Бозори расонаҳо дар Тоҷикистон аз чи иборат аст, оё ВАО фуруши бештарро ба роҳ мондан метавонанд, рекламадиҳандагон аз исеҳсолкунандагони контент чиро интизоранд ва ҳамчунин дигар масаълаҳоро дар мизи мудаввар бахшида ба ояндаи молиявии истеҳсолкунандагони контенти ватанӣ рузи 23 август, дар Душанбе муҳокима мекунанд.
Масъалаҳои асосие, ки иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзуи “Истеҳсолкунадагони контенти ватаниро дар Тоҷикистон кадом оянда мунтазир аст” мавриди муҳокима қарор медиҳанд, бо вазъи муосири бозори расонаҳои тоҷик ва афзоиши фуруши реклама дар ВАО-и маҳаллӣ рабт дорад. Сарфи назар аз он ки ҳаҷми бозори расонаҳои Тоҷикистон дар соли 2018, тибқи маълумоти Advertising Association of Central Asia, $10 миллионро ташкил дод, танҳо қисмати ночизи он ба буҷаи нашрияҳои ватанӣ ворид мешавад. Масалан, тибқи маълумоти ҳамин созмон, 51% маблағҳои барои реклама ҷудошуда, ба буҷаи ширкатҳое ворид мешавад, ки ба хидматрасониҳои рекламаи берунӣ машғуланд.
— Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳануз ҳам ВАО-ро ба назари манбаи тиҷоратии комил намебинанд ва бисёре аз соҳибмулкон ҳам онро василаи ибрози мавқеи худ арзёбӣ мекунанд, – мегуяд Абдумалик Қодиров, директори Интернюс дар Тоҷикистон.- Ва аз ин ру, дар бораи набудани имкони пул кор кардан шикоят мекунанд, дар ҳоле ки имкони бунёди тиҷорати муваффақ, кам бошад ҳам, вале ҳаст. Ман замоне ба ин мутақоид шудам, ки дар як мулоқоти сарварони расонаҳоямон, директори ҷавонтарин миёни онҳо, директори– «Лиму Медиа» — Лайло Тағоева ягона нафаре буд, ки гуфт ки дар бозори мо даромад гирифтан мумкин аст. Барои он ки ӯ расонаашро чун тиҷорат мебинад.
Абдумалик Қодиров умед дорад, ки иштирокдороин ин чорабинӣ, бо ёрии коршиносони соҳаи реклама, метавонанд қоидаҳои наверо муҳокима намоянд, ки тибқи онҳо бозори муосири расонаҳо дар Тоҷикистон амал кунад. Дар ин чорабиниӣ ҳамчунин коршиносон аз Қирғизистон-кишваре, ки ҳаҷми бозори расонаҳояш мисли Тоҷикистон дар ҳудуди 10 милллион доллар аст, вале ВАО дар вазъияти беҳтари молиявӣ қарор доранд.
Анвар Даутов, намояндаи Sales House аз Қирғизистон дар бораи ин нақл мекунад, ки чи тавр рейтингҳо ба афзоиши фуруш дар ВАО кумак карданд ва Айдер Бекиров, президенти гуруҳи расонаҳои Европа, вобастагии бозори телевизиониро аз мавқеи муштараки каналҳои телевизионӣ, оҷонсиҳои рекламавӣ ва фурушандагони маводи расонаҳо шарҳ медиҳад.
Дар мизи мудаввар намояндагони бахшҳои тиҷорат, раҳбарони телевизионҳо, радиоҳо ва нашрияҳои чопӣ ва онлайнии давлатӣ ва мустақил, намояндагони саноати реклама ва ҳамчунин созмонҳои сарпараст, мисли USAID, ИҶК ФС, САҲА иштирок мекунанд. Internews дар Тоҷикистон ба ҳайси ташкилкунандаи ин чорабинӣ баромад мекунад.
Лоиҳа дар доираи барномаи минтақавии” Мусоидат ба дастарсӣ ба иттилоот”, ки аз ҷониби Агентии ИТМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.