Таҳқиқот бояд сохтори муҳити расонаӣ: афзалияту интизориҳои аудитория, инчунин ҳолат ва худогоҳии саводнокии расонаро ошкор кунад. Илова бар ин, бояд як таҳлили муқоисавӣ аз натоиҷи бадастомада бо маълумоти таҳқиқоти мушобеҳе, ки соли 2019 гузаронида шуда буд, анҷом дода шавад.
Тахмин меравад, ки таҳқиқот тариқи як назарсанҷии ҳузурӣ аз ҷамъият дар хонаводаҳо ва ҳамчунин гурӯҳҳои муттамарказ ё мусоҳиба бо коршиносон аз назари миқдорӣ ва кайфиятӣ анҷом хоҳад шуд. Намуна бояд сокинони аз 14 то 65 солаи шаҳру деҳотро фаро гирад. Бояд марҳилаи майдонии таҳқиқот то охири моҳи июни соли 2021, таҳияи гузориши пешакӣ то охири моҳи июл ва гузориши ниҳоӣ то охири моҳи сентябри соли 2021 анҷом шаванд.
Забони кории таҳқиқот забони русӣ аст. Шарики мо дар сатҳи минтақавӣ, дар се кишвари Осиёи Марказӣ бо тарҷумаи саволнома ба забонҳои миллӣ фаъолият хоҳад кард.
Бо шартҳои техникӣ дар ин ҷо шинос шавед.
Агар шумо таҷрибаи гузаронидани таҳқиқоти расонаӣ ва ҳавасмандӣ ва барои иҷрои ин гуна корро доред, лутфан номаи иштирокро то 20 уми марти соли ҷорӣ ба суроғаи Central-Asia-Applications@internews.org бо сархати “Таҳқиқоти истеъмоли расонаҳо” бифристед.
Ҳамзамон ба нома ин ҳуҷҷатҳоро замима кунед:
- Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқӣ;
- Рӯйхати таҳқиқоти асосие, ки дар панҷ соли охир амалӣ кардаед, бо нишон додани мизоҷон, тавсифи мухтасари чорабиниҳои анҷомдодашуда, линки гузориш, агар он ба омма дастрас бошад. Лутфан ба таҳқиқоте, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ (дар сурати мавҷуд будани таҳқиқоти расонаӣ) амалӣ гардидааст, афзалият диҳед.
- ҷадвали пешакии замонбандӣ ва равиши гузаронидани таҳқиқот;
- Арзиши пешакии кор.
Интернюс чанд номзадеро, ки ба талаботи меъёрҳои озмун ҷавобгӯ ҳастанд интихоб карда, бо онҳо аз 25 ум то 31 уми март мусоҳиба хоҳад гузаронд. Баъдан, аз он шарики таҳқиқотро интихоб намуда, на дертар аз 31 уми марти соли 2021 натиҷаҳои озмунро эълон мекунад.
Барои ҳама саволҳо, лутфан бо суроғаи Central-Asia-Applications@internews.org тамос бигиред.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.