Эзоҳи муҳим! Қабули маводҳо барои номинатсияи “Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир” то 15 апрели соли 2023 тамдид карда шуд. Қабули дархостҳо барои озмуни V -уми Осиёимарказии MediaCAMP Award барои рӯзноманигорон оғоз шуд  

Агар шумо ҳеҷ гоҳ ба озмуни Осиёи Марказӣ кореро пешниҳод накардаед ё пешниҳод карда будед, вале ғолиб нашудед, пас ин як имконият аст. Соли 2023 Internews ҷоизаи охирини Award-ро дар доираи барномаи MediaCAMP баргузор мекунад.

Дар давраҳои омӯзишии худ  мо ҳамеша мегӯем, ки довари асосӣ барои расона хонанда ё бинанда аст. Аммо мо боварӣ дорем, ки дар озмунҳои касбӣ ҳам иштирок кардан лозим аст – баҳои ҳамкорон ба мо имкон медиҳад бо назари тоза ба худ ва ҳунару кори худ нигоҳ кунем. Он чӣ дар ниҳоят   ба рақобат таъсир мерасонад, пас барои рушди рӯзноманигорӣ ба таври умум ҳам кор медиҳад.

Дар соли аввал, мо дар MediaCAMP Award 470 асарро (корро) дарёфт кардем ва барои ин кӯшишҳои зиёд сарф шуд; дар ҳолати пандемия сангини соли 2020 – 314 асар (кор) қабул карда шуд; соли 2021 –  690 кор ва соли гузашта – 821. Маълум мегардад, ки озмун  ҳар чӣ бештар машҳур мегардад, рақобат афзоиш меёбад, баранда шудан бештар дилпазиртар мешавад  ва тавре ҳайати доварон қайд мекунанд, сифати маводҳо дар ҳолати баланд шудан аст.   

Вақти он расид, ки боз кори худро ҷамъбаст кунем ва баҳо гирем— гурӯҳи мо қабули дархостҳои иштирок дар озмуни минтақавӣ MediaCAMP Award 2023 барои рӯзноманигоронро оғоз мекунад.

Маводҳоро барои иштирок дар озмун метавонед аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз ВАО- и мустақил ё давлатӣ пешниҳод кунед. Ҳам аз номи идораи нашрия (редаксия), ҳам аз номи худ —  агар шумо муаллиф-созандаи муҳтавои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё журналист (рӯзноманигор), суратгир, видеограф; ҳам  корманди доимӣ, ҳам корманди ғайридоимӣ бошед, метавонед пешниҳод намоед.

Муҳтаво дар ҳар формату жанр қабул карда мешавад (ба забони русӣ ва  забонҳои миллӣ  — қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қарақалпоқӣ), дар расонаи мустақил ё давлатӣ дар яке аз кишварҳо аз 1 июни соли 2022 то 19 феврали соли 2023 (ба шумули соли мазкур) нашр шудааст.

Аз пешниҳод ва мубодилаи кори худ хиҷолат накашед. Шитоб накунед — беҳтарин мавод ва номинатсияи муносибро интихоб кунед. Аммо вақтро тӯл надиҳед— муҳлати қабули дархостҳо то 19 марти соли 2023.

Варақаҳо (формаҳо) барои пешниҳоди  дархостҳо дар ҳамин рӯз соати 23:59  ба вақти маҳаллӣ  баста мешаванд.

UPD: Муҳлати қабули дархостҳо то 31 марти соли 2023.

UPD2: Қабули маводҳо барои номинатсияи “Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир” то 15 апрели соли 2023 тамдид карда шуд.

Пеш аз дархост кардан, ҳатман шартҳои озмунро дақиқ омӯзед! Номинатсияро дуруст интихоб кунед. Агар шумо дар вақти интихоб хато карда бошед, мо наметавонем на онро баррасӣ кунем ва на ба категорияи дигар гузаронем. Дар MediaCAMP Award қоидаҳои дигар ҳам вуҷуд доранд: мисол, рӯзноманигорони ВАО-и хориҷӣ наметавонанд дар озмун иштирок кунанд. Кадом расонаро мо хориҷӣ мешуморем?Ҳамаи ҷавобҳо—  дар ин линк.

Барои иштирок амалҳои зеринро иҷро кардан лозим аст::

  • шинос шудан бо шартҳо,
  • интихоб кардани мавод,
  • муайян кардани номинатсия,
  • пур кардани дархости ҷудогона барои ҳар як кори ба озмун пешниҳодшуда (линкҳо  барои ҳар як номинатсия дар поён оварда шудаанд),

имзо гузоштан ва замима кардани мактуб, ки иҷозат медиҳад аз маводи шумо дар озмун истифода карда шавад. Бе ин мактуб фиристодани дархост мумкин нест. Намунаро аз ин ҷо боргирӣ кардан мумкин аст.

  Номинатсияҳое, ки ҳайати доварон  ба корҳо баҳо медиҳанд:

Финалистҳо (шахсони ба даври ниҳоӣ роҳёфтаи озмун) ба MediaCAMP Fest даъват мешаванд, ки моҳи июн дар Алмаато, Қазоқистон баргузор мешавад.

Дар вақтҳои  наздик Internews инфосессияҳоро (машғулиятҳои иттилоотиро) баргузор мекунад, ки дар бораи интихоби номинатсия, пешниҳоди дархостҳо маълумоти муфассал медиҳад ва ба ҳамаи саволҳои иштироккунандагон посух медиҳад. Эълонҳо дар бораи чунин вохӯриҳо ба таври алоҳида нашр мешаванд. 

Соли 2022 озмун бори чаҳорум пас аз танаффуси тӯлонӣ ва ба таври зинда гузаронида шуд. Агар шумо фаҳмидан хоҳед, ки соли 2021 чӣ гуна гузаронида шуд, ба ин линк ворид шавед, дар бораи ғолибони соли 2020 дар ин ҷо  ва пирӯзшудагони озмун дар  соли 2019-м —  дар ин ҷо .

Агар шумо чизеро дақиқ кардан хоҳед, бинависед ба Central-Asia-Applications@internews.org (бо нишон додани мавзӯъ: “Савол вобаста ба озмуни MediaCAMP Award 2023”) ё ба шумораи +7 771 701 3838 (Telegram, WhatsApp).

Озмун дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *