Вебинар: чӣ тавр метавон, аз хона набаромада, қаҳрамонони ҷолибро барои матлабҳои рузноманигорӣ пайдо кард

Собиқ раҳбари  дафтари «Радиои Озодӣ» – Ниссо Расулова дар бораи чи тавр нақл кардани  достонҳои дорои симои инсонӣ, ки барои аудиторияи васеъ ҷолибанд, дар вебинари махсус барои рузноманигорон ва блогнависон бо забони тоҷикӣ ҳарф хоҳад зад.

Ҳунари бо забони сода нақл кардани қиссаҳои одамон ва тавассути қаҳрамонон нишон додани муҳити воқеӣ – яке аз тамоюлҳои асоси журналистика аст, ки муаллифони муваффақ дар тамоми олам ва аз ҷумла дар “Радиои Озодӣ” ҳам мухбирон истифода мебаранд. Рузноманигор Ниссо Расулова  ин дафтарро  2,5 сол сарварӣ кард ва дар ин муддат даҳҳо шахсиятҳои нодирро пайдо кардаву  дар бораашон қиссаҳои  аҷиберо ҳикоя кардааст.

– Қаҳрамонон одамони оддианд-онҳое, ки мошин мешуянд, нон мепазанд, ё зани муҳоҷиреанд ё занест, ки бо пойҳояш  медузад, чун даст надорад. Онҳо одамони қавианд, ки  ҳамчун намуна метавонанд илҳом биоваранд ва боиси ифтихор бошанд, нафароне ҳастанд, ки таслим намешаванд  ва зиндагӣ ва мушкилоташро  ба тавр сазовор пушти сар мекунанд. Рузноманигор  ин шоистагиҳоро дида, ба мухотабонаш нақл мекунад, – шарҳ медиҳад Ниссо.

Ӯ мегуяд, ки  дилхоҳ мушкилоти иҷтимоиро аз тариқи инсони зинда  нишон додан осонтар аст ва маҳз чунин матлабҳо аз ҷониби хонанда бо шавқу рағбати зиёд аз қабул мешаванд. Дар ҳамин ҳол, барои ёфтани шахсияти муносиб, аз хона  баромадан шарт нест, хосатан,   алҳол ки Тоҷикистон гирифтори короновирус аст ва аксар рузноманигорон маҷбуран дар инзиво қарор доранд. Чи тавр? Дар ин бора Ниссо ҳангоми баргузории вебинари махсус барои рузноманигорон ва блогнависон бо забони тоҷикӣ рузи панҷшанбе, 28 май соати 16:00 ба вақти Душанбе нақл хоҳад кард. Дар ин вебинар номбурда беҳтарин қиссаҳоро аз таҷрибаи “Радиои Озодӣ” ва дар бораи он, ки чи тавр  метавон “журналисти қолабӣ” набуд, нақл мекунад ва  шарҳ медиҳад, ки чи чизҳо одамонро “қаҳрамон”-и матлабҳои рузноманигорӣ мекунанд ва ғайраҳо.

– Пас аз вебинар, барои тамоми хоҳишмандон метавонам  машваратҳо дар ин мавзуъ бидиҳам, кушиш мекунем , ҳангоми ки журналистон матлабҳояшонро дар амал омода месозанд, бо онҳо  ба таври иловагӣ кор кунем, – мегуяд Ниссо.

Пайванд барои вебинар бо забони тоҷикӣ ин ҷо аст.

Таваҷҷуҳ! Барои иштироки  босамар дар вебинар зарур аст.

Версияи охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб кардан. Дар браузер бояд версияҳои охирини Adobe Flash Player, Google Chrome — Flash Player (қаблан насб шудааст) бошанд . Суръати  интернетатонро тафтиш кунед. Суръати  ҳадди аққалли пайвастшавӣ ба вебинар  1Mb., суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2 Mb боло (суръати  паст боиси таввақуфи видое  ё кандашавии овоз ҳангоми нишон додани видеороликҳо ё гарфика мегардад).  Сураъти интернетро метавонед  дар ин саҳифа тафтиш кунед.

Агар ба интернет тавассути шабакаи корпартивӣ ворид мешавед, пас ба администратори системаатон муроҷиат намоед, то ки порти  1935, 80, 443-ро бикушояд. Барои ворид шудан ба саҳифа  тугмачаи  «Войти в вебинар» пахш намуда,  итиилоот дар бораи худатонро пур кунед ва дар муқобили  сатри “муоҳида  бо корбарон” розӣ буданаторо ишора кунед.  Агар ба вебинар  аз тариқи  планшет ворид шуданиед, маслиҳат медиҳем . ки аз барузери  Google Chrome ё Puffin Browse истифода кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *