Вазифаҳои асосӣ:
- Ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои барнома, ки ба беҳтар намудани муҳити ВАО, дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои расонаӣ ва баланд бардоштани зарфияти онҳо равона шудаанд, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо Мушовири минтақавӣ оид ба қонунгузории расонаҳо тибқи нақшаи корӣ ва таҳти роҳбарии Директор;
- Аз забони русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс тарҷума кардани маводе, ки барои лоиҳа заруранд;
- Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шарикони Internews татбиқ карда мешаванд;
- Ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот дар бораи лоиҳаҳои татбиқшаванда, таҳияи эҷодкоронаи гузоришҳои барномавӣ;
- Ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО, созмонҳои давлатӣ,ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ;
- Мусоидат ба иштирокчиён ва кормандони лоиҳаҳои шарикӣ дар масъалаҳои барномавӣ ва ташкилӣ;
- Таъмини дастгирии барномавӣ ва маъмурӣ дар ташкили чорабиниҳои барномавӣ, ва тренингҳое, ки аз ҷониби дафтари Интернюс ва шарикон гузаронида мешаванд;
- Таъмини ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои молиявӣ, аз қабили ҳисобот дар бораи хароҷот, ҳисобномаҳои мушовирон/тренерон ва ғайра;
- Ҳамоҳангсозии ҷадвали татбиқи чорабиниҳо барои таъмини саривақтӣ ва пурраи мақсадҳои барнома;
- Мусоидат ба роҳбарияти Интернюс дар ҷалби мушовирон ва провайдерҳои хидматрасон тибқи қоидаҳо ва муқаррароти сарпарасон ва Интернюс;
- Садоқат ба арзишҳои Интернюс;
- Ва иҷрои дигар корҳо дар зарурат.
Талаботи асосӣ нисбат ба номзад:
- Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маълумоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ВАО ё ихтисосҳои марбута. Донистани қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО афзалият дорад;
- Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ хуб пазирурфта мешавад;
- Таҷрибаи корӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд бартарият доранд;
- Қобилияти иртибот барқарор намудан, дараҷаи баланди масъулият, дар маҳдудаи вақт кор кардан ва иҷрои вазифаҳои таъхирнопазир;
- Малакаи кор бо барномаҳои компютерии Word, Excel; Таҷрибаи кори рунамоийҳо дар PowerPoint афзалият шумурда мешавад.
Дар як навиштаи мухтасар (на зиёда аз як саҳифаи матн) аз шумо хоҳиш мекунем, ки дар бораи ҳавасмандӣ, интизориҳои номзад дар бораи кори ояндаи худ дар Интернюс ва инчунин ҳадди аққалли музди меҳнататон изҳори назар кунед. Лутфан ҳолномаи муқараррӣ (CV) ва аризаро то 17 ноябри соли 2019 ба суроғаи почтаи электронии TJ-Info@internews.org бифиристед.