Имкон Консалтинг якҷоя бо Internews дар Тоҷикистон барои штирок дар барномаи таҳсилотӣ,ки ба боло бурдани малакаҳо дар соҳаи таҳияи дурнамои рушд ва таҳкими устувории ширкатҳои расонаӣ, фарҳанги ташкилотчигӣ ва зарфияти кормандон равона шудааст, дар байни расонаҳои мустақили Тоҷикистон озмун эълон менамоянд.
Барномаи таҳсилот аз чор марҳила иборат аст: тренинг барои роҳбарони сатҳи олӣ/ соҳибмулкони расонаҳо (онҳое ки қарорҳои стратегӣ қабул мекунанд), барои сатҳи миёна( онҳое, ки бевосита ба татбиқи дурнамои қабулшуда машғуланд), ташхиси тиҷоратии ширкатҳои расонаӣ ва дастгирии грантӣ дар татбиқи натиҷаҳои омузиши дурнамои таҳияшуда барои рушди ширкатҳои расонаӣ.
Дар марҳилаи аввал дар асоси озмун 12 нафар аз топ-менеҷерони расонаҳои мустақил(ТВ,радио,нашрияҳои интернетӣ,рузномаҳо,Ютуб каналҳо) даъват мешаванд, ки ба омузиш дар таҳияи бизнес-моделҳои ширкатҳо ва муайян намудани биниши стратегӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар марҳилаи дуюм, менеҷерҳои сатҳи миёна аз шумори он расонаҳое даъват мешаванд, ки роҳбаронашон дар теренинги марҳилаи аввал ширкат кардаанд. Барномаи марҳилаи дуюм иборат аз қоидаҳои бунёдиест, ки ба роҳбарони зинаи миёна дар кори ҳамарузаашон оид ба татбиқи дурнамоии тағийротҳо дар ширкатҳояшон мусоидат менамояд.
Дар марҳилаи сеюм ба иштирокчиёни бештар фаъол ва хоҳишманд, мушовирони «Имкон» омузиши ташхиси тиҷоратии ширкатҳои расонаиро мегузаронанд ва тавсияҳо дар мавриди татбиқи тағйиротҳои зарурӣ медиҳанд.
Дар марҳилаи чорум, Интернюс дар Тоҷикистон якҷоя бо Имкон Консалтинг озмуни грантҳои хурдро дар байни иштирокчиёни барномаи таҳсилотӣ барои татбиқи дурнамои рушди ширкатҳои расонаӣ, ки ҳини омузишҳо таҳия шудаанд, эълон мекунанд.
Барои ибрози хоҳиши иштирок дар барномаи таҳсилотӣ пур намудани дархости онлайнӣ зарур аст. Муҳлати охирини пешниҳоди дархостҳо 25 июли соли 2019 аст.
Ба онҳое ки хоҳишманди иштирок кардан дар ин барнома ҳастанд, саволномаҳое пешниҳод мегарданд, ки имкони интихоб намудани 12 топ-менеҷерро барои ширкат дар тренинги «Таҳияи бизнес-моделҳои ширкатҳои расонаӣ» медиҳанд. Интихоби иштирокчиён дар зиммаи комиссия муштарак аз Имкон, Интернюс, USAID ва коршиносони озод дар асоси саволнома аст( саволномаҳо ба номзадҳое, ки дархостҳои онлайниро пур кардаанд, пешниҳод мегарданд).
Лоиҳаи мазкур якҷоя бо Internews дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи расонаии Осиёи Марказӣ – MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Дар бораи Барномаи расонаии Осиёи Марказӣ – MediaCAMP муфасалтар дар ин ҷо бихонед.
Вобаста ба масъалаи иштирок дар озмун, лутфан, ба Анна Викторова, менеҷери лоиҳаҳои Имкон Консалтинг бо почтаи электронии: anna@imkon.net муроҷиат намоед