INTERNEWS барои таъсиси хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон озмун эълон мекунад

Фондҳои ғайриҳукуматӣ, созмонҳои омӯзишию расонаӣ ва ассосиатсияҳои Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни таъсиси Хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон даъват мешаванд.

Хонаи саводнокии расонаӣ – як маркази маҳаллии коршиносист, ки ба ҷалби ҷомеа ба саводнокии иттилоотӣ-расонаӣ ва рақамӣ дар минтақа равона шудааст. Он метавонад дар яке аз шаҳрҳои бузурги вилояти Хатлон – Кӯлоб, Данғара ё Бохтар ҷойгир бошад. Дар баробари ин муҳим аст, ки чорабиниҳо на танҳо дар як шаҳр, балки дар минтақаҳои гуногуни аҳолинишини вилояти Хатлон пайваста баргузор шаванд.

Вазифаҳои Хонаи саводнокии расонаӣ иборатанд аз:

  1. Баргузории чорабиниҳо оид ба рушди саводнокии расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамии аҳолии вилояти Хатлон (корҳои гуногуни омӯзишӣ барои гурӯҳҳои гуногуни демографӣ; гуфтугӯ ва баҳсҳо; бозиҳо ва квестҳо; тренингҳо барои тренерҳо оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва рақамӣ; вохӯриҳо бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ ва ғайра). Давомнокии лоиҳа 5 моҳ аст.
  2. Даврабандии чорабиниҳо – на камтар аз се маротиба дар як моҳ дар ҳама гуна формат мувофиқи вазъи эпидемиологӣ.

Умедворем, ки дар чорабиниҳои Хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон афроди дорои синну сол ва касбу кори гуногун ширкат мекунанд.

Афзалият ба довталабоне дода мешавад, ки дар гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар самти рушди саводнокии расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ таҷриба доранд.

Барои иштирок дар озмун дархостро дар ин ҷо то соати 24:00 ба вақти Душанбе, рӯзи 6 июли соли 2022 пур кунед

Internews дархостҳоро на дертар аз 13 июли соли 2022 баррасӣ мекунад ва ҳамаи довталабон аз натиҷаҳои озмун на дертар аз 18 июли соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Агар шумо дар ин бора саволе дошта бошед, лутфан, ба нишонии: : TJ-Info@internews.org бинависед. Дар сатри «Мавзӯи паём», лутфан, “Хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон”-ро нишон диҳед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *