Internews намояндагони онлайн-нашрияҳоро ба давраи омӯзишӣ доир ба SEO-оптимизатсия (беҳинасозӣ) даъват мекунад

Internews дар Тоҷикистон муҳаррирони нашрияҳои онлайнӣ ва мутахассисони онҳо вобаста ба иртиботот ва таҳлили додаҳоро ба давраи омӯзишии офлайнӣ дар бораи SEO-беҳинасозӣ даъват мекунад, ки дар он мутахассисони соҳа аз Украина ва Тоҷикистон тренерони асосӣ хоҳанд буд.

Дар ин давраи омӯзишӣ, ки аз 24 то 26 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, метавонанд соҳибони расона, муҳаррирон ва ҳамчунин дигар кормандони онлайн-нашрияҳо, ки аз Google Analytics, трафики хуб огоҳӣ доранд ва дар ҳолати зарурӣ метавонанд барои барномасозон вазифа таъйин кунанд.

Дар рафти давраи таълимӣ иштироккунандагон мефаҳманд:

  • Чӣ гуна сайтҳоро аз басташавӣ (блогкировка) ва ҳамлаҳо муҳофизат кунанд;
  • расона хонандагонро аз куҷо мегирад;
  • тарзи навиштани матнҳо барои қарор гирифтан дар қатори болои ҷустуҷӯ;
  • фарқ байни рӯйкарди муҳаррир ва муҳаррири SEO дар эҷоди ТЗ (вазифаи техникӣ) барои матн дар чӣ аст;
  • муҳаррири SEO кист ва барои кӣ ӯ лозим аст (нест);
  • пеш аз ҳама ба кадом нишондиҳандаҳо диққат додан лозим аст;
  • чӣ гуна метавон умқи боздидҳоро афзоиш дод.

Аз рӯйи натиҷаҳои тренинг, ки дар ҳамкорӣ бо сомонаи Your.tj доир мегардад, дар асоси фаъолияти намояндагони онлайн-нашрияҳо ва таваҷҷуҳи онҳо чанд редаксия интихоб карда мешаванд, ки вебсайтҳои онҳо аз ҷониби мутахассисони ба давраи омӯзишӣ ҷалбшуда мавриди санҷиш қарор мегиранд. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ҳар як редаксия барои барномасоз вазифаи техникӣ бо рӯйхати таҳрирҳо дарёфт мекунад. Пас аз ислоҳи онҳо, санҷишҳои дуюм ва сеюм гузаронида мешаванд, ки аз рӯи натиҷаҳои онҳо редаксияҳо сайти аз ҷиҳати SEO омодаро дарёфт мекунанд.

Дарсҳо ройгонанд, интихоб бар асоси дархостҳо сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд онлайн-варақаро пур кунанд. Қабули дархостҳо 15 ноябр, соати 20:00 ба вақти Душанбе баста мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ бо мо тавассути почтаи электронии tj-info@internews.org метавонед тамос гиред.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *