Интернюс дар Тоҷикистон барои дарёфти вазифаи грант-менеҷер озмун эълон мекунад (ТАМДИД ГАРДИД)

Вазифаҳои асосӣ:

• Идоракунии лоиҳаҳои грантӣ мутобиқи қоидаҳо ва сиёсати Намояндагӣ, қонунгузории маҳаллӣ ва ташкилотҳои донорӣ, аз ҷумла омода намудани эълонҳои озмун, интихоби иштироккунандагони ниҳоӣ, бастани шартномаҳои грантӣ ва назорати иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби шарикон;

• Таъмини риояи тамоми расмиёт ва назорати дохилии лоиҳа;

• Ҳамкории зич бо дафтари марказӣ барои таъмини ҷараёни бидуни мамонияти дархостҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба грантҳо;

• Нигоҳ доштани иртибот бо гирандагони грантҳо дар рафти татбиқи лоиҳаҳо;

• Машварат додан ба шарикон оид ба ҳама намудҳои гузориши грантӣ;

• Санҷиши гузоришҳои гирандагони грантҳо;

• Ҷамъоварии маълумот ва омода намудани гузоришҳои мунтазам оид ба корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои фаъолият;

• Иштирок дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳои марбут ба лоиҳаҳои грантӣ.

Талаботҳои асосӣ аз номзад:

• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқомат дар шаҳри Душанбе;

• Мавҷудияти таҳсилоти олии махсус ва на камтар аз 3-5 сол таҷрибаи кори мустақилонаи амалӣ;

• Таҷрибаи кор бо лоиҳаҳои грантӣ, донистани талабот ва тартиби идоракунии грантҳо;

• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ. Таҷрибаи корӣ бо созмонҳои лоиҳавии USAID ё дигар донорҳо дорои имтиёз мебошад;

• Донистани ҳатмии забони англисӣ, на камтар аз сатҳи болоии миёна (upper-intermediate);

• Қобилияти зуд ва самаранок кор кардан, иҷрои вазифаҳои додашуда;

• Муносибати иҷтимоии хуб ва сатҳи баланди масъулиятшиносӣ низ меъёрҳои асосии интихоб мебошанд.

Дар дархости кӯтоҳ (на бештар аз як саҳифаи матн) ҳавасмандии худ, интизориҳои худро дар бораи кори дарпешистода бо Интернюс ва ҳадди поёнии маоши интизориро нишон диҳед. Лутфан, резюмеи стандартӣ (CV) ва дархости худро то охири рӯзи 15 ноябри соли 2021 (ТАМДИД ГАРДИД: 20 январи) ба нишонии почтаи электронии зерин фиристед: TJ-Info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *