Ҳамчун муаллимон дар омӯзиши рӯзноманигорони навкори Тоҷикистон ситораҳои расонанигории тоҷик ба ҷои вазифаи дилгиркунандаи хонагӣ ба сабти подкастҳо дар студияи воқеии радио буданд. Аксари дарсҳо ба таври бархат (онлайн) баргузор мешуданд ва ташкилкунандагони омӯзиш – рӯзноманигорони касбӣ кӯшиш ба харҷ доданд, то аудиторияи ҷавони онҳо журналистикаи муосирро бифаҳманд ва ба он ошиқ шаванд.
Модару духтар – Наргис ва Лола Қосимоваҳо ҳоло пурра ба кори эҷодӣ машғуланд. Дар заминаи созмони ҷамъиятии “Даст ба даст”, ки сарвараш Наргис мебошад, онҳо васоити ахбори наврасонро рушд медиҳанд, форумҳо ва ҷашнвораҳои ҷавононро баргузор мекунанд. Имсол онҳо тасмим гирифтанд, ки дар озмуни грантии Интернюс ширкат варзанд. Ғолибони озмунро мебоист, ки барои рӯзноманигорони навкор омӯзиш доир кунанд ва баъдан идеяи онҳо ғолиб омад.
“Даст ба даст” вазифадор шуд, ки як омӯзише барои рӯзноманигорони навкор ташкил кунад. Ҳамзамон кӯмак кунад, то онҳо дар бораи принсипҳои кори ВАО-и муосир ва имкониятҳои ин самт кор кунанд, иттилооти муосир ва мутобиқгашта гиранд. Бо сабаби пандемия, давоми ду моҳ омӯзиш бояд ба таври онлайн гузаронида мешуд: ҳафтае се маротиба, бегоҳӣ, иштирокчиён дар платформаи Big Blue Button, ки дар сервери дохилӣ кор мекунаду трафики камтарро сарф мекунад, ҷамъ омаданд. Дар омӯзиш 35-кас ширкат карданд ва ҷамъ овардани онҳо низ осон набуд.
– Ҷамъ кардани ширкаткунандагон барои омӯзишҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Зеро сифати интернет дар кишвари мо чандон хуб нест. Арзиши хидматҳо баланд аст ва ҷавонон имкони таҳсили бархатиро надоранд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҳангоми дарсҳо ҳаққи хидмати интернетро пардохт кунем, мегӯяд Наргис.
Наргис Қосимова илова бар таблиғоти шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷалби иштирокчиёни омӯзиш, дар донишгоҳҳои пойтахт, дар факултетҳои журналистика якчанд мулоқотҳо баргузор кард. Инчунин иштирокчиёнро тавассути шарикон ҷустуҷӯ карданд. Дар натиҷа, шумораи донишҷӯён ҳатто аз ҳадди пешбинишуда зиёдтар ҷамъ омаданд ва тақрибан ҳамаи ширкаткунандагон то охири омӯзиш иштирок карданд.
Омӯзиш чунин тарҳрезӣ шуда буд: аввал дарсҳои бархат, ки рӯзноманигорони касбӣ мегузаронанд, сипас бо роҳбарии онҳо корҳои амалӣ иҷро мекунанд. Дар ҷараёни қисми дуюми омӯзиш, худи донишҷӯён муҳтаво эҷод карданд. Барои мисол, онҳо ба студияи сабти радиои “Ватан” рафтанд, ки дар он ҷо устоди маъруфи радио Субҳон Ҷалилов мастер-класс гузаронид. Бо донишҷӯён рӯзноманигорони маъруф Ҷамшед Маърупов, Муҳайё Нозимова, Фарзонаи Умаралӣ, Шаҳодат Соҳибназарова ва аъзоёи Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон кор карданд.
Забони таълим дар омӯзиш асосан тоҷикӣ буд, донишҷӯён натанҳо аз Душанбе, балки аз манотиқи Тоҷикистон низ буданд: Муҳайё Саидаҳмадзода аз шаҳри Хоруғ. Ӯ рӯзноманигориро меомӯзад ва орзу дорад, ки дар оянда бо ихтисоси худ кор кунад.
– Ман бори аввал дар омӯзиши онлайн иштирок кардам ва хеле писанд омад. Дар донишгоҳ мо дарсҳои классикӣ – лексияҳо дорем, аммо дар омӯзиш амалӣ кор мекардем, бо рӯзноманигорон муошират мекардем. Дар омӯзишҳо ҳеҷ мушкиле набуд: Ман ҳамеша ҳама супоришҳоро омода намуда, дар дарсҳо саривақт ширкат мекардам. Аз ҳама бештар ба ман маълумот дар бораи подкастҳо писанд омад. Умедворам, ки ягон рӯз вебовоҳои (подкастҳо) муаллифии худро сабт мекунам, – мегӯяд Муҳайё.
Иштирокчии дигари омӯзиш, донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон – Фаридун Холбоев низ яке аз бартариҳои асосии ин тренингро кори амалӣ бо мураббиён медонад. Ба Фаридун бештар маълумоти чӣ гуна пеш бурдани блоги худ писанд омад.
– Барои рӯзноманигори муосир ин мавзуъ хеле муҳим ва зарурист, – мегӯяд ӯ.
Илова бар подкастҳо ва блогҳо, донишҷӯён навиштани матнҳо, наворбардорӣ ва таҳрир кардани кэпшн-видеоро ёд гирифтанд. Аз ҳама муҳим, ҳикояҳои ҷолибро дар ин форматҳо қисса карданд. Наргис мегӯяд, ки аз чашмони донишҷӯён нур меборид.
– Ширкаткунандагон ба маълумот ниёз доранд, ба онҳо ҳама чиз ҷолиб аст, – мегӯяд Наргис. – Онҳо хеле фаъол буданд! Қаблан лекторон аз он шикоят мекарданд, ки аудиторияи тоҷикзабон камтар фаъол аст, аммо ҳоло раванд дигар шудааст. Ин як гурӯҳи хеле равшан буд, мо кӯшиш мекардем, ки ба ҳама чизеро пешниҳод кунем, ки барояш ҷолиб бошад. Ва ман умедворам, ки онҳо воқеан дар бозори ВАО-и мо мемонанд ё дар оянда ба ин ҷо меоянд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP доир шуд. Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пайдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.