Маҳфили духтарони расонаии Internews: ҳамбастагии журналистӣ дар Тоҷикистон. Дурнамо ва воқеият чӣ гунаанд

Дар замони пандемия, ки журналистикаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти бузург рӯбарӯ шуд, коршиносон дар дохили Тоҷикистон аз ҳамкасбон даъват карданд, ки барои наҷоти журналистикаи тоҷик муттаҳид шаванд ва ҳамбастагии касбиро рушд диҳанд. Бо гузашти ду сол, расонаҳо дар Тоҷикистон бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ мешаванд, ки нигаронӣ ва мизони худсензуриро афзоиш медиҳанд. Дар баробари ин, даъват ба ягонагӣ то ҳол аҳамияти худро дорад, зеро таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳамбастагии касбӣ метавонад арзишҳои умумиро ҳифз кунад ва нигоҳ дорад.

Анҷуманҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон дар ин самт кадом қадамҳоро  мебардоранд? Кумаки дутарафаи ҳамкорон чӣ тавр метавонад вазъиятро ба куллӣ тағйир диҳад? Чӣ гуна метавон ҳамбастагии рӯзноманигориро рушд дод ва тақвият намуд, мо дар як маҳфили духтарони расонаӣ бо коршиносон ва рӯзноманигорони тоҷик суҳбат хоҳем кард.

Internews ҳамаи хоҳишмандонро ба ин суҳбати муҳим даъват мекунад.

Кай вомехӯрем?

30 марти соли 2023 (панҷшанбе), соати 16:00 ба вақти Душанбе. Забони муошират тоҷикӣ аст.

Чӣ тавр дар вохӯрӣ ширкат кардан мумкин аст?

Лутфан, барои иштирок дар вохӯрӣ, ки ба воситаи Zoom баргузор мешавад, дар инҷо сабти ном кунед.

Чӣ бояд овард?

Чой/қаҳва/шарбат/об, табъи хуш ва муносибати созанда.

Маҳфили духтарони расонаӣ чист?

Маҳфили духтарони расонаии Internews чист ва онҳо чӣ гуна мегузаранд, метавонед дар инҷо бубинед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *