Дар Тоҷикистон вебинар барои чӣ гуна гирифтани грант аз Интернюс баргузор мешавад

Интернюс дар Тоҷикистон дар доираи барномаи MediaCAMP озмуни идеяҳо оид ба истеҳсоли контенти ватаниро эълон кард. Рӯзи ҷумъа, 25 октябр, соати 16:00 бо вақти Душанбе, дар вебинари “Аз Internews чӣ гуна метавон грант гирифт?” мо дар бораи тарзи дуруст пур кардани дархостҳо, ба чӣ тавваҷуҳ кардан ва дигар чизҳо нақл мекунем.

Тартиби озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ ба қадри кофӣ фаҳмост; дар аввал дархости онлайнӣ пешниҳод мешавад, ки дар он идеяро тавсиф мекунед, муалифони пешниҳодҳои беҳтарин ба питчинг-сессияи махсус даъват шуда, дар мудати панҷ дақиқа ба аъзои камисияи интихоб дар бораи консепсияаашон, аҳамият ва воқеъӣ будани иҷрои он нақл мекунанд.

Муалифони лоиҳаҳое, ки овози бештари камисияи интихобро мегиранд, дар тули се ҳафта бояд лоиҳахояшонро мувофиқи тавсияҳои коршиносон такмил намоянд, буҷет созанд ва ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани грант омода намоянд. Агар шумо басазовори гирифтани грант сазовор дониста шавед, дар дархост ворид намудани нармафзорҳои литсензионӣ, техника ва таҷҳизот мумкин аст.

Барои иштирок дар озмуни идеяҳо оид ба истеҳсоли контенти ватанӣ мо шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои онлайнӣ, студяиҳои истеҳсолӣ, продюсерони мустақил, муаллифон ва блогнависонро даъват менамоем. Мо омодаем, ки маҳсулоти барномаҳои телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, барномаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вебдокҳо ва вебсериалҳо, достонҳои чандрасонаӣ ва тадқиқотҳои рузноманигориро дастгирӣ намоем.

Қарори ниҳои оид ба маблағгузории грантҳо аз ҷониби комисияи озмун дар асоси пешниҳоди дархостҳои грнатӣ ва меъёрҳои зеррин: асолатии идеҳо, ҳамгироии афзорҳои чандрасонаӣ, фаҳмиш ва ҷалби аудиторияи зерҳадаф, мавҷудияти таҷрибаи қаблӣ ва буҷаи дуруст қабул хоҳад шуд. Дар мавриди он, ки ин нишондиҳандаҳо чӣ аҳамият доранд ва иловатан ба чӣ бояд таваҷҷуҳ намуд, мо ба шумо рӯзи ҷумъа 25, октябр соати 16;00 ба вақти Душанбе дар вебинари «Аз Интернюс чи тавр метавон грант гириф?», нақл мекунем.

Барои иштирок дар вебинар шумо бояд дар вақти нишондодашуда бо мо бипайвандед. Вебинарҳо 25 октябр бо забони русӣ ва 28 октябр соати 16;00 бо вақти Душанбе бо забони тоҷикӣ баргузор мегарданд. Пайванд барои вебинар бо забони тоҷикӣ ин ҷо аст.

Таваҷҷуҳ ! Барои иштироки  босамар дар вебинар зарур аст:.

Версияи охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб кардан. Дар браузер бояд версияҳои охирини Adobe Flash Player, Google Chrome — Flash Player (қаблан насб шудааст) бошанд . Суръати  интернетатонро тафтиш кунед. Суръати  ҳадди аққалли пайвастшавӣ ба вебинар  1Mb., суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2 Mb боло ( суръати  паст боиси таввақуфи видое  ё кандашавии овоз ҳангоми нишон додани видеороликҳо ё гарфика мегардад).  Сураъти интернетро метавонед  дар ин саҳифа тафтиш кунед.

Агар ба интернет тавассути шабакаи корпартивӣ ворид мешавед, пас ба администратори системаатон муроҷиат намоед, то ки порти  1935, 80, 443-ро бикушояд. Барои ворид шудан ба саҳифа  тугмачаи  «Войти в вебинар»пахш намуда,  итиилоот дар бораи худатонро пур кунед ва дар муқобили  сатри “муоҳида  бо корбарон” розӣ буданаторо ишора кунед.  Агар ба вебинар  аз тариқи  планшет ворид шуданиед, маслиҳат медиҳем . ки аз барузери  Google Chrome ё Puffin Browse истифода кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *