Алина Валаматзода – бонуи рӯзноманигор дар бораи ҳифзи рақси мардонаи тоҷикӣ гузориши махсус таҳия мекунад. Нахустин қадамҳои ӯ барои амалӣ кардани ин лоиҳа аз омодасозии аудитория барои ин гуна муҳтаво шуруъ шудааст. Алина намоишҳо доир карда, дар бораи таърихи рақси мардонаи тоҷикӣ нақл мекунад. Ҳамчунин кинохроникаҳои пешинро барқарор ва беҳтарин намунаҳои рақсро намоиш медиҳад. Вай талош дорад, дидгоҳҳоеро нисбати рақси мардона тағйир диҳад, ки дар чанд соли охир шакл гирифтаанд. Бархеҳо бар ин назаранд, ки “марди ҳақиқӣ набояд рақс кунад”. Ба илова, гуруҳҳои рақси мардона баста ва ҳунармандон таҳқир мешаванд.
Алина Валаматзода – набераи Ғаффор Валаматзода, раққос, ҳунарпешаи балети шӯравӣ ва устоди рақси тоҷикӣ аст. Алина муддате дар Русия таҳсил ва баъди ба Тоҷикистон баргаштан таваҷҷуҳ кард, ки рақси мардонаи тоҷикӣ ва раққосон дар ҳоли кам шудан ҳастанд. Дар бораи ин мушкил расонаҳо низ менависанд: барои мисол, cabar.asia навиштааст, ки ҳамагӣ чанд сол пеш дар ансамбли касбии рақсии «Ситора»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 18-20 раққоси ҷавон фаъолият мекарданд. Ҳоло аз он шумора танҳо се кас боқӣ мондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки вилояти Хатлон қариб 3,5 миллион аҳолӣ дорад.
“Бо сабабҳои гуногуни фанниву иҷтимоӣ шумори раққосон кам мешавад. Ба назари ман, дар баъзе минтақаҳои кишвар ва дар марказ ҳам ба раққосон назари манфӣ доранд. Ин хеле дардовар аст. Ба фикри ман, рақсҳои мардонаву занона шабеҳи шабу рӯз ҳастанд. Яке аз дигаре ҷудо пойдор намемонад. Ва ё дар сурати нобуд шудани рақси мардона қисме аз таърих ҳам нобуд мешавад, ки ин барои фарҳанги миллӣ хатари ҷиддӣ дорад”, – мегӯяд Алина Валаматзода.
Алинаро унсурҳои фарҳангии гуногун — мусиқӣ, рақс, расму оийн мафтун мекунанд. Вай мегӯяд, ба ҳар кишваре, ки сафар мекунад, ҳатман вижагиҳои миллии онро меҷӯяд.
“Тоҷикистон ҳам аз ин ҷиҳат ҷолибият дорад. Мо арзишҳои беҳамтои фарҳангӣ дорем. Мехоҳам барои оммависозии фарҳангамон саҳм гузорам”, – меафзояд Алина.
Ин аввалин лоиҳаи расонаии Алина аст, ки бо кумаки Интернюс дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Идеяи омода кардани гузориши махсусро дар бораи ҳифзи рақсҳои мардона Алина аз дер боз дар сар дошт. Вай ба озмуни грантии Интернюс дархост фиристод. Ин идея дар қатори ғолибон ҷой гирифт.
“Интернюс натанҳо кумаки молӣ мекунад, балки барои истеҳсоли муҳтаво низ ёрӣ мерасонад. Бароям фарҳангшиносеро ҳамчун мураббӣ вобаста кардаанд, ки мо ҷараёни корро якҷо пеш мебарем. Фарҳанг назокатҳои худро дорад ва маслиҳати коршиносон дар ҷараёни кор муҳим аст”, – гуфт Алина.
