ба ман кӯмак кард, ки ҳама чизро дуруст танзим кунам ва пул омадан гирифт,- мегӯяд ӯ.
Қаҳрамонон ва худсензура
Мусоҳибаи маъруфтарин дар канали «Iron King» – сӯҳбат бо Қадами Қурбон аст. Қабл аз он, ки Ёдгор бо ӯ вохӯрд, видеоҳои оддии тақлидӣ, ки Қадами Қурбон онҳоро дар тӯйҳои шавқовари деҳот иҷро мекард, миллионҳо назарҳо ҷамъ мекарданд, аммо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ баён карда, амалҳои ӯро : «шармандагии миллат», медонистанд.
– Мо бисёр ба ӯ занг мезадем, аммо ҳеҷ ӯро ба даст овардан наметавонистем, ӯ ҳамеша банд буд. Баъдан ӯ гуфт, ки як рӯзи холӣ дорад- 30 декабр ва ӯ дар Шурообод (225 км аз Душанбе дуртар– аз муаллиф.) зиндагӣ мекунад. Ман бачаҳоро ҷамъ карда гуфтам: “Ба ман тӯҳфаи солинавӣ тақдим кунед”, онҳо гуфтанд, ки албатта, мушкиле нест. Аммо вақте гуфтам, ки бояд дар арафаи Соли нав ба он ҷо рафтан лозим, онҳо хело норозигӣ баён карданд. Аммо, ба ҳар ҳол рафтем. Омадем, акаи Қадам нест, ӯ ба як дарраи дигар ба зодрӯзи дӯсташ рафта будааст. Мо аз пайи ӯ рафтем, бегоҳирӯзӣ, вақте ки аллакай торик шуда буд, мо ба ҷои зарурӣ расидем. Ва он гоҳ ман фаҳмидам, ки ё мо мусоҳибаро худи ҳозир сабт мекунем ё дигар ҳеҷ вақт. Ва мо дар соҳили дарё нишастем, чароғҳои мошинҳоро фурӯзон кардем, зеро мо “барқ” надоштем ва ба сабт шурӯъ кардем. Ман ҳеҷ интизор надоштам, ки ин беҳтарин мусоҳиба бо теъдоди зиёди назарҳо хоҳад шуд, – ба ёд меоварад Ёдгор.
Албатта, натиҷаи кӯшишҳо на ҳама вақт муваффақиятро кафолат медиҳад. Ба монанди дигар ашхоси расонаӣ дар Тоҷикистон, ба Ёдгор низ пайдо кардани қаҳрамонҳо барои мусоҳиба душвор аст. Вай мегӯяд, ки муддати тӯлонӣ кӯшиш кард, ки аз муфтии Тоҷикистон ва сармеъмори Душанбе “розигӣ” бигирад, ҳарду шахсиятҳои ҷолиб барои аудитория ҳастанд, аммо ҳардуи онҳо миллионҳо баҳона ёфтанд, то ки мусоҳиба надиҳанд.
– Бисёриҳо пешниҳодро барои мусоҳиба рад мекунанд. Мардум ҳамкорӣ намекунанд. Аз ҳама зиёд, махсусан мансабдорони мо метарсанд, – мегӯяд Ёдгор.
Бо мақсади умуман бе қаҳрамон намондан, рӯзноманигорони зиёди Тоҷикистон аз худсензура берун нестанд ва баъзан ба мусоҳибони худ имкон медиҳанд, ки маводро пеш аз нашр ҳамоҳанг кунанд ё саволҳоро пеш аз мусоҳиба пешниҳод кунанд. Ёдгор мегӯяд, ки вай аз ин таҷриба истифода накардааст ва ният ҳам надорад.
– Якум, ин ки ман ҳеҷ гоҳ саволҳоро пешакӣ намедиҳам: ё мо тамоман мусоҳиба намекунем ё мо мусоҳибаи воқеӣ мекунем. Ман ҳамеша қаҳрамонҳоро ҳушдор медиҳам, ки шояд пас аз нашр шумо бо ягон мушкилот дучор шавед, ки ман инро намехоҳам, бинобар ин шумо бояд ба гуфтаҳои худ ҷиддӣ муносибат кунед, зеро баъд ман чизеро қайчӣ намекунам. Танҳо як маротиба маҷбур шудам қиссаи қаҳрамони худро, дар бораи он ки чи тавр пеш аз маросими расмӣ ришашро тарошида буд, қайчӣ кунам. Он ҳам пас аз он, ки падараш ба ман занг зад ва аз ман хоҳиш кард, ки ҳаёти писарашро вайрон накунам.
Дар ҳар сурат, ман тарафдори ростӣ ва ростқавлиам, ҳоло ба синаам мушт намезанам ва суханони калон намегӯя, зинда бошем – мебинем. Аммо бо итминони комил гуфта метавонам, ки ман ба худсензура машғул намешавам ва дурӯғ ҳам нахоҳам гуфт,- иқрор мешавад Ёдгор.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.