Internews барои дастгирии молиявии рушди саводи расонаӣ озмун эълон мекунад (ТАМДИД ГАРДИД)

Зимни истифодаи шабонарӯзии иттилоот оё мо метавонем ҳамеша онро таҳлил кунем ва эътимоднокии онро муайян намоем? Оё метавонем мустақилона контенти ҷолиб эҷод кунем? Бо истифода аз расонаҳои муосир мо то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа ба таври муассир ширкат мекунем? Ҳамаи ин малакаҳои зарурӣ барои шахси муосир тавассути иттилооти расонаӣ ва саводи рақамӣ ба даст оварда мешаванд.

Расонаи устувор, созмонҳои ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятӣ, омӯзишӣ ва ғайриҳукуматӣ, гурӯҳҳои театрӣ ва ҳунарии ғайридавлатӣ, ассотсиатсияҳо аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба пешбурди иттилооти расонаӣ ва саводи рақамӣ дар соли 2022 манфиатдоранд, метавонанд барои фаъолиятҳои зерин дастгирии молиявӣ гиранд:

  • эҷоди контент оид ба саводи расонаӣ аз ҷониби созмонҳои устувори касбии журналистӣ дар жанрҳои гуногун: мусоҳиба (интервю), роликҳои кӯтоҳ, комиксҳо, мемҳо ва ғайра дар мавзуъи иттилооти расонаӣ ва саводи рақамӣ;
  •  ба саҳна гузоштани шаклҳои фароғатии тарғиби саводи расонаӣ: намоишҳои театрӣ, перфоманс, мюзикл ва ғайра бо элементҳои иштироки фаъолонаи бинандаҳои толор;
  • ташкили тренингҳо оид ба саводи синамоӣ барои гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ;
  • сохтани абзорҳои визуалӣ ва бозиҳо, квизҳо, викторинаҳо ва ғайра дар мавзуъи иттилооти расонаӣ ва саводи рақамӣ;
  • коркард ва таҳияи постерҳо оид ба иттилооти расонаӣ ва саводи рақамӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ ҷиҳати паҳн кардан дар шабака ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Ҳама дархостҳои лоиҳавӣ аз ҳар яке аз кишварҳои зикршуда бояд манфиатҳои аудиторияро бо истифода аз забони давлатӣ ва ҳам забони муоширати байналмилалӣ ба инобат гиранд. Мӯҳлати пешниҳоди ҳамаи лоиҳаҳо: на дертар аз моҳи августи соли 2022.

Муаллифони пешниҳодҳои умедбахш моҳи феврали соли 2022 ба MediaCAMP Эдютон даъват карда мешаванд. Таҳти роҳбарии менторҳои ботаҷриба иштироккунандагон омӯзишро мегузаронанд ва лоиҳаҳои худро то он даме, ки ба шартҳои озмуни маблағгузорӣ пурра мувофиқат кунанд, такмил медиҳанд. Баррасӣ ва дифоъи кушодаи лоиҳаҳо баргузор мешавад ва доварон ғолибонро муайян мекунанд.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандем дархости худро 23 соат пеш аз 10 январи соли 2022 ба вақти Душанбе пур кунед. 

ТАМДИД ГАРДИД: Барои иштирок дар озмун хоҳишмандем дархости худро 23 соат пеш аз 24 январи соли 2022 ба вақти Душанбе пур кунед. 

Internews на дертар аз 27 январи соли 2022 дархостҳоро баррасӣ карда, дар бораи даъват ба Эдютон қарор қабул мекунад ва ҳамаи довталабон на дертар аз 28 январи соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Формаи дархост барои иштироккунандагон аз Тоҷикистон инҷост.

Агар шумо ба лоиҳаҳои саводнокии иттилоотиву расонаии соли 2022 таваҷҷуҳ доред ва ё маълумоти муфассал лозим аст, пас шуморо ба ҷаласаҳои иттилоотӣ даъват мекунем: 20 уми декабр, соати 15:00 ба вақти Душанбе. 24 декабр, соати 10:00 ба вақти Душанбе ҷаласаҳои иттилоотӣ барои онҳое, ки дархост фиристодаанд, тариқи пӯшида баргузор мешаванд.

Агар шумо ҳар гуна саволе дар бораи лоиҳаҳои рушди саводи расонаӣ дошта бошед, лутфан, ба нишонии Central-Asia-Applications@internews.org  нависед. Дар сатри «Мавзуъи паём» ( «Тема сообщения»), лутфан, «Лоиҳаҳо оид ба саводи расонаӣ» нависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро малӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. уассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published.