Фарҳангшиносе, ки бо Алина кор мекунад, Нурпери Орунбоева аз Қирғизистон аст. Алина мегӯяд, ҳангоми маслиҳату кори якҷояашон Орунбоева маслиҳатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Барои мисол, онҳо якҷоя ба ин хулоса омаданд, ки ғайр аз муҳтаво ва пешбурди онлайнӣ, ҳамзамон маъракаҳои оффлайнӣ ҳам баргузор кунанд. Ба хотири он ки мухотабон ба ин мавзуъ бештар аҳамият дода, ба мавзуъ ворид шаванд. Аз ин рӯ, Алина дар яке аз ярмаркаҳое, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гӯшаеро ташкил карда, намунаҳои рақсҳои мардонаи тоҷикиро ба сокинон нишош дод.
“Ман як тоблуи махсус сохтам ва онро ба ярмарка бурдам. Аз иштирокдорони ярмарка хостам, барои раққосони ансамбли «Лола» суханони нек нависанд. Ман ин тоблуро ба раққосон тақдим хоҳам кард”, – гуфт Алина.
Ғайр аз ин, Алина вақти зиёди худро барои таҳияи гузориш сарф карда, кӯшиш мекунад, бо раққосоне суҳбат кунад, ки дар минтақаҳои кишвар зиндагӣ доранд. Ин суҳбатҳо барои дарки мавзуъ барои Алина аҳамият доранд. Бо ҳамин ният вай чанде пеш ба Хуҷанд сафар дошт ва бо раққосони он шаҳр суҳбат кард. Алина мегӯяд, таҳиясозии ин гузориш барояш сахтиҳову монеаҳо эҷод кардааст.
Суҳбат бо мухотабон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барояш мушкилӣ пеш меорад. Ба ин хотир вай ғайр аз муҳтавои асосӣ муҳтавои изофӣ таҳия ва дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.
“Ҳамчун муҳтавои иловагӣ дар бораи рақсҳои дафнии Тоҷикистон матлабе дар “Азия Плюс” навиштам. Ин мавзуъ ҳассосияти зиёдеро эҷод кард ва дар паёмҳои хусусӣ ба ман таҳдид карданд. Ба ман хеле сахт расид. Мо дар бораи фарҳанг ва навъи рақсе суҳбат карда будем, ки дар ҳоли гумшавӣ аст”, – мегӯяд Алина.
Дар умум теъдоди ҳам мардони раққос ва ҳам коршиносону пажуҳишгароне кам аст, ки ин мавзуъро пайгирӣ мекунанд. Ба ин далел муҳтаво ҳам дар ин мавзуъ дар фазои рақамӣ мавҷуд нест. Яке аз пажуҳишгарони рақси мардонаи тоҷикӣ Лолисанам Эгамова аст. Вай пештар филмеро бо номи “Мардоне, ки рақс мекунанд” таҳия карда буд.
Вазъият дар робита ба ҳифзу идома додани рақси мардона аз он ҷиҳат бадтар мешавад, ки ба гуфтаи Алина, солҳои 80-ум оташсӯзӣ дар “Тоҷикфилм” бисёре аз филму наворҳои рақсиро нобуд карда буд. Акнун бойгоние ҳам нест, ки коршиносон ва раққосони ҷавон аз он истифода кунанд. Бо вуҷуди ин Алина тавонист яке аз наворҳои пешини рақси мардонаро барқарор кунад ва дар яке аз ярмаркаҳои маҳаллӣ нишон диҳад. Ҳоло гузориши махсуси Алина дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Алина мегӯяд, ояндаи наздик гузоришро нашр хоҳад кард.
«Ман аввалин ё охирин касе нестам, ки дар ин самт кор кардам. То ман ҳам буданд касоне, ки барои ҳифзи рақси мардонаи тоҷикӣ филмҳо сохтанд ва пажуҳишҳо анҷом доданд. Умедворам, баъди ман ҳам ин корро анҷом хоҳанд дод. “Мард набояд рақс кунад” ё “рақс барои мард касб нест” – паёми аслии ман шикастани ҳамин дидгоҳҳо аст”, – мегӯяд Алина.