Internews Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Шӯрои ВАО ғолиби озмуни грантҳо барои дастгирии иттиҳодияи расонаҳо дар Тоҷикистон гардид. Акнун дар давоми нӯҳ моҳ онҳо бо ҷомеаи журналистони ватанӣ кор карда, кӯшиш мекунанд, ки  онро ба сатҳи нав бардоранд.

Охири моҳи феврал Интернюс Тоҷикистон озмуни грантҳоро барои иттиҳодияҳои расонаҳо дар Тоҷикистон оғоз кард. Ҳамшарики оянда бояд дар  дархосташ ба таври муфассал оид ба чорабиниҳое шарҳ медод, ки   барои рушди механизми худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ муфид хоҳанд буд, барои барқарор кардани ҳамкориҳо байни ВАО ва мақомоти давлатӣ кӯмак хоҳад кард ва инчунин ба ҳама иштирокчиёни бозори расонаҳо имкон медиҳанд, ки аз падидаҳои дар соҳаи касбии онҳо ба вуқӯъ омада, бохабар бошанд. Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар озмун ҳамагӣ чаҳор дархост аз созмонҳои марбут ба рушди ҷомеаи журналистӣ дар Тоҷикистон  ворид  шуд ва аз онҳо дар вақти овоздиҳӣ аз ҷониби доварони байналмилалӣ  Шурои ВАО интихоб гардид.

– Ҳадафи асосии мо зиёд кардани иттилооти мутавозин ва далелнок мебошад ва мо чунин меҳисобем, ки худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ дар ин раванд саҳми назаррас гузошта метавонад. Танҳо тавассути тақвияти иттиҳодияҳои васоити ахбори омма, мо метавонем механизми худтанзимкуниро рушду равнақ диҳем. Аз ин рӯ, мо дар оянда ба дастгирии иттиҳидияҳои  расонаҳо идома хоҳем дод,- мегӯяд Вадим Садоншоев ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Internews Tajikistan.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон як созмони мустақили рӯзноманигорист, ки ҳуқуқҳои журналистонро ҳимоя  ва риояи меъёрҳои ахлоқиро мониторинг (назорат) мекунад. Аз моҳи ноябри соли 2019 ин созмонро Бахтиёр Ҳамдамов роҳбарӣ мекунад. Шӯрои ВАО ҷавонтарин, аммо калонтарин созмони журналистӣ дар кишвар дониста мешавад (он соли 2010 таъсис ёфтааст): дар ҳайати он шаш созмони  расонаӣ, 76 васитаии ахбори оммаи мустақил ва давлатӣ ва инчунин се шӯъбаи журналистика аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар дохил мешаванд. Дар ду соли охир дар Шӯро беш аз 20 шикоят нисбат ба мақолаҳои ВАО баррасӣ шуданд ва инчунин нӯҳ изҳорот ба Президенти Ҷумҳурӣ, Суди конститутсионӣ, Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, Парлумони кишвар ва дигар мақомоти давлатӣ равона карда шуд. Ҳамаи ин изҳоротҳо,  ба ҳар ҳол, бо далелҳои воқеии маҳдуд кардани озодии баён алоқаманд буданд.

Акнун, дар тӯли нӯҳ моҳ, Шӯрои ВАО бо дастгирии Интернюс Тоҷикистон чорабиниҳоеро амалӣ мекунад, ки ба устувории ташкилӣ ва молиявӣ ,хусусан барои худи Шуро,равона карда шудаанд, аъзои навро ҷалб хоҳад кард, ҳамкории ВАО-ро  бо мақомоти давлатӣ ва дигар бозингарон, масалан, бо ассотсиатсияҳои телекоммуникатсионӣ ё иттифоқҳои мустақил, инкишоф хоҳад дод. Шӯрои ВАО нақша дорад, ки то охири сол дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мизҳои мудаввар ва конфронсҳо баргузор намояд, ки дар  онҳо масъалаҳои муҳими ҷомеаи расонаҳои Тоҷикистон муҳокима карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *