Internews аввалин маҳфили расонаии занони рӯзноманигори тоҷикро баргузор мекунад

Муддати охир дар расонаҳои Тоҷикистон занони хабарнигор кам шуда истодаанд. Масалан, нашрияҳои зиёди кишвар дар ҳоли ҳозир танҳо аз тими  мардона иборатанд, ки пеш ин гуна набуд. Ин дар ҳолест, ки дар факултету шуъбаҳои журналистикаи кишвар назар ба мардон занҳо зиёдтар таҳсил мекунанд. Вале пас аз хатми донишгоҳ духтарон ба журналистикаи касбӣ намераванд, зеро онҳо аз пайгирии мавзуъҳои мураккаб ва баҳсбарангез метарсанд. Сабабаш дар он аст, ки ба онҳо на аз ҷониби мақомот, балки аз ҷониби аъзоёни оилаи худашон фишор меоранд. Духтарони рӯзноманигор аксар вақт ба худ боварӣ надоранд, то ки ба мавзуъҳои душвор даст зананд. Онҳо аз мавзуъҳои душвор канораҷӯйӣ мекунанду дар ин замина ба журналистони мард бой медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки камбуди рӯзноманигорони зан дар ҷомеаи кишвар боиси вайрон шудани баробарии гендерӣ мегардад. Инчунин мавзуъҳои зиёди занона нодида гирифта шуда, як намуд беаҳамиятӣ нисбати чунин масоил ба миён меояд. Барои чӣ ин гуна мешавад? Чаро духтарону занон ба расонаҳо намераванд? Чӣ кор бояд кард, ки шумораи занони хабарнигор дар расонаҳо зиёд шаванд? Заноне, ки дар расонаҳо фаъолият мекунанд, бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Дар ин бора мо дар аввалин маҳфили расонаии занони рӯзноманигори тоҷик, ки аз тарафи Интернюс дар Тоҷикистон баргузор мешавад, суҳбат хоҳем кард. Дар ин маърака ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд.

Маҳфили мо кай баргузор хоҳад шуд?

Рӯзи ҷумъа, 6 уми май, соати 16:00 ба вақти Душанбе

Чӣ гуна ба вохӯрӣ пайваст шудан мумкин аст?

Дар ин линк худро сабти ном кунед. Барои иштирок ба шумо линки вохӯрӣ дар ZOOM ирсол карда шавад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки вохӯрии онлайнии мо дар саҳифаи расмии Интернюс дар Тоҷикистон дар Facebook сабт карда мешавад. Линк ба саҳифа

Бо худ чӣ бояд гирифт?

Чой/қаҳва/шарбат/об, табъи хуш ва нигоҳи созанда.

Маҳфили расонаии занон чист?

Бори нахуст аст, ки дар Душанбе аввалин маҳфили расонаии занони рӯзноманигори тоҷик доир мешавад. То ин дам Интернюс ин маҳфилро дар сатҳи осиёимарказӣ баргузор мекард. Маҳфили расонаии занонаи Осиёи Марказӣ бори чорум аст, ки доир мешавад. Дар умум, Маҳфили расонаии занонаи Интернюс чист ва онҳо чӣ гуна мегузаранд, метавонед аз ин линк  бубинед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *