«Формати хурд 2025»: Internews дар Тоҷикистон озмуни грантӣ эълон мекунад

Internews дар Тоҷикистон барои истеҳсоли мундариҷаи аудиовизуалӣ озмуни грантӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар он рӯзноманигорони мустақил, блогерон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва студияҳои продюсерӣ даъват мешаванд.

Мӯҳлати ниҳоии қабули дархостҳо: 10 январи соли 2025.

Бояд гуфт, имсол Internews дар доираи озмуни мазкур метавонад то 4 лоиҳаро дастгирӣ кунад, ки ин имконият шонси бурдро барои иштирокдорон бештар месозад. Дар хотир дошта бошед, ки идеяҳои пешниҳодшаванда ба талабот, меъёрҳо ва натоиҷи мавриди интизор бояд мутобиқат кунанд.

Ба чӣ ҳангоми пешниҳоди дархост бояд таваҷҷуҳ кард?

Аҳамияти идея. Идеяи пешниҳодшаванда бояд талаботи аудиторияро инъикос кунад. Пеш аз асосноксозии мавзӯи лоиҳа як маротиба фазои иттилоотии кишварро таҳлил кунед ва бубинед, ки барои хонанда/тамошобин/шунавандаи шумо чӣ чиз дақиқан метавонад ҷолиб ва муҳим бошад. Баъдан дар дархост фаҳмонед, ки бо кадом усул мехоҳед теъдоди тамошо/бознашр/шарҳ/лайкҳоро бештар кунед. Мавзӯъ ва самтҳои тавсияшаванда аз ҷониби Internews:

• Сатҳи пасти тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ;

• Муҳоҷират ва таъсири рӯйдодҳои минтақавӣ/ҷаҳонӣ ба ҳаёти мардум дар кишвар;

• Дезинформатсия ва паёмадҳои он;

• Стереотипҳои гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ;

• Фарҳанг, таърих ва худшиносӣ/худидентификатсия.

Мутобиқат бо формату платформаи нашр. Идея бояд ба аудиторияи мақсадноки интихобшуда (кӯдакон, наврасон, ҷавонон, калонсолон, солмандон) мутобиқ карда шавад ва ба формату платформаҳои асосии лоиҳа (ТВ, радио, YouTube, Facebook, Instagram) мувофиқ бошад.

Буҷа ва давомнокии лоиҳа. Internews омода аст лоиҳаҳоеро, ки буҷаашон аз 3000 то 6000 доллар аст, дастгирӣ кунад. Дар хотир дошта бошед, ки давомнокии лоиҳа бояд 4–6 моҳ бошад. Шароит, имконият ва вақти худро дуруст баҳо диҳед, то амалисозии идеяатон ба ҳакамон ғайривоқеӣ натобад.

Марҳилаҳои озмун:

 1. Интихоби техникӣ

Дар ин марҳила Internews формати идея, буҷаи он (набояд камтар ё бештар аз 3000–6000 доллар бошад), инчунин мавҷудияти иҷозатномаи истеҳсоли мундариҷаи аудиовизуалиро арзёбӣ мекунад. Агар шумо литсензия надошта бошед, бояд бо студияҳо ё ВАО, ки онро доранд, муроҷиат кунед. Натиҷаҳои ин давраи озмун 15 январ маълум мешаванд.

 2. Баҳогузории аввал

Аъзои мустақили ҳакамон, ки аз коршиносони ботаҷриба ва донандагони хуби ниёзҳои аудитория иборатанд, дар алоҳидагӣ ва махфӣ ба ҳар як идея баҳо мегузоранд. Натоиҷи арзёбии аввал 27 январ маълум хоҳанд шуд.

 3. Питчинги 7 идеяи беҳтарин

Муаллифони 7 лоиҳае, ки бештари холҳоро дар рафти баҳогузории аввал гирифтанд, барои ҳимоя аз идеяашон ба питчинг дар формати мусоҳиба даъват мешаванд. Ин марҳилаи озмун то 31 январ анҷом меёбад.

 4. Эълони ғолибон ва пешниҳоди грантҳо

Маълумоти муфассал дар бораи ғолибон аввали моҳи феврал дар сомонаи мо нашр мешавад. Шартнома барои пешниҳоди грант ҳам дар давоми моҳи феврали соли 2025 баста мешавад.   

ДАРХОСТҲО барои иштирок дар озмун то 10 январи 2025 (соати 23:59 ба вақти Душанбе) қабул мешаванд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба mkiromova@internews.org нависед.

Лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Internews амалӣ мекунад. Ҳадафи CAIIA нигоҳдорӣ ва таҳкими ягонагии фазои иттилоотӣ дар ОМ ва баланд бардоштани устувории ҷомеа ба маълумоти бардурӯғ мебошад. USAID созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба пешравии устувор мусоидат мекунад.  Барои маълумоти бештар ба саҳифаҳои зер ворид шавед:  https://www.usaid.gov/central-asia-regional https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *