Вазифаҳои асосӣ иборатанд аз:
- Иҷрои тамоми амалиёти бонкие, ки ба гирифтан ва харҷ кардани маблағ аз суратҳисобҳои миллӣ ва хориҷӣ марбутанд;
- Иҷро кардани корҳои ҳамарӯза мувофиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҳамаи амалиётҳо тавассути барномаи махсуси баҳисобгирии 1С;
- Пайгирӣ ва муроқибат аз буҷаҳои марбут ба барномаҳоии Тоҷикистон ва таҳлилу пешгӯиҳо;
- Мусоидат дар таҳияи буҷаҳо барои лоиҳаҳои нав ва мавҷуда ва ислоҳу тағйир додани буҷаҳои ҷорӣ;
- Пайгирии ҳамаи сафарҳои байналмилалӣ бо мақсади таъмини риояти талаботи Интернюс ва грантдиҳандагон;
- Ҷамъоварӣ ва таҳлили дархостҳо барои рухсатӣ, ҷадвали баҳисобгирии вақти корӣ ва ҳисобот оид ба хароҷот барои кормандон;
- Дар зарурат бо директори минтақавии молиявӣ оид ба баҳисобгирӣ ва ва масоили молиявӣ ҳамкории зич доштан
- Идоракунии масъалаҳои молиявӣ дар мавриди суб-грантҳо, тибқи қоидаҳои Интернюс ва грантдиҳандагон;
• Таъмин намудани харҷи дурусти маблағҳои буҷетӣ тибқи қоидаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи донорҳои ташкилот ва саридораи он;
• Ҳамкорӣ бо аудиторҳои берунӣ ва дохилӣ ва барояшон омода кардани ҳисоботи дахлдор
Талабот:
• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• Собиқаи корӣ дар вазифаи ба ҳамин монанд бо таҷрибаи на камтар аз 5-7 сол;
• Дониши ҳатмӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва 1С;
• Донистани забони англисӣ на пастар аз сатҳи upper-intermediate ;
• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ;
• Қобилияти зуд ва самарабахш иҷро намудани супоришҳои додашуда;
• Ҳунари иртибот барқаророр намудан ва сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ҳам омилҳои калидӣ барои интихоб шудан ба ин вазифа мебошанд
Мӯҳлати қабули резюме то 29 феврали соли 2020 тавассути почтаи электронии
Интернюс Нетуорк созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ барои дастгирии ВАО мебошад. Намудҳои асосии фаъолияташ: мусоидат ба рушди васоити ахбори омма , барномасозиҳо дар телевизион, истеҳсоли муҳтаво ва пешбурди технологияҳои расонаии нав; тарбияи касбии кормандони эҷодӣ ва техникӣ; дастгирии ҳуқуқӣ.