Макони қудрат, тафаккур ва мулоҳиза: чаро шумо бояд ҳатман ба MediaCAMP Fest биёед?

Зиёда аз шаш моҳ аст, ки бо муҳаббати зиёд ба ҳамаи мутахассисони расонаии Осиёи Марказӣ гурӯҳи Internews чорумин фестивали MediaCAMP Fest-ро ба нақша гирифтааст, ки рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Алмаато баргузор хоҳад шуд. Омодагӣ ба марҳилаи хеле фаъол гузаштааст ва гурӯҳи Internews аллакай аз рӯҳияи вохӯриҳо, табассумҳои хушҳолона ва оғӯшҳои гарми дар пешистода нерӯ гирифтааст. Мо хушҳолем, ки барномаи ҷашнвораро пешниҳод менамоем ва сабабҳоеро ироа медиҳем, ки ба андешаи мо ҳатман шуморо бовар мекунонад, ки рӯзҳои истироҳатии гаронбаҳои худро маҳз бо мо бигузаронед.

Рӯзи аввали MediaCAMP Fest (шанбе, 8-уми октябр) –сермаҳсултарин рӯз аст. Дар инҷо ҳам дар формати аллакай маҳбуби SnapTalk суханрониҳои рӯҳбаландкунанда, ҳам бозиҳои интерактивӣ ва мастер-класҳои муфид мавҷуданд. Аммо муъҷизаи асосӣ дар танаффусҳо аст, ки зимни он метавонед ба қадри кофӣ бо ҳамкасбон аз дигар шаҳру кишварҳо, суҳбат кунед, муваффақияту душвориҳоро муҳокима намоед ва мубодилаи таҷриба кунед.

— Фестивал —  пеш аз ҳама нетворкинг (шабакасозӣ) аст. Шумо бо одамони зиёде бо алоқамандиҳои монанд мулоқот хоҳед кард ва метавонед ҳамроҳ ягон чизи нав эҷод кунед. Машғулиятҳои омӯзишӣ ба идеяҳо ёрӣ мерасонанд. Масалан, яке аз мастер-класҳо на танҳо ба монетизатсия (бапултабдилдиҳӣ), балки ба кор бо намояндагони бизнес бахшида шудааст. Дигаре дар бораи визуализатсия (намоёнсозӣ) дар расонаҳо суҳбат хоҳад кард: чӣ гуна мумкин аст бе дизайнер бо роҳҳои оддӣ ва ғайриоддӣ он чиро ки мехоҳед ба хонанда бирасонед, намоиш диҳед. Машғулияти Ёқуб Халимов ба шумо барои оғози нахустин таҳқиқоти журналистиатон кумак мекунад ва дар машғулиятҳои махсус ҳамкорони Internews — Анна Сухачева ва Лилия Гайсина — ба расонаҳо тарзи сохтани шабакаи хабарнигорони шаҳрвандиро омӯзиш медиҳанд. Ин  бешубҳа дилгиркунанда нахоҳад буд! – мегӯяд ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишии Internews Алевтина Мадярова.

Дар рӯзи дуюми MediaCAMP Fest (якшанбе, 9-уми октябр) мо дар бораи тамоюлҳо дар минтақа ва навовариҳо дар ҷаҳон суҳбат хоҳем кард. Мо на танҳо ба таври инфиродӣ, балки дар гурӯҳҳо низ кор хоҳем кард ин маънои онро дорад, ки нетворкинг ҳар рӯз бештар ва бештар хоҳад шуд! Дар вақти танаффусҳои байни муошират, ки дар рӯзи дуюм маҳз ҳамин тавр хоҳад шуд — Василий Гатов ва Светлана Лебедева суханронӣ хоҳанд кард. Машғулиятҳо дар бораи навовариҳои расонаӣ дар замонҳои ноустувор ва роҳҳои бапултабдилдиҳии лоиҳаҳои махсус барои ширкаткунандагони касбҳои гуногуни расонаӣ муфид хоҳанд буд.

Ба барномаи кушодашавӣ диққати махсус диҳед ин вақтест, ки шумо худатон метавонед барои гирифтани таассуроти нав ба кадом толор рафтанро интихоб кунед. Зали филмҳои мустанадро ҳатман тамошо кунед — дар он асарҳои навтарини мустанадсозони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Бовар дорам, ки шумо аз он ки муаллифони осиёимарказии мо то чӣ андоза мавзуъҳои муҳим ва ҷасуронаро ба миён мегузоранд, дар ҳайрат хоҳед монд, нақл мекунад Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон.

Рӯзи сеюми MediaCAMP Fest (душанбе, 10-уми октябр) барои бархе аз ширкаткунандагон мавҷи махсуси эҳсосоти гувороро хоҳад овард. Муҳимтар аз ҳама дар ин рӯз қадрдонии ғолибони Ҷоизаҳои MediaCAMP мебошад. Аммо ҳатто пеш аз маросим, ​​ҷаласаҳои муфиди зиёде мавҷуданд: фасилитатсия дар мавзӯи рушди ҷойгоҳи иҷтимоӣ, суҳбат бо конфликтолог, қоидаҳои кор ба ҳайси рӯзноманигор дар нуқтаҳои доғ ва пешгӯии ояндаи Осиёи Марказӣ.

— Вақтҳои охир ҳамаи мо беҳуда умр ба cap мебарем, мо вақт надорем, ки каме таваққуф кунем, ҷаҳонӣ фикр кунем, дар бораи баъзе чизҳои зиндагӣ, касбу кор ва дар бораи рисолати худ андеша намоем. Ва ин корро ҳадди ақал барои он анҷом диҳем, ки бифаҳмем мо кӣ ҳастем, барои чӣ зиндагӣ мекунаем ва ба куҷо равонаем? Ҷашнвора имконияти хубест барои танаффус аз чизҳои ҳаррӯза ва фикр кардан дар бораи чизҳои муҳимтар. Шумо метавонед дар як вақт дар як ҷо бо як гурӯҳи одамони ҷолиб вохӯред, муошират ва гуфтугӯ кунед, бифаҳмед, ки онҳо чӣ кор мекунанд ва чӣ гунаанд, аз таҷрибаи онҳо ҳайрон шавед ва онҳоро таҳсин кунед, чизе пазиред ва чизе омӯзед. Мо умедворем, ки MediaCAMP Fest-и имсола ба макони қудрат, тафаккур, мулоҳиза, муошират ва омӯзиш табдил хоҳад ёфт, — мегӯяд коршиноси тавлиди муҳтавои Internews, ҳамоҳангсози Ҷоизаи MediaCAMP Марина Михтаева.

MediaCAMP Fest бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, баргузор мешавад. Internews барои муҳавтои он масъул аст ва он на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *