Дар Тоҷикистон танҳо 9 ҷавонписари дорои вижагиҳои зеҳнӣ кори доимӣ доранд. Барои бештар шудани шумораи онҳо, рӯзноманигорон ба ҷомеа дар бораи он нақл мекунанд, ки ҳар тифле ба қаҳрамонӣ қодир аст , агар кор бо ӯ саривақт ва дуруст оғоз ёбад.
Аз субҳи содиқ қаҳвахонаи” Дар як замин” буи гуворои маҳсулоти қаннодӣ медиҳад. Дар атрофи мизҳо ҳеҷ кас нест, вале ин ҷо серғалоғула аст: аз ошхона садои зарфҳо, техника ва овозҳои занона ба ҳам омезиш меёбанд . Ороиш дар қаҳвахона чунон дилкаш аст, ки ба синфи гурӯҳи калонсолон дар кӯдакистон мемонад – дар рафҳо бозичаҳои дастисохт , дар тирезаҳо – гулдонҳо.
Лола Насриддинова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”, ки бо ибтикори волидони кӯдакони гирифтори аутизм таъсис ёфтааст ва соҳиби ин қаҳвахона аз ошхона бо болопуши пойафзол мебарояд ва ҳамзамон чой ва шираворӣ барои чой пешниҳод менамояд.
– Ба ман кулчапанир бо бизе маъқул аст, ки номаш “Дар як замин” аст, инчунин кулчақандҳо бо себ ва анвои мағзҳо – хеле лазизанд. Паҳлаваҳоямон бисёр бомаззаанд. Маъзарат мехоҳам, ҳеҷ гап нест,ки ман худамонро ситоиш намекунам? Аммо воқеан , ҳама маҳсулотамон хеле болаззат аст, – мегӯяд Лола.
Пирог бо себу чормағз дар ҳақиқат хуб аст, вале таассуфовар аст, ки дар ин ҷо меҳмонон ба назар намерасанд. Сабаби инро Лола шарҳ медиҳад , ки қаҳвахона дар як қисмати биноҳои истиқоматии шаҳр ва ҳатто дар қаламрави мактаби оддӣ ҷойгир аст. Дар оянда онҳо нақша доранд, ки дар ҷои нисбатан серодами шаҳр боз як нуқтаи нав кушоянд. Алҳол қаҳвахонаи “Дар як замин” пеш аз ҳама, барои одамони дорои вижагиҳои зеҳнӣ майдончаи тамрин аст.
-Дар қаҳвахонаи мо нӯҳ кӯдаки гирифтори аутизм кор мекунанд, онҳо ҷадвали махсуси корӣ доранд – дар як рӯз се соат кор мекунанд, ҳама расман кор мекунанд. Пас аз кор, дар ин ҷо бачаҳо дар синфҳои компютерӣ таҳсил мекунанд ва ба арт-терапия машғул мешаванд. Дар ошхона кори онҳо аз ҷониби ошпазони касбӣ ва ҳамзамон омӯзгорон ҳамоҳанг карда мешавад. Акбар ва Равшан ҳама корро иҷро кардан метавонанд, онҳо бо гирифтани таъомнома рафта хӯрок мепазанд. Дигарон кӯмак мекунанд ”- мегӯяд Лола.
Ӯ аз кормандони худ хеле розӣ аст,зеро, аввалан, онҳо ҳеҷ гоҳ дуздӣ намекунанд, дуюм, онҳо дурӯғ гуфта наметавонанд ва сеюм, онҳо бениҳоят дақиқкоранд. Каҳвахона хадамоти фосилавии пешниҳоди таъомҳоро иҷро мекунад ва бачаҳо низ дар сафарҳо кор мекунанд. Дуруст аст, ки то ҳоло фармоишҳо каманд, – ду-се маротиба дар як ҳафта ва чун қоида, аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ.
“Онҳо метавонанд зиндагии тамоман дигар дошта бошанд“
Далели он, ки қаҳвахонаи «Дар як замин» ду сол аст, ки кор мекунад ва дар он ҷо бачаҳои гирифтори аутизм ба таври расмӣ ба кор гирифта мешаванд, мӯъҷизаи воқеист. Лола ба ёд меорад, ки вақте ӯ модари кӯдаки махсус шуд, ҳеҷ гуна барномаҳои кӯмак ё иттилооти марбут ба ин мавзӯъро намёфт. Матнҳои журналистӣ бо гузоришҳо дар бораи чорабиниҳои хайриявӣ дар мактаб-интернатҳо маҳдуд буданд. Одамони кӯдакони дорои хусусиятҳои зеҳнӣ, албатта, афсус мехурданд, аммо касеро ба худ наздик шудан намемонданд.
– Чунин кӯдакон аз ҷомеа пинҳон буданд – дар хона ва ё дар интернат. Онҳоро дар хона маҳкам мекарданд, дар кат ҳам мебастанд, зеро касе бо онҳо кор карданро намедонист ва ҳатто тасаввур намекард, ки онҳо метавонанд зиндагии комилан дигареро дошта бошанд ”, -мегӯяд Лола.
Барои он ки ҳаёти онҳо фарқ кунад ва хусусиятҳои онҳо сифат бошанд, на норасоӣ, бояд аз рӯзҳои аввали зиндагӣ бо ин кӯдакон кор кунанд, яънн ба ҷомеа ворид кардан, мутобиқ сохтан, кумак крадан барои баробар бо дигарон зистан ва аз ҳама муҳимаш ба ҷомеа иншон додан, ки ин имконпазир ва хатарнок нест.
– Солҳои аввали ҳаёт барои ҳама гуна кӯдакон муҳиманд, вале хусусан барои кӯдакони дорои хусусиятҳои зеҳнӣ. Ба волидон дарк кардан лозим аст,ки рӯйдодро фаҳманд, аз хаёлҳои беасос дур шаванд, техникаи мувофиқро интихоб кунанд ва ба кор сар кунанд ”,- шарҳ медиҳад Лола.
Лола барои фарогирии шумораи бештари одамон ба ин мавзуъ лоиҳаи «Оғози барвақт» -ро пешниҳод кард ва ғолиби озмуни ғояҳои Интернюс Тоҷикистон гардид, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ тавассути ҷалби аудитория равона шуда буд. Шарики “Ирода” дар ин лоиҳа радиои машҳури Азия-Плюс буд, ки ҳоло барномаҳои мустақимро оид ба рушди кӯдакони хурдсол пахш мекунад.
– Мо барои дастгирӣ ба радиои Азия-Плюс муроҷиат кардем, зеро каме таҳлил кардем ва дида баромадем, ки кадом ВАО дар ин мавзӯъ кор кардааст. Маълум шуд, ки рӯзномаҳо ва нашрияҳои интернетӣ дар бораи кӯдакони дорои нуқсонҳои зеҳнӣ сӯҳбат мекунанд, аммо на радио. Илова бар ин, мо мехостем, ки шарики мо дар ин лоиҳа як воситаи ахбори бонуфузе бошад, ки шунавандагон ба он бовар мекунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона худро таблиғ мекунанд. Ва ниҳоят, барои мо муҳим буд, ки худи кормандони ВАО одамони таҳаммулпазир ва боэътимод нисбат ба кӯдакони дорои нуқсони зеҳнӣ бошанд. Ба ҳамаи ин меъёрҳо радиои Азия Плюс хеле мувофиқат мекунад ”, -мегӯяд Лола.
Пахши барномаҳо бахшида ба рушди барвақти кӯдакон моҳе ду маротиба рӯзи ҷумъа дар радиои “Азия-Плюс” аз ҷониби ду ровии маъруф – Даря Христолюбова ва Баха Назирбаев баргузор мешаванд. Сабти барномаҳо дар сомонаи Азия-Плюс дар бахши махсус таҳияшудаи “Оғози барвақт” нашр мешавад. Аллакай се барнома пахшу шуда, ҳафт барнмаи дигар боқӣ мондаанд. Аммо ҳатто пас аз се барнома ҳам натиҷаҳо ҳастанд.
– Дар эфир, мо пешниҳод мекунем, ки савол диҳанд ва корбаронро барои муҳокимаи мавзӯъҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъват менамоем; “Ирода” нӯҳ гурӯҳи фаъол дар паёмрасонакҳо ва Азия Плюс саҳифаи машҳур дар Facebook дорад. Дар натиҷа, якчанд оилае ба мо муроҷиат карданд, ки хусусиятҳои инкишофи фарзандонашро пайхас карданд ва мо ташхис кардем ва мутаассифона, дар ду ҳолат аутизм ошкор шуд. Ҳоло мо бо ин оилаҳои, кӯдакони хурдсол кор хоҳем кард ва онҳо бояд хуб шаванд, – мегӯяд Лола.
Конфронси навбатӣ дар се шаҳри Тоҷикистон баргузор мешавад
Аммо дар радио рӯзноманигорон ва коршиносон кӯшиш мекунанд, ки маълумотро ба доираи васеи мардум пешниҳод кунанд, ки ин ҳам барои волидони кӯдакони оддӣ ва ҳам кӯдакони дорои маълулияти зеҳнӣ муфид хоҳад буд. Инчунин барои волидоне, ки ташхиси фарзандони худро аллакай медонанд, кӯмаки бештар касбӣ гирифтан мумкин аст.Барои ин “Ирода” дар доираи лоиҳаи «Оғози барвақт» дар Душанбе ва Хуҷанд видеоконфронсҳо баргузор менамояд, ки дар давоми он мутахассисони байналмилалӣ бо Skype бо волидон муошират мекунанд. Чаҳор конфронс аллакай гузашт ва теъдоди умумиашон чун барномаҳои радиоӣ 10-то хоҳад буд.
– Масалан, дар охирон конфронси видеоӣ, мо дар бораи он нақл кардем, ки чӣ гуна волидони кӯдакони дорои нуқси зеҳнӣ бо таҷрибаҳои худ барои кӯмак ба фарзандашон бояд талош кунаанд. Конфронсро Рейчел Теинш, мутахассиси баландпоя аз Шотландия, мушовири ЮНИСЕФ, ки мо солҳои тӯлонӣ бо ӯ кор карда истодаем, баргузор намуд, аммо дар рафти муаррифии ӯ мо бисёр чизҳои навро омӯхтем, зеро Рейчел дар ҷое кор мекунад, ки макони таҳияи усулҳои ёрирасонӣ аст, -мегӯяд Лола.
Вай тавзеҳ медиҳад, ки илова бар лоиҳаи “ Оғози барвақт” ҳамзамон “ Ирода” чандин лоиҳаҳои дигарро низ татбиқ мекунад ва иштирокчиёни ин конфронс дар онҳо низ ширкат меварзанд.
– Ва бо онҳое, ки дар конфронсҳо буданд, кори мо дар дигар лоиҳаҳо осонтар мешавад. Бисёре аз волидон ҳангоми конфронсҳо дар бораи барномаҳои дигари мо хоҳанд фаҳмид,- мегӯяд Лола.
Дар Душанбе вохӯриҳо дар бинои Tcell Plaza, дар Хуҷанд – дар меҳмонхонаи Khujand Star Hotel. баргузор мешаванд. Пас аз конфронси чорум ба “Ирода” аз Хоруғ занг зада гуфтанд, ки онҳо ҷой, Интернет меёбанд, одамонро ҷамъ мекунанд, фақат ки моро ҳам шомили гуруҳ кунед. Албатта, ташкилкунандагон розӣ шуданд. Ҳамин тавр, конфронси навбатӣ дар се шаҳри Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Ҳини сӯҳбат, Лола сараввал занеро пай намебарад, ки интизори тамом шудани суҳбати мост. Номи зан Саодат аст, ӯ модари фарзанди махсус аст ва мехоҳад барои духтари хурдии Лола чизеро тӯҳфа кунад. Тӯҳфа – ду лӯхтаки аз матоъ духташуда аст. Ҳама волидон дар ин ҷо ҳангоми мунтазири фарзандонашон нишастан чизе эҷод мекунанд, ки ин ҳам як навъ табобат аст: касро машғул мекунад ва барои ба худ омадан ёрӣ мерасонад, то ки ба тарбияи дурусти оғози барвақт мусоидат намояд.
Лоиҳаи “Оғози барвақт”дар моҳи октябри соли 2019 ғолиби озмуни ғояҳо барои ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби аудитория гардид. Дар чаҳорчӯбаи барномаи Осиёи Марказӣ -MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ҳамагӣ 5 бор чунин навъи озмунҳо баргузор мешаванд.