Интернюс барои ташкили сафари омӯзишӣ шарик ҷустуҷӯ мекунад

Дар чорчӯби барномаи MediaCAMP, Internews озмуни кушоди грантиро барои ташкили сафари омӯзишӣ эълон мекунад. Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди дархост –  – 15 феврали 2023 мебошад.

Соҳаи расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қонунгузорӣ ва дар амал, аз ҷумла дар амали коммуникатсия (иртибот) бо мақомоти ҳукумат, ҷомеа ва ВАО тағйироти зиёдеро аз  сар мегузаронад. Мо омодаем, ки ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳамкории иттилоотии байни намояндагони ҳокимияти қонунгузор ва судӣ (котибони матбуотӣ) ва расонаҳо бо мақсади ҷорӣ намудани таҷриба ва методҳои муассири коммуникатсия (иртибот) мусоидат намоем ва дар расонаҳои мо – беҳтарин имкониятҳо ва технологияҳо барои баланд бардоштани сатҳи эътимоди аҳолӣ ба ВАО ва идоракунии давлатӣ фароҳам шаванд.

Дар ин робита, мо ташкил ва баргузории як сафари омӯзишӣ барои намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти расмӣ аз Тоҷикистон ва ВАО-ро дар Қазоқистон (Остона) ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иттилоотӣ ва беҳтарсозии коммуникатсия (иртибот) дастгирӣ хоҳем кард.

Вазифаҳои стади-тур:

  • омӯзиши қонунгузорӣ ва ҳамкории муассир байни мақомоти давлатӣ ва ВАО, таъмини коммуникатсия (иртибот) бо ҷомеа дар Қазоқистон;
  • мубодилаи таҷриба бо иттиҳодияҳои касбии рӯзноманигорон ва котибони матбуотӣ доир ба такмили маҳоратҳои инъикоси фаъолияти идоракунии давлатӣ дар ВАО;
  • омӯзиши таҷрибаи пешқадам доир ба таҳия ва татбиқи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон ва котибони матбуотии мақомоти давлатӣ.

Созмонҳои ғайритиҷоратиеро, ки дар давоми 5 сол дар Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъолият мекунанд, барои ширкат дар озмун даъват мекунем. Дархосткунандагоне, ки дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла сафарҳои таълимӣ таҷрибаи бомуваффақият доранд, инчунин дар ҳамкорӣ бо хадамоти матбуотии мақомоти идоракунии давлатӣ таҷрибаи мусбат доранд, истиқбол мешаванд.

Дархосткунандагони манфиатдор бояд:  

  1. барномаи стади-турро дар шаҳри Остона бо дарназардошти вазифаҳои дар боло зикршуда таҳия ва пешниҳод намоянд:
  2. ҳайати намояндагии иборат аз 8 нафарро аз мақомоти иҷроия, судӣ ва қонунгузорӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
  3. сафари омӯзишии ҳайати Тоҷикистонро ба Қазоқистон (шаҳри Остона) бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ҳамкории хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо ВАО, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи эътимод, истифодаи абзорҳои муосир ва самаранок барои робита дар муҳити рақамӣ ташкил намоянд.

Меъёрҳо барои интихоби шарик/шарикон чунинанд:

  1. Барномаи сафари омӯзишӣ, ки ба дархостҳои хадамоти матбуотии мақомот ва расонаҳои расмии Тоҷикистон посухгӯ бошанд;
  2. Воқеӣ будани буҷети лоиҳа;
  3. Доштани таҷрибаи мусбат дар ташкили чорабиниҳои монанд (аз вуҷуди тавсияҳо истиқбол мешавад).

Муҳлати татбиқи сафари омӯзишӣ – майи соли 2023.
Макони баргузорӣ – шаҳри Остона (Қазоқистон)

Дархостро чӣ гуна пешниҳод намоем?

Дархостҳо танҳо дар платформаи Good Grants пазируфта мешаванд.

Барои пешниҳоди дархост, шумо бояд дар платформаи грантии мо сабти ном кунед. Ҳангоми сабти ном, лутфан нишонии почтаи электронии амалкунандаро нишон диҳед, зеро мо ҳамаи огоҳиҳоро ба ин нишонӣ мефиристем. Лутфан дастурҳоро барои интихоби рамз (парол) иҷро кунед ва пас аз бақайдгирӣ қайди ҳисоби худро бо пахш (клик) кардани линке, ки ба почтаи электронии шумо меояд, тасдиқ намоед.

Пас аз сабти ном кишвари худ ва номи барномаро “Сафари омӯзишӣ барои намояндагони хадамоти матбуоти мақомот аз Тоҷикистон” интихоб кунед. Барои он ки мо дархости шуморо қабул кунем, дар охир тугмаи сабзи «Отправить»-ро пахш кунед. Вобаста ба саволҳо доир ба пур кардани дархостҳо дар платформа шумо метавонед ба нишонии mnazirova@internews.org муроҷиат кунед.

Ирсоли дархост

Ба ҳангоми зарурат мо иттилооти иловагӣ талаб мекунем. Лутфан, дар ариза нишон додани маълумоти тамоси худро фаромӯш накунед.

Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дархост бояд на дертар аз 15 феврали соли 2023 то соати 23:59 ба вақти Остона, то соати 22:59 ба вақти Душанбе пешниҳод карда шавад.

Ин лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он, ки на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад, масъул аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *