Дар вилояти Суғд ток-шоу бахшида ба саводи синамоӣ баргузор шуд

Дар тӯли 15 соли ахир дар шабакаҳои маъруфи телевизионии минтақавии вилояти Суғд ҳеҷ гуна барнома бахшида ба синамо вуҷуд надошт. Редаксияи СМ-1 тасмим гирифт, ки ин холигоҳро пур кунад ва дар бораи синамо ва саводи синамоӣ – «Дарси синамошиносӣ»-ро оғоз кард. Ҳоло ин муҳтавои бештар аз ҳама эҳсосбарангез дар канал аст.

Тасмим дар бораи роҳандозии як намоиши ҷудогонаи телевизионии бахшида ба киноро рӯзноманигорони шабакаи телевизионии вилоятии СМ-1 шаҳри Хуҷанд дар семинари инноватсионии методии «Эдютон-2022», ки аз ҷониби Интернюс зимистони соли ҷорӣ баргузор гардид, гирифтанд. Дар ин семинар коршиносони саводи расонаӣ аз саросари Осиёи Марказӣ ва дастаҳое, ки омодаанд дар ин самт лоиҳаҳо эҷод кунанд, гирд омаданд. Редаксияи SM-1 муҳтавои бахшида ба саводи синамоиро пешкаш кард. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии доварони мустақил лоиҳаи онҳо дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифт ва дар давоми шаш рӯзи Эдютон даста таҳти роҳбарии менторҳои таҷрибадор идеяи худро такмил намуд.

– Мо бо мунаққидони синамоӣ, мутахассисон доир ба саводи расонаӣ машварат кардем ва  тасмим гирифтем, ки ин маърака бояд як ток-шоу бошад. Саводи синамоӣ як бахше аз саводнокии расонаӣ аст ва мо тасмим гирифтем, ки махсус дар ин мавзуъ муҳтаво эҷод кунем, зеро дар барномаҳои телевизионҳои Суғд аз муддатҳо пеш ҳеҷ барномаи телевизионӣ бахшида ба кино вуҷуд надошт. Ҳарчанд бо дарназардошти теъдоди филмҳое, ки ҳоло бинандагон тамошо мекунанд, онҳо бояд чунин муҳтаворо дарк кунанд – мегӯяд сармуҳаррири СМ-1 Илҳом Ҳошимов.

Ба гуфтаи Илҳом, бо вуҷуди он ки нақди синамоӣ то ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вай солҳои ахир хеле махсус шудааст.

-Дар Тоҷикистон мо мунаққидони синамоӣ дорем, аммо чун қоида онҳо танҳо филмҳои навро таъриф мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки саволҳои тезу тунд диҳем, дар бораи он сухан гӯем, ки ба мухотабон кадом идеяҳо лозиманд. Мо аз коргардонҳо мепурсем, ки чаро филмҳои кӯдакона намесозанд, филмҳои таърихӣ намеофаранд? Баъд аз роҳандозии барномаи худ ҳамкорон аз канали телевизионии «Синамо» гуфтанд, ки мо кори хеле калонро анҷом додем, – мегӯяд Илҳом Ҳошимов.

Аксари меҳмонони даъватшудаи ток-шоу ҷавонон буданд. Онҳо ба программа тайёрӣ мебинанд, мавзуъро меомӯзанд ва баъд ба коргардонҳо саволҳои мубрам медиҳанд. Дар рафти ток-шоу чунон баҳсу мунозираҳои доғ рӯй медиҳанд, ки ҳатто баъзеи онҳоро буридан лозим меояд. Ҳоло ток-шоуи “Дарси киношиносӣ” ба яке аз пурэҳсостарин барномаҳои шабака табдил ёфтааст.

— Гап дар сари он аст, ки дар муҳити мо киношиносон каманд, ки ба тарзи муосир фикр кунанд. Мо вазъиятро таҳлил кардем, меҳмонону коршиносонро даъват намудем ва онҳо танҳо дар бораи даврони шуравӣ ҳарф заданд. Аммо танҳо дар бораи гузашта фикр кардан, дар як ҷо карахт шудан мумкин нест! Мо коршиносонеро мехоҳем, ки дар бораи оянда сухан гӯянд, мо чӣ кор карда метавонем, тамошобин чӣ кор карда метавонад, – шарҳ медиҳад Илҳом.

Дар доираи лоиҳаи эдютон, дастаи SM-1 шаш ток-шоуи “Дарси киношиносӣ”-ро ба навор гирифт, аммо онҳо таваққуф кардан нахостанд ва бо талошҳои худ аллакай шумораи ҳафтум ва ҳаштумро сабт карданд. Дар маҷмуъ редаксия мавзуъҳои омодаро барои 21 шумора дорад. Коллектив дар оянда умедвор аст, ки аз Душанбе мутахассисон ва синамошиносонро ба кор қабул мекунанд.

— Мо дар бораи филмҳои муосири тоҷик бисёр гап мезанем, онҳоро гурӯҳбандӣ мекунем ва бисёр мехостем, ки дар ин муҳокима донишҷӯёни пойтахтамон низ иштирок кунанд. Фикри онҳо барои мо хеле зарур ва муҳим аст, зеро мунақид аз истеҳсолкунанда болотар аст, баҳо медиҳад ва бо ҳамин кори офарандаро беҳтар мекунад, — мегӯяд Илҳом.

Ба ҷуз аз филмҳои маҳаллӣ, дар вақти ток-шоу меҳмонон ва коршиносон сериалҳои телевизионии ӯзбекӣ ва туркиро, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, таҳлил мекунанд. Ба студия ҳамчунин гурӯҳҳои калони наворбардор омаданд. Масалан, наворбардорони кино аз Душанбе дар Конибодом филмеро ба навор гирифтанд ва баъд ба студияи ток-шоу даъват карда шуданд, то дар бораи он суҳбат кунанд, ки кинои муосир аз чӣ иборат аст.

— Кори мо ҳам ба меҳмонон ва ҳам ба коршиносон писанд аст ва ба фикрам тамошобинон ҳам аз он розӣ ҳастанд, — мегӯяд Илҳом. – Тақрибан 15 сол пеш устод Абдуллоҷон Ғафуров як барномае бахшида ба кинои ҳиндиро таҳия карда буд, аммо журналистҳо дигар чизе ба навор намегирифтанд. Проблемаҳо моро чунон гаранг карданд, ки мо дар бораи санъати баланд фикр намекардем ва онро дарк ҳам намекардем. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ин самт чизеро тағйир диҳем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *