Internews дар Тоҷикистон дар доираи барномаи MediaCAMP озмуни идеяҳоро барои истеҳсоли мухтавои ватанӣ эълон менамояд. Муҳлати охирини қабули дархостҳо – 18 ноябри соли 2019 аст.
Мехоҳем, ки расонаҳои мо дар бораи ҷанбаҳои муҳим ва мураккаби ҳаёти ҷомеа ба таври ҳирфаӣ, босифат, дар платформаҳои гуногун бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби аудитория нақл кунанд.
Ҳадафи озмун дастгирии истеҳсоли барномаҳои баландсифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои ҳуҷҷатӣ, лонгридҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-докҳо, веб-сериалҳо, сюжетҳои чандрасонаӣ, тадқиқоти журналистӣ ва ғайра мебошад. Лоиҳаҳо метавонанд бо забони тоҷикӣ ё русӣ иҷро шаванд. Мавзӯъҳои озмун озоданд.
Дар доираи озмун, Internews таҳия ва пешбурди сомоанҳо, барномаҳои мобилӣ, истеҳсоли филмҳои бадеӣ, сериалҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва видеоклипҳои мусиқиро дастгирӣ намекунад.
Озмун барои шабакаҳои телевизионӣ, онлайн-расонаҳо, студияҳои истеҳсолӣ , продюсерҳои мустақил, муаллифон ва блогнависон кушода аст. Гурӯҳ ё муаллиф бояд қайди ҳуқуқи (ҶДММ, соҳибкори инфиродӣ, фонд ё дигар)-ро дошта бошанд. Ҳама лоиҳаҳо бояд то моҳи сентябри соли 2020 ба анҷом расанд.
Ҷадвали нашр ё намоиши матолиб минбаъд дар созишномаи грантӣ иловатан муайян карда мешавад.
Озмун дар се давра баргузор мешавад:
Даври 1 – озмуни идеяҳо
Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки дархости онлайниро бо тавсифи мухтасари идеяи худ пур кунед. Маҳдудият мавзӯъҳо вуҷуд надорад. Эҷод . тахайюд ва орзу кунед! Мо пешниҳоди муҳтаво ва форматҳои ҷолиб ва илҳомбахшро интизорем.
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо – то 18 ноябри соли 2019 аст.
Идеяҳои ҷолибтарин ба даври дуввуми озмун мегузаранд.
Даври 2 – муаррифии идеяҳо
Муаллифони идеяҳои беҳтарин ба питчинг-сессияи махсус даъват мешаванд. Дар ҳар шакл, дар тӯли панҷ дақиқа онҳо метавонанд консепсияи худро пешниҳод карда,муҳим ва воқеӣ будани онро собит кунанд.
Ҳангоми муаррифӣ бояд фаҳмиши худро дар бораи:
• мушаххасоти истеҳсолӣ;
• аудиторияи лоиҳа;
• буҷа; ва
– маҳсулоти ниҳоӣ – нишон дод.
Пас аз муаррифӣ, аъзои комиссия метавонанд барои такмил додани идеяи лоиҳа саволҳои рушанкунанда ва тавсияҳо диҳанд.
Даври 3 – такмил ва пешниҳоди грантҳо
Ба муаллифони лоиҳаҳое, ки ризояти пешакиро гирифтаанд, се ҳафта барои такмил додани лоиҳа, тартиб додани буҷа ва таҳияи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани грант, муҳлат дода мешавад.
Қарори ниҳоӣ дар бораи маблағгузории грантҳои контентӣ аз ҷониби комиссияи озмун дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда ва меъёрҳои зерин: асолати идея, ҳамгироии афзорҳои чандрасонаӣ, фаҳмиш ва ҷалби аудиторияи зерҳадаф, таҷрибаи қаблӣ ва буҷети оқилона. қабул карда мешаванд.Агар ба дарёфти грант сазовор дониста шавед, хариди нармафзорҳои литсензионӣ, техника ва таҷҳизотро дар дархост шомил кардан имконпазир а аст.
Агар лозим ояд, мо маълумоти иловагӣ талаб хоҳем кард. Дар сурати пайдо шудан саволҳо, лутфан, ба почтаи электронии Tj-info@internews.org муроҷиат намоед. Ҷавобҳо ба саволҳои зуд-зуд додашавандаро дар ин ҷо ёфтан мумкин аст.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.