Internews сохтани чаҳор лоиҳаи расонаии муҳимро дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад

Достонҳоии видеоӣ оид ба одамони камшунаво аз вилояти Суғд, мақолаҳо аз рузгори занони аз шавҳарон  ҷудошуда дар Рашт, лоиҳаи расонаӣ дар бораи косибони ҷавон аз Помир ва одамони маълул дар Хуҷанд, ки тиҷораташонро равнақ медиҳанд. Инҳо ва дигар ғояҳои лоиҳаҳои расонаӣ дар рафти  аввалин Озмоишгоҳи фарогир омода шуда буданд.

Дар бораи одамони камшунаво аз вилояти Суғд, ки ҳатто забони имову ишораро намедонанд ва маҷбуранд, ки дар муҳити нофаҳмии мутлақ зиндагӣ намоянд, акнун дар расонаҳои марказии тоҷик нақл мекунанд. Идеяи сохтани чунин лоиҳаро дастаи фаъолони ҷавон аз ИҶ “Дидор” пайдо намуд, ки бо одамони камшунаво кор мекунанд.

-Мо намунаҳои тамоман мухталиф дорем. Масалан, ҷавонмарде, ки сарфи назар аз он ки шунавоиаш ҳамагӣ 20% аст, тавонист тиҷоратро бо муваффақият ба роҳ монад, аммо  дигар қиссаҳои одамонеро ҳам медонем, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ доранду на хондан,на навишта ва на бо забони ишорат гуфтанро медонанд. Мутаассифона, дар муҳити аз ҳама бештар носозгор маҳз ҷавонони камшунаво қарор доранд, ки бо бисёре аз онҳо касе кор накардааст ва  ба қадри тавон онҳо аз уҳдаи корҳояшон баромадаанд, -мегуяд узви даста – Маҳмудҷон Сангинов.

Озмоишгоҳи фарогир (Инклюзивная лаборатория) —  барои Тоҷикистон қолаби нави кор аст. Он аз ҷониби Интернюс барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти  ҷамъиятӣ  тавассути лоиҳаҳои муштараки созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳо пешниҳод гардид.

Мавзуи имсол “Фаъолнокии ҷавонон” аст ва шарики Интернюс дар гузаронидани ин озмоишгоҳ дар асоси озмун созмони ҷамъиятии “Фидокор”интихоб гардидааст. Озмоишгоҳ таваҷҷуҳи фаъолони ҷавонро аз манотиқи гуногун ҷалб кард ва дар он  25 нафар иштирок намуданд.

Вақте дастаҳо ба Озмоишгоҳ омаданд, маълум шуд, ки баъзеҳо дар бораи роҳҳои ҳамкорӣ бо расонаҳо ҳатто тасаввурот надоранд.

-Эҳтимол, мураккабии кори ин  Озмоишгоҳ дар он буд, ки на ҳама иштирокчиён ба журналистика алоқамандӣ доштанд; аксарият ТҒД-ро намояндагӣ мекарданд ва лоиҳаҳояшонро чун лоиҳаҳои иҷтимоӣ қабул  доштанд ва  ба    расонаҳоро чун   кисмати иловагӣ медиданд,- мегуяд ментори асосии озмоишгоҳ, тренери россиягии соҳаи расонаҳо, дотсенти кафедраи рузноманигорӣ ва иртиботот бо  омма дар  Донишгоҳи давлатии Перм –Иван Печишев.

Навиштани матн, сохтани маводи чанрасонаӣ, бо идеяҳои худ ҷалб намудани расонаҳои марказӣ ва блогнависон-ҳамаи инро дастаҳо дар рафти Озмоишгоҳ омухтанд ва ин лоиҳаҳои онҳоро дигаргун сохт.

-Ғолибон онҳое шуданд, ки маҳз лоиҳаҳои расонаӣ сохтанд, -идома медиҳад Печишев.-Мо умедворем,ки онҳо маводи иттилоотии муҳим мегарданд. Умуман ҳамаи дастаҳо дар барои мушкилоти доғ нақл карданд, маълум буд, ки ҳар даста нисбат ба идеяаш содиқ аст, аммо беҳтаринҳо интихоб шуданд.

Дастаи “Дидор” аз вилояти Суғд чор достони видеоӣ дар бораи камшунавоҳо месозад, ки худи қаҳрамонони  қиссаҳо фаъолона  иштирок хоҳанд кард. Баъдан ин ҷавонон маҳорату малакаҳои андухтаашонро дар Интернет истифода мекунанд ва барои дигарон намунаи ибрат мешаванд. Ин достонҳо бо тарҷумаи имову ишора таъмин мешаванд. Рунамоии лоиҳаи “Олами хомушӣ”  ба доварон таъсир гузошт ва даста ғолиб дониста шуд.

— Менторҳоямон ба мо хеле зиёд  кумак карданд, бе ёрии онҳо мо ба финал намерасидем: ба лутфи ин Озмоишгоҳ мо имкон  пайдо намудем, ки ба мушкилоти камшунавоҳо таваҷҷуҳро ҷалб намоем ва мо онро аз даст намедиҳем,-мегуяд иштирокчии дуюми даста  — Эркин Холматов.

Се ғолиби дигар -дастаҳои Рашт, ВМКБ ваа Хуҷанд ҳастанд. Дастаи Рашт аз рузгори ҷавонзанони аз шавҳар ҷудошуда дар сунатгаротарин минтақаи кишвар нақл мекунад, ки бо нофаҳмии сартосарӣ дучор меоянд ва пас аз ҷудошавӣ тамоман намедонад ,ки минбаъд чи тавр бояд зист.

Дастаҳо аз Бадахшон ва Хуҷанд лоиҳаҳои расонаии худро ба мушкилоти одамони имкониятҳояшон маҳдуд бахшидаанд. Дастаи Бадахшон ният доранд мавод  дар бораи маълулоне созонанд, ки ба косибӣ машғуланд, вале дуруст намедонад, ки маҳсулоташонро чи тавр бифурушанд. Даста умедвор аст, ки тавассути   инъикоси ин достонҳо, аудитория на танҳо дар бораи онҳо  огоҳӣ пайдо мекунад, балки эҳтимол маҳсулоти онҳоро  мехарад.

Ғолибон аз Хуҷанд маводи худро, қабл аз ҳама маводи ташвиқкунанда мебинанд,-қаҳрамонони онҳо ҳам одамони имконияташон маҳдуданд, вале онҳо орзу доранд, ки варзишгар шаванд  ё дар фаъолиятҳои соҳибкорӣ ба муваффақиятҳо ноил гарданд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *