Internews Tajikistan барои васоити ахбори оммае, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои лоиҳаҳои журналистӣ ва иттилоотии марбут ба пандемияи вируси COVID-19 (коронавирус) грантҳо ҷудо мекунад.
Дар ин давраи душвори пандемияи ҷаҳонӣ, ВАО дар якҷоягӣ бо табибон дар сафҳои аввали кор ва мубориза бо руйи дигари коронавирус , яъне инфодемия (паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи бемории нав) қарор доранд. Интернюс ба 13 нашрия кӯмаки молиявӣ мерасонад ва дастрасиро ба иттилооти ҳаётан муҳим васеъ хоҳад кард.
Барномаи мо ба дастгирии контенете равона шудааст, ки ба фарогирии аудитория бо ҳама воситаҳо (чоп, аудио, видео) ва дар ҳама гуна платформаҳо (чоп, радио, телевизион, сомона, телефони мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ) пешбинӣ шудааст. Интернюс ба васоити ахбори оммае, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, бораи лоиҳаҳои журналистӣ ва иттилоотии марбут ба пандемияи вируси COVID-19 (коронавирус) грантҳо ҷудо мекунад. Мо диққати шуморо ба зарурати риояи тамоми чораҳои бехатарӣ нисбати COVID-19 ҳангоми таҳияи муҳтаво ҷалб менамоем. Дар бораи чорабиниҳои бештари пешгирӣ дар вебсайти расмии СУТ бихонед.
ФАЪОЛИЯТҲОИ ЗЕРИН ДАТСГИРӣ МЕШАВАНД;
• Таҳия, истеҳсол ва интишори иттилооти ба вируси COVID-19 алоқаманд, ки амнияти одамонро таъмин мекунад ва ба онҳо барои қабули қарорҳои асоснок дар бораи худ , оилаҳояшон ва ҷомеа кӯмак мекунад.
• Таҳия, истеҳсол ва паҳн кардани иттилооти ба вируси COVID-19 алоқаманд, ки имкони шунидан ва ҳал намудани ниёзҳои гурӯҳҳои аз ҳама осебпазирро медиҳад: гурезаҳо, шахсоне, ки маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд, маъюбон, шахсони гирифтори ВИЧ, қурбониёни зӯроварии ҷинсӣ.
• Таҳияи мақаолаву гузоришҳои марбут ба вируси COVID-19, ки чӣ тавр идоракардани буҳронро аз ҷониби ҳукумат ва пешкашкунандагони хидматрасонҳо таҳлил мекунанд.
• Таҳияи контент дар форматҳои чандрасонаӣ: инфографика, харитаҳо, айёнигардонӣ, пахшҳои онлайнӣ ва дигар ташаббусҳои навоварона, ки ба паҳн ва дастрасии бехатари иттилооти босифати марбут ба пандемияи коронавирус мусоидат мекунанд.
• Ташаббусҳо барои тафтиши далелҳо, коре, ки овозаҳо ва маълумоти нодурустро пайгирӣ мекунад ё бо онҳо мубориза мебарад.
ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ГРАНТҲО ВА МАҲДУДИЯТҲО
Ҳаҷми грант: 3000 $
Мӯҳлати иҷроиши грант: се моҳ
Пас аз итмоми лоиҳа бояд ҳисоботи молиявӣ ва барномавӣ пешниҳод шавад.
Барои дархост додан, лутфан шакли онлайнро пур кунед.
Дархостҳо то 12 майи соли 2020 қабул карда мешаванд.
Ҳайати ҳакамони дохилии Интернюс дархостҳоро дар давоми як ҳафта, пас аз 12 май баррасӣ мекунад.
Дар ҳолати зарурӣ, мо маълумоти иловагӣ дархост хоҳем кард. Барои ҳама саволҳо лутфан бо Tj-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.