Дар Тоҷикистон маблағи хароҷоти реклама дар теливизион аз хароҷоти рекламаи берунӣ бештар шуд

Дар Тоҷикистон аз соли 2010  то ин дам нахустин бор мабалғи барои реклама дар каналҳои телевизионӣ масрафшуда аз  мабалағҳои барои рекламаи беруни сарфшуда бештар шуд. Дар ин бора иштирокдорони  мизи мудаввари “Истеҳсолкунадагони контентро дар Тоҷикистон чи ояндае интизор аст” изҳор намуданд, ки он рузи 23 август , дар Душанбе баргузор гардид.

Тахминан дар муддати даҳ сол тибқи арзёбиҳои гуногун беш аз 50% тамоми маблағҳои рекламаро корхонаҳо барои сохтани баннерҳо сарф мекарданд. Ин раванд  дар бозори кишвар замоне равнақ ёфт, ки дар телевизионҳои ватанӣ рекламаи ширкатҳои телефониро ғайрирасмӣ манъ карданд. Имсол вазъ дигар шуд: тибқи маълумоти КТМ, ки ба мониторинги  бозори расонаҳо машғул аст, дар чоряки соли 2019 ҳиссаи ТВ  дар буҷаи умумии реклама 41%, рекламаи берунӣ-23%-ро ташкил доданд. Даромади аз ҳама паст аз матбуот-5% ва аз нашрияҳои интернетӣ-6% аст.

-Умедворем,  пулҳое ки ҳоло тиҷорат барои рекламаи берунӣ сарф мекунад, то истеҳсолкунандагони контент ҳам  мерасанд, то ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ мусоидат кунад, гуфт директори Internews, – Абдумалик Қодиров.

Ба қавли ӯ, вақтҳои ахир ин аввалин чорабиниест, ки якҷоя рекламадиҳандагон, намояндагони саноати реклама ва расонаҳо ҷамъ омадаанд. Ӯ изҳори умед кард, ки мизи мудаввар боиси он гардад, ки дар оянда ҳама бозигарони бозори расонаҳо дар як майдоне  муттаҳид гарданд,  ки имкони дар як самт кор кардан ва натиҷаҳои баландро ноил шудан диҳад.

 .-Итеҳсолкунадаи контенти ватанӣ аудиторияро аз даст медиҳад, дар ҳудуди 40% тоҷикистониён каналҳои телевизионии тоҷикро тамошо намекунанд. Тахминан Душанбе ва Хоруғ тамоман телевизионҳои миллиро намебинанд,- гуфт ба иштирокдорон Шералӣ Ҷурабоев,директори  Sky Сentral Аsia  дар Тоҷикистон. – Кулоб  ба қадри кофи минтақаи сунатгарост, вале 22% сокинони ин шаҳр ҳам YouTube-ро тамошо мекунанд. Одамони  пули иловагӣ медиҳанд, зеро мехоҳанд контенти барояшон  аҷибро ба даст оваранд.

Дар рафти мизи мудаввар ба  мониторинги бозори расонаҳо дар Тоҷикистон  тавваҷҷуҳи хоса дода шуд. Дар кишвар беш аз 10 сол боз ширкати КТМ амал мекунад, вале аз маҳулоти он танҳо намояндагони саноати реклама истифода мекунанд.

Андозагирии расонаҳо -асъори бозор аст, агар бозор ба ин асъор эътимод надошта бошад, пас “хайр то боздид”, ба шумо маъқул аст ё не, шумо бояд онро истифода баред. Бозор танҳо дар сурате метавонад рушд кунад, ки асъори ягона дошта бошад, мегуяд, коршинос  аз Қирғизистон Айдер Бекиров, президенти Europe Media Group.

 Номбурда  қайд кард, ки рақабот барои нархи як дақиқаи вақти эфир,”аксарияти аҳли ҳузурро мекушад”: ба қавли ӯ ба расонаҳо зарур аст,  ки ба аудитория  бифурушанд ва ба рейтингҳое, ки ширкатҳои беруна тартиб медиҳанд,руй оваранд. Меҳмони дуюм  аз Қирғизистон , Анвар Давуров, намояндаи Sales House,  барои мисол намунаеро аз таҷрибаи худаш оиди пешбурди маҳсулоти ширкати Flint  дар бозори қирғиз овард.

– Ба фармоишгар аудитория 14-17 зарур буд ва бозоршиноси онҳо таъкид мекард, ки ин гуруҳи одамон танҳо аз диҷитол истифода  мекунанд, вале мо дақиқан медонистем, ки телвизор ҳам тамошо мекунанду маҳз кадом барномаҳоро ва ниҳоят фармоишгарро муътақид намудем, ки рекламаашро аз ҷумла дар ТВ ҳам ҷой диҳад,-гуфт коршинос.

Ӯ қайд намуд, ки дар Қирғизистон баъди гузариш ба пахши рақамӣ 55 канали телевизионии маҳаллӣ фаъолият мекунанд ва ҳангоми интихоби канали муносиб рекламадиҳандагон ба рейтингҳо такя мекунанд.

 Имконияҳои молиявии бозори Тоҷикистонро муҳокима намуда, бархе  аз иштирокдорон дар бораи он гуфтанд, ки сарфи назар аз мушкилот, иқтисоди кишвар рушд мекунад ва ин маънои онро дорад, ки бояд даромади ВАО ҳам биафзояд. Бархе дигар таъкид мекарданд, ки тиҷорат дар кишвар рузҳои сахтро аз сар мегузаронад ва ин ҳолат ба ВАО  таъсир мерасонад.

-Аммо ин кишвари шумост,яъне лозим меояд, ки дар шароите,ки ҳаст.дар ҳамон кор кунед, вале набояд бо он вазъ созиш кард, қоидаҳои бозиро бояд дигаргун кард,-гуфт Айдар Бекиров.Сари ин гуфта аз иштирокдорон касе баҳс накард.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар  гуфтанд,ки хароҷоти реклама дар Тоҷикистон дар чоряки аввали сол тақрибан 2,3 миллион долларо ташкил дод, ки тахминан 100 ҳазор доллар бештар аз нишондоди ҳамин вақти соли гузашта аст. Хуллас, бозори реклама ба андозаи 5%, ҳиссаи интернет-4% афзоиш ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол таназзули ҷиддии даромад аз реклама дар матбуоти чопӣ ба назар мерасад, маблағгузорӣ дар саҳифаҳои барои реклама пешниҳодшавандаи  рузномаву маҷаллаҳо то 49% кам шудааст.

Лоиҳа дар доираи барномаи минтақавии “ Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот” амалӣ мегардад, ки онро Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *