Дар Конфронси байналмилалӣ доир ба саводи расонаӣ стратегияҳои миллии пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ пешниҳод шуданд

Рӯзи ҷумъа – 10 июн дар Алмаато маросими анҷомёбии нахустин Конфронси байналмилалӣ вобаста ба саводи расонаӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии дурӯза коршиносони соҳаи саводи расонаӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идеяҳои пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии конфронс таҳияи тавсияҳо барои ташаккули стратегияҳои миллии пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Идеяи асосии саводи расонаӣ – доштани тафаккури интиқодӣ, ки ба шумо имкон медиҳад иттилоотро полоиш кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бетағйир боқӣ мемонад. Аммо дар минтақаи мо ва дар ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ, хусусиятҳои менталитет, қонунгузорӣ, афзалиятҳои одамон мавҷуданд, ки ба муваффақияти пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, стратегияҳои миллии ҷудогона лозим шуданд. Тавсияҳои ниҳоӣ доир ба ҳар як кишвар аз ҷониби директори кишварии Internews дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмидинова (Тоҷикистон), директори созмони ҷамъиятии Маркази рушди журналистикаи муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Сулаймонова (Ӯзбекистон), мушовири ректори Esil University Руслан Каратабанов (Қазоқистон) изҳор шуданд.

Гулнар Асанбаева (Internews), Марат Бигалиев (Internews), Лола Олимова (IWPR Тоҷикистон)

Директори кишварии Internews дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмидинова тасаввури дастаҷамъии гурӯҳи худро дар бораи рушди саводнокии расонаӣ чунин шарҳ дод:

— Дар Тоҷикистон якчанд чолише ҳастанд, ки мо дар бораи онҳо суҳбат кардем. Ин сатҳи пасти саводнокии расонаӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни намояндагони расонаҳо мебошад. Масъалаи дигар, сатҳи пасти ҳамоҳангӣ байни ҷонибҳои манфиатдори гуногун мебошад, агар онро чунин номгузорӣ кунем. Яке аз бахшҳои муҳими стратегияе, ки мо пешниҳод кардем, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ, роҳандозии муколама байни бозигарони гуногун – созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳукумат, вазоратҳо буд… Байни мо ва Вазорати маориф ҳамкории хуб ба вуҷуд омадааст. Ин як намуди таҳсилоти расмӣ нест, ки ЮНЕСКО пешниҳод мекунад, балки як чизи омехта, конвергенсия – эҷоди ҷомеаи дониш аст. Он дар анъана ва фарҳанги мо вуҷуд дорад, мардуми мо ба дониш эҳтиром доранд. Мо тарғиби саводи расонаиро тавассути фарогирии фарҳангӣ дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимии расмӣ муҳим мешуморем.

Ҳанӯз аз методи протексионизм ба методи тавонмандсозӣ гузаштан лозим аст. Агар ба фазои иттилоотӣ ворид нашавем, пас чунин ҳолат рушди моро ба таъхир меандозад. Аҳолиро омӯзиш додан, дар бораи хатари иттилооте, ки аз ҳар тараф меояд, хабар додан лозим аст. Таҳсилоти ғайрирасмӣ низ муҳим аст – тавассути гурӯҳҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз ҷумла ба падару модарон таъкид бояд, кард, ки кӯдакон аз синни барвақттар дарк кунанд, ки саводи расонаӣ чист, ба ҳар чизе, ки пеш меояд, бовар накунанд.

Аз ҷумла, мо дар бораи аҳамияти ҳуҷҷатҳое суҳбат кардем, ки саводи расонаиро дар сатҳи миллӣ ҳавасманд мекунанд. Мутаассифона, чунин ҳуҷҷат вуҷуд надорад. Аммо дар қонунгузории мо, Конститутсия, қонун дар бораи маориф, қонун дар бораи мубориза бо экстремизм модда дар тафаккури интиқодӣ вуҷуд дорад. Ин заминаест, ки онро такмил ва инкишоф додан мумкин аст.

Иштироккунандагони конфронси байналмиллалӣ доир ба саводи расонаӣ

Директори Созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Маркази рушди журналистикаи муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Сулаймонова стратегияи миллиро барои кишвари худ чунин шарҳ дод:

— Аслан стратегия як хел мемонад. Аввал шумо бояд мушкилотро омӯзед, аввал бояд таҳқиқи ҳамаҷониба сурат гирад. Баҳси дирӯзаи мо нишон дод, ки мо аз он чӣ дар системаи маорифи мо рӯй медиҳад, чандон огоҳ нестем. Вале дархост ҳаст. Аз рӯи кадом аломатҳо шинохтан мумкин аст? Вақте ки мо барои омӯзгорони мактабҳо тренингҳо гузаронидем, мо фаҳмидем, ки баъзе унсурҳои саводнокии расонаӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ва ин ташаббуси шахсии муаллимони мактаб аст, худи онҳо ин маълумотро ҷустуҷӯ мекунанд, чунки барои онҳо лозим аст. Вале ҳамаи ин амалҳо аз ҳам пароканда мебошанд. Агар таҷрибаи онҳо дар ҷое ҷалб, ҷамъоварӣ ва муттаҳид карда шавад, он як майдони бузурге хоҳад буд, ки дар он маводҳои зиёде вуҷуд хоҳанд дошт. Пас, қадами аввал бояд, албатта, таҳқиқи васеъмиқёси он ва муайян кардани ҳадафи равшан бошад: мо ба чӣ мехоҳем ноил шавем? Натиҷаи мушаххас, равшан ва қобили андозагирӣ. Баъд аз як сол мо мехоҳем, ки дар мактаб дар фалон синфҳо саводнокии расонаӣ дарс дода шавад. Чӣ тавр ба ин ҳадаф расидан мумкин аст? Алакай худи мақсад муайян мешавад. Мо дирӯз шумораи зиёди қадамҳоеро навиштем, ки бардоштан мумкин аст. Ва дар сатҳи расмӣ, ин марҳила ба марҳила ҷорӣ кардани стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ, кор бо омӯзгорон мебошад. Муҳим дар баҳси мо ин аст, ки худи омӯзгорон бояд ҷалб карда шаванд.

Гульнар Асанбаева (Internews), Мадина Кусмолданова (USAID), Лоуренс Харди (USAID

Мушовири ректори Донишгоҳи Esil University Руслан Каратабанов (Қазоқистон) барномаи монандро барои Қазоқистон пешниҳод кард:

— Мо бори дигар дар бораи пешниҳодҳои худ фикр карда, тавсияхои зеринро кор карда баромадем. Якум, дар соҳаи сиёсат, пешбурди принсипҳои таҳкими озодии баён. Мусоидат намудан ба эътирофи саводнокии ягонаи иттилоотӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди захираҳои инсонӣ дар муҳтавои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ. Ворид кардани нишондиҳандаи саводи иттилоотии расонаӣ ба барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳавии миллӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои мавриди ҳадаф. Татбиқи принсипҳо ва рӯйкардҳои ташаккули саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ тавассути муассисаҳои таҳсилӣ ва ворид кардани онҳо ба муҳтавои таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ.

Дуюм, дар соҳаи маориф – мусоидат намудан ба эътирофи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ҳамчун арзиши таҳсил ва атрибути хатмкунанда дар стандартҳои миллии таҳсил. Татбиқи принсипҳои асосӣ, рӯйкардҳо, нишондиҳандаҳои мақсадноки саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар муҳтавои таҳсилоти расмӣ бо роҳи дохил намудани онҳо дар таҳияи мақсадҳои таълим ва барномаҳои таълимӣ аз рўи фанҳо. Мусоидат намудан ба раванди дохил намудани фанҳои дахлдори саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ба барномаи таълимии миллӣ ҳамчун курсҳои интихобӣ. Мусоидат намудан ба раванди дохил намудани фанҳои саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ба нақшаҳои таълимии коллеҷҳо ва донишгоҳҳо. Мусоидат кардан ба дохил намудани ихтисосҳо ва касбҳо дар соҳаи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ба “Атласи касбҳои нав”, чаҳорчӯбаҳои соҳавии тахассусҳо, реестрҳо ва классификаторҳои ихтисосҳо. Мусоидат кардан ба таҳияи барномаҳои таълимӣ барои коллеҷҳо ва донишгоҳҳо аз рӯи тахассуси саводи расонаӣ ва иттилоотӣ. Яъне мо метавонем ихтисосҳои нав кушоем. Ҳоло вазорат ба он манфиатдор аст. Мусоидат ба рушд ва таблиғи муҳтавои саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ. Инкишоф додани шабакаи васеи миллии марказҳои таълимӣ дар соҳаи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ.

Сеюм, дар соҳаи фарҳанг ва ВАО – мусоидат намудан ба таҳияи ривоятҳо, хабарҳо, идеологияҳо, суҳбатҳо, сенарияҳо барои дохил намудани онҳо ба маҳсулоти соҳаи фарҳанг ва ВАО. Таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи фарҳанг ва ВАО, ки арзишҳои идеяи саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ ва ҷомеаро таблиғ мекунанд. Мусоидат ба рушди ҳаракати волонтёрӣ барои пешбурди идеяҳои саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ. Бо мақсади ҷалби ҳама ва татбиқи принсипи фарогирӣ, пешниҳод кардани лоиҳаҳои консорсиумӣ барои ҷалби ҷомеа ба фаъолияти маърифатӣ дар соҳаи саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ.

Ҳамчунин, дар доираи конфронс аз ҷониби муаллифи ҷавон Аннас Багдат аз Қазоқистон, финалисти минтақавии MediaCAMP Eduton соли 2022 дар бораи саводнокии расонаӣ мюзикл намоиш дода шуд.

Намоиши мюзикл дар бораи саводнокии расонаӣ 
Намоиши мюзикл дар бораи саводнокии расонаӣ

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *