Ширкаткунандагони озмуни “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” муайян шуданд

Дар Қазоқистону Тоҷикистон ғолибони озмуни грантии ташкили шабакаҳои хабарнигорони шаҳрвандӣ интихоб гардиданд. Барои ширкат дар озмун аз Қазоқистон (18-дархост) ва Тоҷикистон (5 – дархост) 23 – дархост пешниҳод карда шуд.  Ҳайати байналмилалии коршиносони расонаии Қазоқистону Тоҷикистон довталабонро аз рӯи ҳафт меъёр баҳогузорӣ карданд:

  • Устувории ВАО
  • Таҷрибаи фаъолият бо журналистони шаҳрвандӣ
  • далели возеҳи ташкили як шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ барои ин расона / минтақа дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷузъ
  • таҷрибаи фаъолият дар таълими рӯзноманигорон
  • доштани нақшаи ноилшавӣ ба устуворӣ берун аз дастгирии грантии Интернюс
  • омодагӣ ба омӯзиши рӯзноманигорони шаҳрвандӣ
  • доштани стратегияи дақиқи ҷалбу интихоби рӯзноманигорони шаҳрвандӣ

Рӯйхати иштирокчиён аз Тоҷикистон:

  • Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон
  • АИ “Суғднюс”
  • АИ “Азия Плюс”
  • ШТР “Пайванд”

Рӯйхати иштирокчиён аз Қазоқистон:

  • АИ Minber
  • Сомонаи минтақавии Петропавловск.news
  • Ҳафтаномаи вилоятии Костанай «Наша газета»
  • Diapazon.kz
  • InAktau.kz
  • Эътилофи ташкилотҳои фонди ҷамъиятии «Молодёжная информационная служба Казахстана»
  • Иттиҳодияи ҷамъиятии «Семипалатинская городская ассоциация молодых журналистов»
  • Нашрияи АИ «Семей айнасы»
  • Нашрияи АИ Factum.KZ.

Ғолибони озмун чигуна дастгирӣ меёбанд:

  • дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ;
  • грант барои пардохти ҳаққи иштирокчиёни шабака дар марҳилаи аввал;
  • кӯмаки фосилавии мураббиён барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои муқарраршуда;

Барои саволҳои иловагӣ метавонед дар ин ҷо муроҷиат кунед:

Қазоқистон: kz-info@internews.org

Тоҷикистон: tj-info@internews.org

Ба саволҳои худ оид ба грантҳо дар ин ҷо посух гирифта метавонед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *