Дар доираи лоиҳаи REVIVE созандагони муҳтавои баландсифате метавонанд дастгирӣ ёбанд, ки ба сокинони маҳаллӣ кўмак мерасонанд, то ҳодисаҳои дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба амаломадаро беҳтар дарк кунанд, инчунин баҳо диҳанд, ки ин равандҳо умуман ба ҷомеа ва ба вижа ҳаёти онҳо чӣ таъсир мерасонад.
REVIVE чӣ аст?
Аз 1-уми авгуси соли 2022 дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи минтақавии «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE)оғоз шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба бунёди муҳити солими иттилоотӣ мебошад, то ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон диҳад, ки ба маълумоти бардурўғ муқобилият кунанд ва қарорҳои оқилона бароранд.
Рӯйкард ба ду натиҷа нигаронида шудааст:
- Рўзноманигорон ва созандагони муҳтаво тавонмандии худро барои тавлид ва паҳн кардани муҳтавои босифат ва иштирок дар лоиҳаҳои муштараки фаромарзӣ зиёд мекунанд.
- Шаҳрвандон саводи расонаии худро баланд бардошта, аз иттилооти боэътимод истифода мебаранд.
Мо аз муҳтавои дар доираи лоиҳа эҷодшуда интизор дорем, ки дастрасии сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро ба иттилооти босифат оид ба мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният, маориф ва фарҳанг, инчунин таҳлили истеъмол ва тағйири тарзи зиндагӣ дар робита бо рўйдодҳои дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба амаломада беҳтар хоҳад кард.
Киҳо метавонанд ширкат варзанд?
Мо дархостҳоро аз расонаҳои мустақили маҳаллӣ, студияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) ва дигар созандагони ҳавасманди муҳтаво истиқбол мекунем. Шарти муҳим: аризадиҳанда бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад.
Мо кадом лоиҳаҳоро дастгирӣ хоҳем кард?
Ҳакамони мустақил ду дархости беҳтаринро бо буҷаи то 50 ҳазор евро ҳар кадом интихоб мекунанд. Интизор дорем, ки ҳар як лоиҳа ҳадди ақал 50 муҳтаворо дар мавзуъҳои гуногун тавлид мекунад. Муҳлати амалисозии лоиҳа – то 11 моҳ, аз санаи эҳтимолии оғози лоиҳа – 1 декабри соли 2022 мебошад.
Маблағҳои грантӣ метавонанд барои маош, сафари корӣ, хароҷоти амалиётии марбут ба истеҳсоли муҳтаво ва татбиқи нақшаҳои паҳнкунии муҳтавои офаридашуда, нармафзор ва таҳияи веб, қисман навсозии таҷҳизот сарф карда шавад.
Бартарият ба барномаҳое дода мешавад, ки ба тамоюлҳои истеъмоли ВАО дар кишвар мувофиқат ва дастрасии шунавандагонро ба муҳтаво бо забони миллӣ таъмин мекунанд.
Дархост бояд нақшаи муфассали эҷод ва паҳнкунии муҳтаворо, ки муҳлат ва воситаҳои паҳнкуниро нишон медиҳад, дар бар гирад. Афзалият ба шарикӣ бо дигар иштирокчиёни бозори ВАО, ки муҳтаворо бо фарогирии васеътари он таъмин мекунанд, дода мешавад.
Самтҳои асосии озмун
Шумо бояд бешубҳа дархост пешниҳод намоед, агар идеяҳое дошта бошед, ки:
- муҳтавои босифат ва муътамад дар бораи рўйдодҳои ҷорӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳонро дастрастар менамояд
- дар мубориза бо маълумоти бардурўғ ва қалбакӣ нигаронида шуда, моҳият ва ҳадафҳои онҳоро фаҳмонанд
- муқовимат ба забони бадбинӣ ва барангехтани бадбинӣ миёни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ;
- таҳкими идеяҳои истиқрори сулҳ ва рушди таҳаммулпазирӣ ;
- мусоидат намудан ба муколамаи байни шунавандагон ва дар пайдо кардани заминаҳои умумӣ барои ҳалли мушкилот дар дохили ин ҷомеаҳо кўмак менамояд;
- ташвиқи мубоҳисаҳо оид ба арзишҳои умумӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷалби фаъолияти шаҳрвандӣ миёни сокинон
- ба ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон рўйдодаро хубтар дарк намояд;
- идеяҳои озодии баён, ҳуқуқи инсон, гендерӣ ва ҳама шаклҳои дигари баробариро дастгирӣ менамояд.
Дар кадом жанрҳо кор кардан беҳтар аст?
Internews довталабро дар интихоби жанр\шакл\формати муҳтавои истеҳсолшуда маҳдуд намекунад. Шумо метавонед дар якчанд жанр ва форматҳо таҳлилӣ, тадқиқоти журналистӣ, дата-журналистика, форматҳои таълимӣ, фароғатӣ ва фаҳмондадиҳӣ, ҳаҷв, муҳтавои фарҳангӣ (клипҳо, филмҳои кўтоҳмуддати бадеӣ, видеоҳои иҷтимоӣ), ҳикояҳо, фактчекинг, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳибаҳо, ток-шоуҳо ва ғайраҳо кор кунед.
Чӣ тавр метавон иштирок кард?
Барои иштирок дар озмун бояд дархост иборат аз тавсифи лоиҳа ва буҷа пешниҳод кард. Дархостҳои пуршударо бояд ба нишонии Central-Asia-REVIVE-Info@internews.org на дертар аз 23 октябри соли 2022 то соати 23:59 ба вақти Алмато бо зикри мавзуъ: Тоҷикистон. Дархост барои иштирок дар озмун барои истеҳсоли муҳтаво фиристед.
Шумо дархост додед. Дар идома чӣ?
Озмун дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар даври аввал ғолибони ниҳоӣ, ки аз меъёрҳои интихоби техникӣ гузаштаанд, барои муаррифии идеяҳои худ ба питчинг-сессия даъват мешаванд. Дар марҳилаи дуюм, аз рўйи натиҷаҳои муаррифӣ, ҳайати ҳакамони мустақил ғолибонро муайян мекунад – рўйхати асосии лоиҳаҳо ва лоиҳҳои захиравӣ.
6 октябри соли 2022, соати 14.00 тариқи онлайнсессияи иттилоотӣ баргузор мегардад, ки дар он шумо метавонед дар бораи шартҳои озмун маълумоти бештар гиред ва саволҳои худро диҳед. Довталабон аз минтақаҳо метавонанд ба сессияи иттилоотӣ тавассути ZOOM онлайн ҳамроҳ шаванд. Барои сабти ном дар иштирок лутфан бақайдгирии онлайнро пайгирӣ кунед.
Меъёрҳои интихоб:
- мавҷудияти шахси ҳуқуқии бақайдгирифташуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҷрибаи қаблӣ дар соҳаи истеҳсоли муҳтаво (на камтар аз як сол);
- намунаи муфассали кор, аз ҷумла таҷрибаи кори аъзоёни алоҳидаи даста;
- беҳамтоӣ, асолатӣ, эҷодкорӣ ва навоварӣ дар идея;
- риояи мавзуъҳои эълоншудаи озмун;
- дастрасӣ ба аудиторияи васеъ (тақсимоти муҳтаво);
- имконияти татбиқи лоиҳа ба забони миллӣ;
- мавҷудияти мактубҳои дастгирӣ аз шарикон вобаста ба паҳнкунии муҳтаво;
- розигӣ дар ворид намудани тағйирот ба пас аз гирифтани маълумоти пешакӣ аз таҳқиқи минтақавӣ оид ба истеъмоли ВАО дар Осиёи Марказӣ;
- мавҷудияти заминаи техникии зарурӣ барои татбиқи лоиҳа;
- мавҷудияти заминаи коршиносӣ ва захираҳои инсонӣ барои таъмини иҷрои дурусти супоришҳо, ҳисоботи босифати молиявӣ ва тавсифӣ дар доираи лоиҳа;
- тамоюл ба стандартҳои касбӣ ва ахлоқии журналистикаи босифат;
Рўйхати захиравӣ чӣ маъно дорад?
Моҳи ноябри соли 2022 Internews натиҷаҳои муқаддамотии таҳқиқоти минтақавӣ оид ба истеъмоли ВАО дар Осиёи Марказиро дарёфт хоҳад кард. Муаллифони дархостҳои интихобшуда аз рўйхати асосии лоиҳаҳо бояд бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқ пешниҳодҳои худро коркард намоянд. Агар иштирокчӣ аз тағйир додани лоиҳаи худ даст кашад, Internews ҳуқуқ дорад, ки ин иштирокчиро аз гирифтани грант маҳрум намояд ва ғолиби навро аз рўйхати захиравӣ муайян созад.
Маълумоти иловагӣ
Мо танҳо бастаҳои пурраи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ хоҳем кард (ариза, лоиҳаи буҷет, розигӣ барои коркарди лоиҳа, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ, мактубҳои дастгирӣ аз шарикон). Лоиҳаҳое, ки як ё якчанд ҳуҷҷат надоранд, ба таври худкор аз озмун хориҷ мешаванд.
Дархостҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қабул мешаванд.
Ғолибони озмун метавонанд пеш аз оғози лоиҳаҳои худ дар тренингҳои таълимӣ доир ба саводи расонаӣ, фактчекинг ва эҷоди муҳтавои баландсифати расонаӣ ширкат кунанд. Инчунин, Internews дар Тоҷикистон ба шарикон дар давоми лоиҳа аз ҷониби коршиносони ВАО ба дастаҳо дар беҳтар кардани муҳтавои таҳияшуда кўмаки машваратӣ мерасонанд.
Шумо метавонед варақаи дархостро аз ин ҷо боргирӣ намоед.
Нусхаи буҷаро аз ин ҷо боргирӣ намоед.
Озмуни грантӣ дар чаҳорчўбаи лоиҳаи REVIVE инчунин, дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон доир карда мешавад. Лутфан, ин маълумотро бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо мубодила кунед.
Оё ягон саволи дигар доред?
Бо мо тамос гиред! Мо омодаем ба саволҳои шумо тавассути почтаи электронии Central-Asia-REVIVE-Info@internews.org ҷавоб диҳем.