Панҷ лоиҳаи муштараки расонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ғолибони озмуни “Интернюс Тоҷикистон” барои ҷалб ва бештар фаро гирифтани аудитория гаштанд.
Озмун барои грантҳо дар охири моҳи январи соли 2020 эълон шуда, ҳамагӣ 24 дархост аз саросари Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ки аз онҳо аъзои комиссияи интихоб панҷ ғолибро интихоб карданд. Беҳтарин лоиҳаҳо инҳо шуданд:
«Лиму Медиа» ва созмони ҷамъиятӣ байналмилалии «Good Neighbors» – онҳо лоиҳаи «Наставники» -ро пешниҳод карданд, ки ба дастгирии моддӣ ва маънавии кӯдакони оилаҳои носозгор, инчунин ба кӯдаконе раваона шудааст, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд;
Booms.tj ва ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” – бо лоиҳае бахшида ба мушкилоти занони Тоҷикистон кор мекунанд, ки дар ҷараёни он видеороликҳо дар мавзӯъҳои маъмултарин омода мегарданд ва ҳамчунин мастер-классҳо барои аудиторияи мақсаднок дар қаҳвахони «Чартр» баргузор хоҳанд шуд;
Your.Tj ва созмони ҷамъиятии “Номус ва Инсоф” ба деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим сафар хоҳанд кард, то ки дар бораи ҳаёт дар ин минтақа нақл кунанд ва сайёҳони ватаниро ҷалб кунанд;
Гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» ва созмони ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» лоиҳаи «Соҳиби хона кист?» -ро идома хоҳанд дод, ки тавассути он ба аудиторияи худ дар бораи чигуна ҳал кардани мушкилоти сокинони биноҳои истиқоматии Тоҷикистонро нақл мекунанд;
“Вечерка” ва созмони ҷамъиятии “Пешсаф” – лоиҳаеро пешниҳод кардаанд, ки ба ҳайвонҳои кучагӣ дар Душанбе бахшида шудааст ва муаллифон дар давоми он тасмим мегиранд, ки масъалаи ташкили паноҳгоҳро барои онҳо ҳал кунанд.
-Имсол мо воқеан як қатор лоиҳаҳои хуб доштем ва аз як тараф, ин хуб аст ,чун интихоб зиёд аст, аз тарафи дигар, интихоб кардан хеле мушкил буд: аъзои комиссияи интихоб дархостҳоро тақрибан панҷ соат баррасӣ карданд, зеро имкони зуд маълум кардани лидерҳо мавҷуд набуд. Лоиҳаҳо барои ҷалби аудитория дар Тоҷикистон пештар низ буданд, аммо онҳо бештар интуитивӣ татбиқ мешуданд, касе лоиҳаҳои худро маҳз барои ин мақсадҳо эҷод намекард, гарчанде ки ин соҳа дорои иқтидори калон, аз ҷумла тиҷоратӣ мебошад, – мегӯяд Лилия Гайсина, ҳамоҳангсози лоиҳа барои ҷалби аудитория.
Ҳангоми ҷамъоварии дархостҳо аз васоити ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ вебинарҳои махсус аз коршиносони рус гузаронида шуданд, ки бо аудитория ҳамкории зич доранд. Масалан, Виктор Мучник, сардабири Агентии иттилоотии Томск «ТВ2» дар бораи чӣ гуна ҷалб кардани аудитория дар атрофи телевизион нақл кард, Мария Рзаева, директори лоиҳаҳои махсуси нашрияи «Бумага» аз Санкт-Петербург, дар бораи чигуна ҷалб кардани аудиторияи нав ба лоиҳа ва Евгений Кулаков, муассиси mediatoolbox.ru дар бораи истифодаи медиаметрикҳо ва дуруст арзёбӣ кардани аудиторияи умумии расонаи мушаххас дар ҳама платформаҳо вебинар баргузор намуд.
Озмуни додани грантҳо ба расонаҳо барои лоиҳаҳо ҷиҳати ҷалби аудитория соли дуввум аст, ки баргузор мешавад ва дар умум панҷ бор чунин озмун баргузор хоҳад шуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.